ХАБАР

ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ УМУМИИ ШОНЗДАҲУМИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ УМУМИИ ШОНЗДАҲУМИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
25 июни соли 2021 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади шонздаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар он, ки дар шакли видеоконфронс ба вуқӯъ пайваст, аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорат ва идораҳо, инчунин вакилони воситаҳои ахбор ширкат намуданд.
Ҷамъомади умумиро Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева бурд.
Кори ҷамъомади умумӣ ба тариқи зинда дар веб-сайти расмии Сенати Олий Маҷлис ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва инчунин дар шабакаи телевизионии «UzReport»  пахш гардид.
Дар ҷамъомади умумии понздаҳуми Сенати Олий Маҷлис аз ҷониби сенатор Анна Добрих аз вилояти Намангон масъалаи иҷрои қарори Девони Вазирон «Дар бораи тасдиқи руйхати объектҳои мувофиқати ченак дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки мувофиқати онҳо бояд собит гардад» ба миён гузошта шуда буд, ки зимни сертификатсияи маҳсулот дар фаъолияти соҳибкорон, ки дар саноати бофандагӣ кори худро ба роҳ андохтаанд, чандин монеа ба вуҷуд овардааст.
Масъалаи мазкур аз ҷониби Кумитаи оид ба масъалаҳои буҷет ва ислоҳоти иқтисодӣ омӯхта шуда, дар бораи натиҷаи он дар ҷамъомади умумии шонздаҳум раиси кумита Э.Гадоев гузориш дод.
Дар натиҷаи омӯзиш маълум гардид, ки мушкили асосӣ зимни ба ҷумҳурӣ дохил намудани маҳсулот, ки он барои истеҳсолот (матоъ, калоба, фурнитура ва ашёи хоми дигар) ногузир ҳисобида мешавад, дар ҷараёни расмигардонии гумрук бинобар қарори Девони Вазирон аз 30 январи соли 2021 тақозо менамояд, ки аз ҷониби брокерҳои гумрук сертификати мувофиқат пешниҳод гардад.
Ғайр аз ин боз дигар мушкилоти доимӣ ифшо гаштааст, ки истеҳсолгарон ва аҳолиро дар ташвиш мегузорад.
Аз он ҷумла, сертификати мувофиқат зимни воридоти ашёи хом барои азнавкоркард аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ ва инчунин маҳсулоти мадади гуманитарӣ ва кӯмаки техникӣ бо дараҷаи пасти бехатарӣ тақозо мегардад.
Ин ҳолат ба ҷараёнҳои истеҳсолии корхонаҳо таъсири манфӣ расонда, ба харҷи маблағи иловагӣ, иҷро нагардидани саривақтии ӯҳдадорӣ дар назди харидорони хориҷӣ ва ҳамчунин норизоии соҳибкорон боис мегардад.
Зимни омӯзиши таҷрибаи марбути мамлакатҳои хориҷӣ маълум гардид, ки баҳогузории мувофиқати маҳсулоти воридгарданда барои эҳтиёҷоти истеҳсолоти хусусӣ тақозо намегардад, вай фақат ҳангоми дохил намудани маҳсулот ба муомилот дар бозори дохилӣ зарур мегардад.
Бинобар ин ва бо мақсади бартарафсозии монеаҳои бюрократӣ, ки ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ мамониат менамоянд, ба Комиссияи ҳукуматӣ оид ба масъалаҳои савдои хориҷӣ, сармоя, инкишофи саноати маҳаллӣ ва танзими техникӣ таклифҳо дар бораи истифода нанамудани дарёфти сертификати мувофиқат нисбати маҳсулоте, ки барои эҳтиёҷоти хусусии истеҳсолӣ, ки бо мақсади азнавкоркард (толлинг)  ва ҳамчунин кӯмаки гуманитарӣ ва мадади техникӣ ворид мегардад, пешниҳод гаштааст.
Раиси кумита Э.Гадоев таъкид кард, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 июни соли 2021 №ФП-6240 «Дар бораи такомули куллии идораи давлатӣ дар соҳаи танзими техникӣ» мушкилоти мазкур ҳаллу фасл мегардад, зеро ки чандин вазифа дар «Харитаи роҳ» доир ба татбиқи расмигардонии соддаи гумрукӣ зимни вориди маҳсулот ва рушди инфрасохтори миллии сифат соли 2021 муайян карда шудааст.
Сенаторон масъалаи такмили фаъолияти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар соҳаи таъмини шаффофият ва ошкороӣ дар мақомоти давлатӣ баррасӣ карданд.
Зикр гардид, ки дар Стратегияи амалиёт шаффофияти идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои муосири пешниҳоди маълумот дар бораи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳамчун самти муҳими ислоҳоти идоракунии давлатӣ муайян мекунад.
Дар муддати кӯтоҳ дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расиданд ва натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, дар доираи портали ҳукуматӣ Портали маълумоти кушодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба фаъолият оғоз намуд, ки дастрасии ройгон ва номаҳдудро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Ғайр аз ин, даҳҳо платформаҳои электронӣ, ба мисли «Андешаи ман», «Буҷаи кушод», «Хариди давлатӣ» ва «Сохтмони шаффоф» ба кор дароварда шуданд. Сомонаҳои расмии ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии тамоми сатҳҳо офарида шудаанд, ки доимо нав карда мешаванд.
Сенаторҳо зарурати ба мардум фаҳмонидани раванди тағйирот ва навсозӣ дар кишвар, моҳияти ислоҳоти васеъмиқёс, пур кардани фазои иттилоотии миллӣ бо иттилооти объективӣ ва боэътимод, инчунин сиёсати иттилоотӣ ва шаффофият, назорати мунтазам, аз ҷумла назорати парлумониро таъкид карданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаи таъсиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сиёсати иттилоотӣ ва таъмини ошкорбаёнӣ дар мақомоти давлатӣ баррасӣ шуд. Ғайр аз ин, ба вазифаҳои Кумитаи мазкур диққат дода шуд.
Кумита шаффофияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро ҳамоҳанг ва назорат мекунад.
Дар ҷаласа сенатор Фарҳод Эсанович Боқиев муовини раиси ин Кумита интихоб шуд.
Аз рӯи ин масъала қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул карда шуд.
Дар ҷаласаи умумии Сенат натиҷаҳои омӯзиши вазъи маҳаллаҳо, масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини шуғли аҳолӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид шуд, ки имрӯз усулҳои коре, ки сарвари давлат дар заминаи маҳаллаҳо ва мустақиман бо шаҳрвандон ба миён гузоштанд, самаранокии худро дар ҳалли масъалаҳои дар муроҷиати аҳолӣ гузошташуда ва бартараф намудани мушкилоти зиёде дар ҷомеа нишон медиҳанд. Бо мақсади ошкор ва бартараф кардани мушкилот дар заминаи маҳаллаҳо, алалхусус, таъмини иҷрои барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» корҳои васеъмиқёс анҷом дода мешаванд.
Ҳамин тариқ, бо мақсади ҷорӣ намудани принсипи баробарии занон ва мардон дар ҳама соҳаҳо ва сатҳи қабули қарорҳо дар кишвар, фароҳам овардани шароит барои амалисозии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои мардон ва занон, инчунин тарғиби баробарии гендерӣ дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ Стратегияи ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар Ӯзбекистон то соли 2030 қабул шудааст.
Танҳо дар соли равон 7 санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ҳифзи саломатӣ, дастгирии орзу ва ташаббуси занон, фароҳам овардани шароити муносиби кору зиндагӣ барои онҳо, васеъ намудани нақш ва иштироки онҳо дар ҳаёти оила ва ҷомеа қабул карда шуд.
Боз як хусусияти дигар. Дар давраи гузашта мақомоти меҳнат ба 308,8 ҳазор зан дар соҳаи шуғл ва меҳнат хидмат расонидаанд. Системаи татбиқи самарабахши барномаҳои таълими касбӣ ва соҳибкорӣ барои ҷавонон ва занон, инчунин ҷудо намудани қарзҳои хурд барои фаъолияти соҳибкории онҳо такмил дода шуд.
Дар ҷаласа ахбори раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳалли системавии мушкилот ва дастгирии иҷтимоии занон К.Рафиқов шунида шуд.
Зикр гардид, ки моҳҳои январ-майи соли равон ба 430 275 нафар (99,4%) заноне, ки ба «дафтари занон» дохил карда шудаанд, ёрии амалӣ расонида шуд. Аз ҷумла, ба 251 363 нафар занони бекор, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд, барои дарёфти манбаи даромади доимӣ кӯмак расонида шуд.
Малакаҳои соҳибкорӣ барои 66 660 нафар заноне, ки хоҳиши оғози соҳибкориро изҳор кардаанд, такмил дода, ба онҳо ба маблағи 830 миллиарду 37 миллион сӯм қарзҳо ҷудо карда шуданд.
4 065 нафар заноне, ки дар биноҳои ғайриистиқоматӣ зиндагӣ мекунанд ва ба номи худ ё аъзои оилаи якҷоя зиндагидошта манзил надоранд, барои иҷора ба маблағи 8 миллиарду 635 миллион сӯм ҷубронпулӣ пардохтанд, 4769 нафар занон бо манзили арзони имтиёзнок таъмин гардиданд.
Аз ҳисоби Фонди «дафтари занон», Фонди «Меҳрубонӣ ва дастгирӣ», инчунин маблағҳои ҳомигӣ ва дигар манбаъҳо ба 36 697 зани ниёзманд, ки саробони худро гум кардаанд, ба маблағи 27 миллиарду 572 миллион сӯм, 29 040 нафар занони маъюб ва шахсони ба кӯмаки дигарон эҳтиёҷманд — ба маблағи 21 миллиарду 58 миллион сӯм, 8103 зани танҳо ва фарзандони маълӯл дошта — дар ҳаҷми 6 миллиарду 959 миллион сӯм кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Бо мақсади коҳиш додани бемориҳои саратон, 300 893 занон аз папилломавируси одам эм карда шуданд. 4 миллиону 13 ҳазор нафар занони қобили таваллуд аз муоинаи амиқи тиббӣ гузаронида шуданд.
Барои заноне, ки ба «дафтари занон» шомил шудаанд, сайру гаштҳо дар саросари кишвар таҳти шиори «Кишваре, ки занонро эҳтиром мекунанд» ташкил карда шуданд.
Ба туфайли расонидани ёрии амалии мувофиқ ба заноне, ки ба «дафтари занон» дохил карда шудаанд ва ҳалли мушкилоти онҳо то имрӯз дар асоси қарорҳои иҷлосияҳои Шӯроҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳр 357 998 нафар занон аз сафи «дафтари занон» бароварда шуданд.
Дар маҷлис дар баробари корҳои анҷомдода, баъзе камбудиҳо дар соҳаи рафъи мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ аз нигоҳи танқидӣ баррасӣ шуданд.
Қайд карда шуд, ки на ҳама минтақаҳо барои масъалаҳои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ баробар масъуланд. Бепарвоӣ ва сустӣ дар истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда зоҳир мешавад. Зарурати таъмини фаъолияти самараноки системаи амудии вазорату идораҳо, тақвияти ҳамкории байни идораю ташкилотҳои масъул таъкид карда шуд.
Ғайр аз он, қайд карда шуд, ки Шӯроҳои маҳаллӣ дар кор бо «дафтари оҳанин», «дафтари ҷавонон», «дафтари занон» ба камбудиҳо роҳ доданд.
Инчунин таъкид карда шуд, ки аҳолӣ, хусусан табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳофизатнашудаи аҳолӣ, аз ҷумла занон, дар бораи имкониятҳо ва имтиёзҳои фароҳамоваранда хуб огоҳӣ надоранд, ба ин муносибат бояд ба кор дар ин самт диққати махсус дода шавад.
Сенаторҳо андешаҳои худро оид ба таҳкими минбаъдаи чораҳо оид ба баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодии занон дар ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, дастгирии соҳибкорӣ, бо кор таъмин намудан ва минбаъд такмил додани муносибатҳои оилавӣ иброз доштанд.
Аз рӯи ин масъала қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул шуд. 
Аъзои палатаи болоии парлумон масъалаи тағйир додани марзҳои ноҳияҳои Оққӯрғон, Оҳангарон, Бекобод, Бӯстонлиқ, Бӯка, Зангиато, Юқоричирчиқ, Қибрай, Паркент, Пскент, Ӯртачирчиқ, Янгийӯл ва шаҳрҳои Олмалиқ, Чирчиқ, Ангренро баррасӣ карданд.
Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо якчанд ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Тошканд, аз ҷумла шаҳрҳои Ангрен ва Бекобод, инчунин ноҳияҳои Қибрай ва Пскент қаламравҳои «анклавӣ» доранд, ки дар дигар ноҳияҳо ва шаҳрҳо ҷойгиранд.
Ин ҳолат дар ташкили самарабахши мубориза бо ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ, амалӣ гардондани таъминоти иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, инчунин назорати таҳсилоти ноболиғон ва ҷалби онҳо ба чорабиниҳои сатҳи оммавии ноҳия (шаҳр) ва дигар равандҳо мушкилот эҷод мекунад.
Танҳо як мисол. Фарзандони сокинони маҳаллаи «Истиқбол»-и ноҳияи Бекобод дар мактабе воқеъ дар маҳаллаи «Янги ҳаёт»-и шаҳри Бекобод таҳсил мекунанд, худи сокинон барои табобат ба беморхонаи марказии шаҳри Бекобод фиристода мешаванд. Тамоми хидматҳои коммуналиро ташкилотҳои шаҳрӣ мерасонанд.
Ғайр аз он, ба сокинони шаҳраки «Красногорск»-и шаҳри Ангрен хидмати коммуналӣ, аз ҷумла таъминоти қувваи барқ, оби нӯшокӣ, газ, инчунин хадамоти бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои ноҳияи Паркент пешниҳод карда мешаванд. Сокинони деҳаи «Красногорск» низ барои табобат ба беморхонаи марказии воқеъ дар ноҳияи Паркент меоянд.
Ин ҳама дар зиндагии сокинони ин минтақаҳо мушкилоти мухталиф ба вуҷуд меорад.
Вобаста ба ин, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи сохтори маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» пешниҳод карда мешавад, ки ҳудуди ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилояти Тошканди  дар боло номбаршуда тағйир дода шаванд. Масоҳати умумии заминҳои марзҳояшон тағйирёбандаи ноҳияҳо ва шаҳрҳо 17 359,1 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 10 084,8 гектараш заминҳои кишоварзӣ мебошанд.
Танзими сарҳадҳои воҳидҳои маъмурию ҳудудии вилояти Тошканд ба барҳам додани қаламравҳои анклавӣ ва минбаъд содда кардани идоракунии ҳудуд аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимият, инчунин рушди иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мусоидат мекунад.
Муайян кардани ҳудудҳои вилояти Тошканд, ки дар он ҷо бояд шаҳрҳо дар солҳои 2021-2030 инкишоф дода шаванд, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бунёди маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ба қонеъ намудани талаботи афзояндаи аҳолии шаҳрҳо мусоидат мекунанд.
Бинобар ҷамъбасти муҳокима, қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Сипас натиҷаҳои омӯзиши қарори Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Қаршӣ аз 16 апрели соли 2020 №34/06-06 «Дар бораи корҳое, ки дар ноҳия ба мақсади истифодаи самарабахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерии қитъаҳои замин, минбаъд зиёд кардани истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар кардани ҳолати молиявии фермерон бурда мешаванд» баррасӣ гардиданд.
Маълум шуд, ки мувофиқи қарори ҳокими ноҳияи Қаршӣ таҳти №Х-1749/0202 аз 13 феврали соли 2019 барои таъсис додани хоҷагии фермерӣ ба шаҳрванд Д.Элмуродов 10,1 гектар замини иҷоравӣ ба муҳлати 49 сол ҷудо карда шудааст.
Вале қарори Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Қаршӣ аз 16 апрели соли 2020 №34/06-06 бо вайрон кардани  як қатор ҳуҷҷатҳои дарамали қонунгузорӣ қабул гардид. Мувофиқи он шартномаи ғайриқонунии иҷораи замин, ки бо Дилшод  Элмуродов (хоҷагии фермерии «Боғи обод агро») ва боз 16 хоҷагии деҳқониву фермерӣ ба имзо расида буд, ғайриқонунӣ бекор карда шуд.
Ҳарчанд метавонад мувофиқи моддаи 382-юми Кодекси шаҳрвандӣ шартнома бинобар муоҳидаи ҷонибҳо дигаргун ё бекор карда шавад.
Ғайр аз ин, мувофиқи моддаи 24-уми Кодекси замин ва моддаи 13-уми Қонун «Дар бораи хоҷагии фермерӣ» пеш аз муҳлат бекор карда шудани шартномаи иҷораи қитъаҳои замин мувофиқи муоҳидаи ҷонибҳо, ҳангоми мавҷуд набудани чунин муоҳида бинобар қарори суд пеш аз муҳлат бекор карда шуданаш мумкин аст.
Баробари ин, ҳарчанд мувофиқи моддаи 9-уми Қонун «Дар бораи чорабиниҳои маъмурӣ» муқаррар шудааст, ки мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор мебошад ба шахси манфиатдор имконияти изҳор кардани фикру ақидаи худро бинобар ҳамаи ҳолатҳое, ки баҳри қабул кардани ҳуҷҷати маъмурӣ аҳамият доранд, иштироки роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ дар қабул кардани қарор таъмин нашудааст ва ба онҳо барои изҳор кардани фикру ақидаи худ бинобар санади мазкур имконият фароҳам оварда нагардидааст.
Мувофиқи моддаи 19-уми Қонуни мазкур мувофиқат накардан ба раванди чорабиниҳои маъмурӣ бекор кардан ё таҷдиди назар сохтани ҳуҷҷатҳои маъмурӣ ва амалиёти маъмурӣ тақозо мегардад.
Бо назардошти фикрҳои болоӣ қарори Сенати Олий Маҷлис дар бораи бекор кардани қарори Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Қаршӣ қабул гардид.
Сенаторон масъалаи ба Девони Вазирон фиристодани пурсиши парлумонӣ дар бораи чораҳои андешидашуда бинобар рушди соҳаи донории хун ва ҷузвҳои он баррасӣ гардид.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки аз ҷониби Кумитаи оид ба масъалаҳои илм, таълим ва нигаҳдории тандурустӣ ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи донории хун ва ҷузвҳои он дар минтақаҳо муҳокима шуд ва бо назардошти мушкилоти мавҷуда бобати ба ҳукумат пешниҳод кардани пурсиши парлумонӣ таклиф пешбарӣ гардид.
Ҳоли ҳозир хидмати хунгузаронӣ дар низоми нигаҳдории тандурустӣ аз Маркази хунгузаронии ҷумҳуриявӣ, Корхонаи илмиву истеҳсолии «Воситаҳои хун» дар шаҳри Тошканд, стансияси хунгузаронии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва 12 стансияи вилоятии хунгузаронӣ, 2 стансияи хунгузаронии тобеи ҷумҳуриявӣ ва 196 шуъбаи хунгузаронӣ (бонкҳои хун) иборат мебошад.
Маркази ҷумҳуривии хунгузаронӣ аз ҳисоби воситаҳои ғайрибуҷавӣ дар ҳаҷми 500 миллиард сӯм таҷҳизоти заруриро барои шуъбаҳо оид ба истеҳсоли воситаҳои хун харид кард ва устувор намуд.
Баробари ин аз ҷониби сенаторон махсус таъкид гардид, ки дар шароити пандемия, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст, таҷрибаи дарёфти хун ва тайёр кардани захираи хун дар мамлакат дар сатҳи зарурӣ қарор надорад.
Қайд шуд, ки дар кишвари мо Баённома бинобар рушди донории хун ва ҷузвҳои он ба мақсади тарғибу ташвиқ кардани тарзи солими ҳаёт, такмил додани сиёсати давлатӣ дар соҳаи донории хун ва ҷузвҳои он кор карда нашудаанд, кори муназзам бинобар беҳтар намудани ҳолати моддиву техникии муассисаҳои хунгузаронӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар соҳа ба роҳ монда нашудааст, ба зиёд кардани захираи хун аз ҷониби бригадаҳои фаъол дар ҳудуди ҷумҳурӣ эътибори зарурӣ дода намешавад, бобати бо хун таъмин кардани муассисаҳои хунгузаронӣ мушкилот мавҷуданд.
Баробари ин ба кори тайёр кардани мутахассисон бинобар мунтазам таҳти назорат гирифтан ва таъмир кардани таҷҳизот барои тайёр кардани ҷузвҳои хун дар марказҳои хунгузаронӣ, рушди саъйи фаъолон (волонтёрҳо) бобати тарғибу ташвиқи донории ихтиёрӣ ва беподош ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами замонавӣ ба мақсади истифодаи бехатару самарабахши донории хун ва ҷузвҳои он, ба роҳ мондани тадқиқоти усулҳои замонавӣ (аз тариқи дастгоҳҳои ПЦР)-и хуни донорӣ барои инфексияҳои гемотрансмиссии (ВИЧ, гепатитҳои В, С) эътибор дода шуд.
Бинобар натиҷаи муҳокима қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Сипас масъалаҳои ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристодани пурсиши парлумонӣ дар бораи ба муҳити атроф ва саломатии аҳолӣ таъсир гузоштани мушкилот ва норасоиҳое, ки дар канализатсияҳои иншооти тозакунӣ ба миён меоянд, баррасӣ гардид.
Қайд шуд, ки дар маҳалҳо кори иншооти софкунӣ санҷида шуданд. Ҳоли ҳозир 5,6 миллион сокинони  мамлакат (17 фоиз) бо хидматҳои тозакунии обҳои ҷорӣ таъмин шуданд, бояд 49 (84 фоиз)-и 58 иншооти бузурги софкунӣ дар минтақаҳо, 1,9 ҳазор километр (22 фоиз) аз 8,6 ҳазор километр шабакаҳои оби тоза таъмин карда шаванд.
Ин иншоот ба иҷрои вазифаҳои дар се давраи софкунӣ — софкунии механикӣ, биологӣ ва кимёӣ тахассус доранд, ҳол он ки аксар иншоот танҳо корро бинобар софкунии механикӣ иҷро мекунанд.
Ғайр аз ин муқаррар карда шуд, ки ҳоли ҳозир иншооти софкунии шаҳри Тошканд «Салар», «Бӯзсув», «Бектемир» ва шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё ба таъмир эҳтиёҷ доранд.
Баробари ин маълум гардид, ки иншооти софкунии маҳаллӣ ба шабакаҳои канализатсионии обҳои тоза обҳоро бидуни тозакунии дахлдор мепартоянд. 
Бинобар он ки иншооти софкунӣ дар  тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ ба таъмир эҳтиёҷ доранд, кадрҳои соҳибихтисос намерасанд ва таҷҳизот куҳна шудаанд, обҳои равон бидуни бехатаркунӣ ба дарё ва рӯдҳои наздики иншоот партофта мешаванд.
Бинобар натиҷаи муҳокимаи масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Пас аз он натиҷаҳои дархости парлумонӣ, ки ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи корҳо дар бобати дарёфти мақсадҳои ба вуҷуд овардани инфрасохтор, ҳамдастӣ ба индустриализатсия ва инноватсия, ки дар Мақсадҳои миллӣ ва вазифаҳо дар соҳаи рушди устувор барои то давраи соли 2030 пешбинӣ гаштааст, муҳокима гардиданд.
Таъкид шуд, ки кори муайян дар ин  самт анҷом дода шудааст.
Аз ҷумла, бо мақсади минбаъд тезондани идораи фаъолияти корхонаҳо бо иштироки давлат дар асоси механизмҳои бозор Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 октябри соли 2020 №6096 қабул гаштааст. То ҳол аз 541 корхона бо ҳиссаи давлатӣ 247-тоаш ба фурӯш ба қимати 2,3 триллион сӯм гузошта шуда, 96-тоаш ба миқдори 411,6 миллиард сӯм фурӯхта шудааст.
6 корхонаи бузурги давлатӣ, ки дар ихтиёри Кумитаи давлатии геология буд, ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ табдил дода, ба таркиби шӯрои нозирони онҳо ба сифати аъзои мустақил 6 нафар эксперти баландмалакаи хориҷӣ ҷалб гаштаанд.
Ба миқдори 400 миллион доллари ИМА дар бобати корҳои иктишофии геологӣ шартномаҳои кредит имзо гардида, инчунин бо бонкҳои байналхалқӣ дар бораи ҷудо намудани кредити синдисированӣ ба миқдори 900 миллион доллари ИМА ба имзо расидааст.
Дар натиҷаи ба амал овардани инвентаризатсия дар робита бо ҷалб намудани иқтидорҳо (объектҳо)-и холӣ ва ғайриистифодаи истеҳсолӣ, ки ба истеҳсолот ҷалб гаштаанд, 27675 объект муайян карда шудааст, аз тоифаи объектҳои холӣ 1215-тоаш хориҷ карда шуда, чораҳо дар бобати истифодаи минбаъдаи босамари 1146 объект дар оянда муайян карда шуда ва инчунин чораҳо дар бобати истифодаи босамари 744 объекти нав андешида шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи татбиқи технологияи сарфакунандаи захира ва энергия дар корхонаҳои саноатии гармиву энергетикӣ ва кӯҳу металлургия, коҳиши сарбории технологӣ бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10 июли соли 2020 №ҚП-4779 «Харитаи роҳ» тасдиқ карда шуда, чораҳо доир ба сарфаи захираҳои гармиву энергетикӣ андешида шудаанд.
Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 22 декабри соли 2016 №ҚП-2692 андозаҳои мақсадноки коҳиши харҷҳои истеҳсолӣ дар қисмати корхонаҳои соҳаҳои саноатӣ барои солҳои 2017-2021 тасдиқ гаштаанд.
Бо мақсади таъмини бетаваққуфи энергетикии истеъмолгарон кори низомнок анҷом дода шуда, дар давраи гузашта дар ҳудуди ҷумҳурӣ 25 ҳазор километр хати нақли электр нав карда, дубора таъмир гаштаанд ва беш аз 8 ҳазор маҳалли трансформатор низ ба чунин ҳолат оварда шуда, ба туфайли он таъмини электрикии хонаҳои беш аз 1,7 миллион аҳолӣ беҳтар гардонда шуд.
Бо мақсади афзоиши теъдоди тадқиқотҳои илмие, ки ба баланд бардоштани потенсиали технологии соҳаҳои иқтисодиёт, ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои фаъолияти инноватсионӣ «Харитаи роҳ» доир ба коммерсализатсияи коркардҳои илмии ташкилотҳои илмии Академияи улум дар самтҳои мазкур нигаронда шудааст.
Ба туфайли чораҳои андешидашуда доир ба диверсификатсияи истеҳсоли саноатӣ ва афзоиши азнавкоркард дар соҳаҳои ашёи хом, дастгирии ҷалби инноватсия ва коркарди суръати миёнаи солонаи афзоиши арзиши маҷмӯи илова дар саноат солҳои 2010-2020 105,5  фоиз, аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёт бошад, 106,3 фоизро ташкил намуд.
Бо мақсади тезондани рақамисозӣ, такомул ва диверсификатсияи саноат, ба вуҷуд овардани шароит барои рушди сектори хусусӣ, татбиқи васеъ дар соҳаҳои механизмҳои бозорӣ, истифодаи босамари дастовардҳои илмӣ Стратегияи тараққиёти саноатӣ то соли 2030 таҳия гаштааст.
Татбиқи лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ дар соҳа барои инкишофи инфрасохтори телекоммуникатсионӣ, ки ба рушди технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва васеъ гардондани миқёси рақамисозии иқтисодиёт мусоидат менамоянд, таъмин гаштааст.
Тӯли хати оптикиву нахи алоқа 81 ҳазор километрро ташкил менамояд ва то охири соли ҷорӣ то ба 118,6 ҳазор километр расондани он ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз 1,7 миллион порт барои васл намудан ба интернети васеътасма насб гардонда шуда, то охири соли 2021 теъдоди умумии онҳоро то ба 3,9 миллион расондан ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи таъмини объектҳои соҳаи иҷтимоӣ бо интернети баландсуръат имконоти васл намудани 9347 ташкилоти маорифи халқ, 5625 ташкилоти таълимии томактабӣ ва 3401 объекти тандурустӣ ба шабакаи баландсуръати интернет ба вуҷуд оварда шудааст.
Ғайр аз ин аз ҳисоби якбора афзудани иқтидорҳои техникии операторҳо ва провайдерҳо барои хидматрасонии интернет тарифҳо барои иҷораи шабакаҳои алоқа дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ду баробар арзон гардида, тарифҳои хидматрасонии интернетӣ дар соли 2020 29 фоиз арзон гаштааст.
Аз рӯи масъалаи мазкур қарори марбути Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Дар ҷамъомади умумӣ аз ҷониби сенаторон қарор дар бораи собит намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 июни соли 2021 №ФП-6240 «Дар бораи такомули куллии идораи давлатӣ дар соҳаи танзими техникӣ» қабул гардид.
Ғайр аз ин қарорҳо дар бораи дохил намудани тағйирот ба таркиби Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар бораи дохил намудани тағйирот ба таркиби Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардиданд.
Бо ҳамин рӯзи аввали кори ҷамъомади умумии шонздаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро анҷом дод.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: