ХАБАРИ БОНКИ МАРКАЗИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

дар бораи ба муомила гузоштани нишонҳои пулии қиматашон 100000 сӯмина

Бонки марказӣ аз 25 феврали соли 2019 дар бораи ба муомила баровардани нишони нави пулӣ дар намуди банкнот (пули коғазӣ)-и қиматаш 100000 сӯм хабар медиҳад.
Банкноти қиматаш 100000 сӯмина ба фаъолияти олими бузурги ӯзбек Мирзо Улуғбек ва комёбиҳои ӯ дар соҳаи нуҷумшиносӣ бахшида шудааст.
Банкноти ҳаҷмаш 144х78 миллиметр аз коғази махсуси ҳифзшуда тайёр гардидааст.
Аз канори рости банкнот дар минтақаи масоҳати сафеди гирдогирд нишони маҳдудаи обӣ бо симои Мирзо Улуғбек ва нишони муҳробӣ дар намуди рақами 100000 ҷойгир мебошад.
Дар қисми рости банкнот дар ғафсии коғаз нишони мустаҳкам ҳифзшудаи риштагини бараш 5 миллиметр бо эффекти 3D ҷойгир шудааст, ки ба сатҳи банкнот мебарояд.
Ҳангоми дар зери шуо дидани он риштаи ҳифзшуда яклухт ба назар мерасад. Дар ҳама гуна ҳолати банкнот тасвир дар ришта дорои эффекти ҳаракат аст.
Ранги асосии соҳати рӯй ва пушти он маллаи баланд ва нилгун мебошад.
Дар қисми чапи рӯйи банкнот ҳайкали Мирзо Улуғбек тасвир шудааст.
Дар гӯшаи чапи болоии банкнот рақами рангаи 100000 ҷойгир буда, вобаста аз ҷониби биниш ранги рақамҳо аз сурхӣ ба малла тағйир меёбанд.
Дар қисми поёнии ҷониби чапи  банкнот дар партави расми орнаменталӣ тасвири пӯшида дар шакли «UZB» ҷойгир шудааст, ки таҳти тарафи муайяни нигоҳ доштани банкнот ба манбаи рӯшанӣ намудор мегардад.
Ҷузъи махсуси шуои сабз, ки дар канораи чапи банкнот ҷойгир шудааст, ба нобиноён тааллуқ дорад ва имкон медиҳад номгӯйи банкнот аз ҳисоби соҳати ҳисшаванда муайян карда шавад.
Дар қисми болоии банкнот аз ҷониби рости ҳайкал тасвири асбоби бисёрсоҳавии илми нуҷум – устурлоб ҷойгир шудааст, ки ба сифати регистри омехтаи «рӯй» бо «пушт» хидмат мекунад ва ҳангоми дар рӯшанӣ дидан бо манзари рангини ҷониби пушти банкнот пурра мегардад.
Дар қисми болоии банкнот аз ҷониби рост матни «O’ZBEKISTON RESPUBLIKASI MARKAZIY BANKI» дарҷ гардидааст.
Дар гӯшаи рости болоии банкнот Герби Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ранги малла ҷойгузин шудааст.
Дар қисми мобайнии банкнот тасвири низоми офтоб ҷойгир мебошад. Вобаста ба ҷониби мушоҳида ранги тасвир аз ранги тиллоӣ ба сабз тағйир меёбад.
Дар гирдогирд тасвири сайёраи низоми офтоб ва шаш сайёраи хурд дар намуди ситорачаҳои ҳаштгӯшаи гуногунҳаҷм тасвир ёфтаанд, ки ҳангоми аз ҷониби муайяне чашм дӯхтан хусусияти  рангтағйиркунӣ доранд.
Мувофиқи давродаври тасвир матни кӯчак дар шакли такрор кардани ҷумлаи «O’ZBEKISTON RESPUB-LIKASI» дарҷ шудааст.
Дар маркази қисми поёнии банкнот матни «BIR YUZ MING SO’M» дарҷ ва дар зери он матни «O’ZBE-KISTON SO’MI RESPUBLIKA HUDUDIDA HAMMA TO’LOV-LAR UCHUN O’Z QIYMATI BO’YICHA QABUL QILINISHI SHART» ҷойгир шудааст.
Рақами 100000, ки дар гӯшаи рости банкнот ҷойгир мебошад, бо ҳудудҳои дақиқи ду ранг – малла ва сабз дарҷ гардидааст.
Номери банкнот, ки аз силсилаи дуҳарфаи алифбои лотинӣ ва рақами ҳафтадада иборат мебошад, дар ду ҷо дарҷ шуда, дар қисми рости поёнӣ ранги ферромагнитӣ, дар қисми чап бино бар масоҳати ранг бошад, хосияти люминесансӣ дорад.
Дар қисми чапи тарафи пушти банкнот дар соҳати гирдогирд низ нишонҳои маҳдудаи обӣ мушоҳида мешаванд.
Дар гӯшаи чапи болоӣ дар маркази доираи гилошированӣ соли ба муомила баровардани банкнот сабт шудааст.
Дар маркази банкнот тасвири расадхонаи Мирзо Улуғбек бо ранги малла тасвир ёфта, дар зери он матни «O’ZBEKISTON RESPUBLIKASI MARKAZIY BANKI» дарҷ гардидааст.
Дар қисми поёнии банкнот бо ранги нилӣ рақами «100000», матни «BIR YUZ MING SO’M» дарҷ гардида, дар зери онҳо матни «O’ZBEKISTON SO’MINI QALBAKILASHTIRISH QONUNGA MUVOFIQ TA’QIB QILINADI» сабт шудааст.
Тамоми ин тасвирҳо ва рақами 100000, ки дар гӯшаи тарафи рости болоӣ дарҷ гардидаанд, бо истифода аз муҳри металлографӣ (сатҳи ҳисшаванда) иҷро шудаанд.
Аз ҷониби рости банкнот тасвири асбоби нуҷумшиносии камоншакл ҷойгир гардидааст.
Дар маркази банкнот тасвири харитаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дар он нишон додани маҳалли ҷойи шаҳри Самарқанд, ки олими бузург Мирзо Улуғбек дар он ҷо фаъолияти илмӣ дошт, ҷойгузин шудааст. Манзари умумии харитаи Ӯзбекистон бо матни кӯчак дар намуди ибораи «O’ZBEKISTON RESPUBLIKASI» иҷро гардидааст.
Баробари нишонҳои пулӣ ва тангаҳое, ки дар муомила мебошанд, нишонҳои пулии қиматашон 100000 сӯмина бино бар арзиши худ дар ҳама гуна хелҳои пардохти тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолӣ бидуни ҳама гуна маҳдудиятҳо ҳатмӣ ба шумор меравад.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: