дар бораи ҷамъомади умумии чилу панҷуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон
29 сентябри соли 2023 дар Тошканд ҷамъомади умумии чилу панҷуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кор шурӯъ намуд.
Дар он аъзои Сенат, ҳукумат, намояндагони вазорату идораҳо, узви Парлумони ҷавонони назди Сенат ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Ба кори ҷамъомади умумӣ, ки дар формати алоқаи видеоконфронс баргузор гардид, Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева роҳбарӣ кард.
Ҷамъомади умумӣ дар тартиби онлайн ба воситаи канали Сенат дар YouTube намоиш дода шуд.
Аввало сенаторон Қонун «Дар бораи мақоми педагог»-ро, ки он ба рӯзномаи ҷамъомади умумии чилу панҷуми Сенат дохил шуда буд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар асоси Қонуни мазкур мақоми педагог дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути фароҳам овардани шароити ташкилию ҳуқуқӣ барои амалӣ намудани фаъолияти касбии омӯзгорон, таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо ва пешниҳоди кафолатҳои амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо эътироф карда мешавад.
Дар қонун ҳуқуқҳои педагогҳр барои ба амал баровардани фаъолияти касбиашон равшан муқаррар карда шудаанд. Мутобиқи он муқаррар шудааст, ки омӯзгор ҳангоми иҷрои фаъолияти касбии худ метавонад фароҳам овардани шароити заруриро талаб намояд, тибқи санадҳои қонунгузорӣ рухсатии истироҳатӣ гирад, дар идоракунии ташкилоти таълимӣ иштирок намояд, инчунин масъалаҳоеро, ки ба фаъолияти худ дахл доранд, муҳокима намуда, ҳифз аз дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти касбии онҳо ва муносибати эҳтиромонаи хонандагон ва падару модарони онҳоро (намояндагони қонунӣ) талаб намояд.
Ҳамзамон, қонун дахолат ба фаъолияти касбии омӯзгорро бо роҳи ҷалб намудан ба корҳои ба онҳо алоқаманд набуда, навбатдорӣ дар муассисаи таълимӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ва рӯзҳои идҳои ғайрикорӣ, вазифадор кардани омӯзгор ба хариди молу хизматрасонӣ, аз ҷумла нигоҳ доштани музди меҳнати омӯзгор барои мол ва хидматҳо бидуни розигии ӯ манъ мекунад.
Илова бар ин, қонун қоидаҳои одоби педагогӣ, тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон, аттестатсия ва категорияҳои тахассусии онҳоро муқаррар мекунад. Қоидаҳои одоби педагогӣ барои ташкилотҳои таълимӣ аз ҷониби Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия таҳия карда мешаванд.
Дигар ҷиҳати муҳим муқаррар намудани қоидаҳои додани музди меҳнати муаллимон мебошад. Аз ҷумла, барои муаллимоне, ки дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии махсуси барои бачагони ба таълими махсус эҳтиёҷманд кор мекунанд, муқаррар намудани иловапулиҳо пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи санадҳои қонунгузорӣ муайян карда мешавад. Дар қонун ба шахсоне, ки дараҷаи илмии номзади илм ё доктори илмҳои фалсафа (PhD) доранд, ба андозаи то 30 фоизи музди меҳнати асосӣ ва ба шахсоне, ки дараҷаи илмии доктори илм (DSc) доранд, ба андозаи то 60 фоизи музди кории асосӣ додани иловапулии ҳармоҳа алоҳида нишон дода шудааст.
Инчунин кафолатҳои ҳифзи иҷтимоии муаллимон пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои омӯзгорон вақти кӯтоҳи корӣ, рухсатии асосии дарозмуҳлати ҳарсолаи пардохтшаванда бо давомнокии ҳадди аксар то панҷоҳу шаш рӯзи тақвимӣ муқаррар карда шуда, пардохти ҷуброни ҳармоҳа барои иҷораи манзил дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ таъин гардида, муқаррар карда мешавад, ки фарзандони омӯзгорон ба муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ дар асоси рӯйхати имтиёзнок қабул карда мешаванд, инчунин муаллимони муассисаҳои таълимии давлатӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ аз муоинаи ройгон гузаронда мешаванд.
Баъди муҳокима қонун аз ҷониби сенаторҳо маъқул дониста шуд.
Пас аз ин дар ҷамъомади умумии Сенат Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмил додани фаъолияти дорусозӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Имрӯзҳо дар кишвар баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, самаранок ва бехатари дорусозӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илму техника ва навовариҳо дар соҳаи фармасевтӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсол пайваста кор бурда мешавад.
Дар баробари ин, зарурати боз ҳам баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории соҳа, бекор кардани баъзе маҳдудиятҳо бо мақсади роҳандозии истеҳсоли доруҳо аз хуни донорҳо, такмил додани тартиби гузаронидани озмоишҳои клиникии маҳсулоти фармакологӣ ва доруворӣ, инчунин аз нав дида баромадани шартҳои бақайдгирии дору ва маҳсулоти дорусозӣ ба миён меояд.
Бо қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи воситаҳои доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад, ки имконияти иштироки ихтиёрӣ дар озмоишҳои клиникии маҳсулоти фармакологӣ ё дорувории шахсони солим, тағйир додани муҳлати амали шаҳодатномаи бақайдгирии доруворӣ, асбобу анҷоми таъиноти тиббӣ ва таҷҳизоти тиббӣ барои истеҳсолкунандагони ватаниро пешбинӣ менамояд, инчунин барои бақайдгирии дорувории як истеҳсолкунанда, ки таркиби якхелаи моддаҳои доруворӣ таҳти номҳои гуногуни тиҷоратӣ доранд, шароит фароҳам меорад.
Ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он» ҳамчунин тағйироте ворид карда мешавад, ки ба ташкилотҳои фармасевтӣ, ки ба истеҳсоли маҳсулоти дорусозӣ аз хуни донорӣ ва ҷузъҳои он тахассус доранд, имкон медиҳад, ки хуни донорӣ ва ҷузъҳои онро ба таври хусусӣ ҷамъоварӣ, омода, коркард ва нигоҳдорӣ кунанд.
Сенаторҳо қайд карданд, ки қонун эҳтиёҷоти маҳсулоти хунро аз ҳисоби истеҳсоли маҳаллӣ қонеъ карда, истеҳсоли навъҳои нави доруҳоро таъмин мекунад.
Қонун аз ҷониби сенаторҳо тасдиқ карда шуд.
Инчунин дар рӯзи якуми ҷамъомади навбатии умумӣ сенаторон Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмил додани қонунгузории замин»-ро баррасӣ карданд.
Қонуни баррасишуда як қатор меъёрҳоро дар бар мегирад, ки ба такмили тартиби татбиқи ҳуқуқи истифодаи маҳдуди қитъаи замини бегона (сервитут), муносибатҳои вобаста ба иҷораи замин ва қоидаҳои марбут ба қитъаҳои замини хусусигардонидашуда нигаронида шудаанд.
Ҳуҷҷат муқаррар кардааст, ки қитъаҳои замини ба иҷора гирифташудаи таъиноти ғайрикишоварзӣ дар баробари ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо метавонанд бо розигии иҷорадеҳ ба шахси дигар (дубора) дода шаванд.
Ҳамчунин пешбинӣ мешавад, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қитъаи замини таъиноти ғайрикишоварзиро ба тартиби дар қонун муқаррашуда ба воситаи ауксиони онлайни электронӣ гирифтаанд, метавонанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳоро нисбат ба қитъаҳои замини иҷора ба шахси дигар (аз нав иҷора), вале на бештар аз муҳлати иҷора диҳад.
Ба ғайр аз ин, қонун муқаррар кардааст, ки сервитут дар ҳолате низ нигоҳ дошта мешавад, ки ҳуқуқ ба қитъаи замине, ки дар он сервитут муқаррар шудааст, ба шахси дигар мегузарад.
Сервитут заминдор, заминистифодабаранда, иҷорагир ва соҳиби қитъаи заминро аз ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории ин қитъаи замин маҳрум намекунад.
Сенаторон таъкид намуданд, ки қабули қонун ба боз ҳам вусъат додани муносибатҳои иҷоравӣ, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба муқаррар намудани сервитут, ҳифзи боэътимоди ҳуқуқҳои заминдорон, заминистифодабарандагон, иҷоракорон ва соҳибони қитъаҳои замин хизмат мекунад.
Бо назардошти рӯзмаррагӣ ва зарурати қонуни мазкур, сенаторон онро маъқул донистанд.
Бо ҳамин рӯзи якуми ҷамъомади умумии чилу панҷуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба анҷом расид.
Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.