ХАБАРИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ КЕНГАШИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

13 марти соли 2020 ҷамъомади Кенгаши Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

13 марти соли 2020 ҷамъомади Кенгаши Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.
Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева ҷамъомади Кенгашро кушода, ба масъалаҳои тақвияти иштироки аъ-зои палатаи болоӣ дар ислоҳоти васеъмиқёси дар кишвар татбиқшаванда ва истифодаи самараноки ваколатҳояшон сухан гуфт.
Дар маҷлис масъалаи баланд бардоштани самаранокии татбиқи панҷ ташаббуси муҳими аз ҷониби Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба миён гузошташуда  баррасӣ гардид.
Зикр гардид, ки дар ин самт дар кишвар барои васеъ кардани ҷаҳонбинии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маънавӣ ва тарбияи эстетикии онҳо, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи ҷавонон дар бораи технологияҳои муосири иттилоотӣ, таъмини шуғли занон, рушди соҳибкории оилавӣ корҳои васеъмиқёс татбиқ карда мешаванд.
Аммо, бо сабаби вуҷуд надоштани системаи ягонаи ҳамоҳангсозии ин фаъолият, меъёрҳои арзёбии натиҷаҳои бадастомада, инчунин назорати самаранок  такмили кор дар ин самт заруранд. Дар ин асос, Сенати Олий Маҷлис вазифаҳои ҳамоҳангсозӣ ва ташкили муттасили корро, ки дар мамлакат оид ба татбиқи панҷ ташаббуси муҳим, ташкили мониторинги доимӣ дар ин самт анҷом дода мешаванд, муайян намуд.
Бо ин мақсад, инчунин дар заминаи ҳадафҳо ва вазифаҳои Барномаи амали Сенат Консепсия дар бораи баланд бардоштани самаранокии татбиқи панҷ ташаббуси муҳим ва Барномаи тадбирҳои амалӣ оид ба иҷрои вазифаҳои дар он пешбинишуда дар соли 2020 таҳия шудааст.
Барои таъмини иҷрои вазифаҳои дар Консепсия пешбинишуда як қатор вазорату идораҳо масъул муайян шуданд. Дар байни онҳо гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба ҳар як самти панҷ ташаббус ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷониби Вазорати оид ба дастгирии маҳалла ва оила якҷоя бо Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар муддати ду моҳ ташаккул додани рӯихати ҷавонони номуташаккил аз лиҳози минтақаҳо ва пойгоҳи маълумотҳои дахлдор, ки ба вазоратҳо ва идораҳои масъул тақдим мегардад, пешбинӣ шудааст. Ба ӯҳдаи ҳамаи кумитаҳои Сенати Олий Маҷлис вазифаҳои назорат якҷоя бо шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ аз рӯи иҷрои вазифаҳои муайянгардида ва ҳамчунин омӯзиши танқидии кор дар самти мазкур, дар ҳолати ногузир кӯмакрасонии амалӣ  гузошта шуд. Ғайр аз ин ногузирии роҳандозии таҷрибаи шунидани ҳисоботи вазорат ва идораҳои дахлдор дар ҷамъомадҳои умумии Сенати Олий Маҷлис таъкид гардид.
Инчунин зимни ҷамъомад ҷамъбасти омӯзиши кор оид ба инкишофи иҷтимоиву иқтисодии вилояти Самарқанд баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки бо пешниҳоди Комиссияи Сенати Олий Маҷлис доир ба ҳамдастӣ ба фаъолсозии фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимият дар маҳалҳо дар ҷамъомади умумии навбатии Сенати Олий Маҷлис шунидани ҳисоботи ҳокими вилояти Самарқанд дар бораи кор оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Самарқанд, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи масъалаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ 2-7 марти соли ҷорӣ кор доир ба инкишофи иҷтимоиву иқтисодии вилояти Самарқанд омӯхта шудааст. Омӯзиши натиҷаи онро Комиссияи Сенат оид ба ҳамдастӣ ва фаъолсозии фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимият дар Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Самарқанд ва андешидани чорабиниҳо доир ба бартарафсозии масъалаҳои ифшогардида ва таҳияи «харитаҳои роҳ»-и дахлдор пешбинӣ гаштааст. Дар ҷамъомади умумии Сенат муҳокимаи масъалаҳое, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Самарқанд мутааллиқанд ва ҳалли онҳо дар дараҷаи ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст, бо иштироки роҳбарони вазорат ва идораҳои дахлдор ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тариқ дар фаъолияти Сенат таҷрибаи нав ба амал татбиқ мегардад.
Дар ҷараёни ҷамъомади Шӯрои Сенат инчунин масъалаи ҳолати кор, ки доир ба беҳсозии шароити ҳаёти муҳтоҷон ба ҳимояи иҷтимоии занон ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда дар самти мазкур ба амал меояд, баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки беҳсозии шароити ҳаёти оила дар минтақаҳо, хусусан занон, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, баланд бардоштани фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии онҳо, ҳалли мушкилоти мавҷуда, дастгирии ташкили иҷрои вазифаҳое, ки ба пурзӯрсозии ҳамкории ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ нигаронида шудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.М.Мирзиёев  онҳоро ба сифати вазифаҳои муҳим дар назди аъзои палатаи болоӣ гузоштааст.
Бо мақсади беҳсозии шароити ҳаёти занони эҳтиёҷманд дар ҳимояи иҷтимоӣ ва мушкилоти мавҷуда Сенати Олий Маҷлис якҷоя бо Федератсияи иттифоқи касабаи Ӯзбекистон бо иштироки ҳокимиятҳои вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах, Самарқанд, Навоӣ, Қашқадарё, Бухоро ва Хоразм аз лиҳози ҳар як ноҳия (шаҳр) «харитаҳои роҳ»-и дақиқро доир ба беҳсозии ҳаёти занон, ки дар ҳолати мураккаби иҷтимоӣ қарор доранд, таҳия ва тасдиқ намуд.
Дар ҷамъомад ногузирии чорабиниҳо доир ба оммависозии «Таҷрибаи Сирдарё» доир ба омӯзиш ва ҳалли мушкилоти занон дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Сурхондарё, Тошканд, Фарғона ва шаҳри Тошканд зикр гардид. Ғайр аз ин ногузирии ҷорӣ намудани назорати парлумонӣ ва депутатӣ дар ин самт таъкид гардид.
Дар ҷараёни ҷамъомад доир ба ин масъала дигар чорабиниҳои муҳим низ муайян гардиданд.
Дар ҷамъомади Шӯрои Сенат инчунин масъалаҳое баррасӣ гардиданд, ки бо таъин намудани сафирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар баъзе давлатҳо алоқаманданд.
Аз рӯи тамоми масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Хидмати матбуоти 
Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: