ХАБАРИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ УМУМИИ БИСТУСЕЮМИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

11 октябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади умумии бистусеюми Сенати Олий Маҷлис ба кор шурӯъ кард.

Дар кори ҷамъомад аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони воситаҳои ахбори оммавии ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карданд.
Ба ҷамъомад Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева роҳбарӣ кард.
Сенаторон корро аз муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» оғоз намуданд. Дар Қонун талабот барои дастрасӣ ба фаъолияти бонк, назорати дохилӣ ва низоми идоракунии таваккалҳои бонк, аз он ҷумла, зарурати мавҷуд будани услубҳо оид ба идораи таваккалҳо муқаррар шудааст. Аз ҷумла, миқдори камтарини сармояи оинномавии бонкҳо 100 миллиард сӯмро ташкил медиҳад.
Мувофиқи Қонун тартиби додани рухсатномаи пешакӣ барои ташкил кардани бонк, қайди давлатии бонкҳо ва додани рухсатнома барои фаъолияти бонкҳо, аз ҷониби сармоягузорон харид намудани саҳмияи бонкҳо бидуни розигии Бонки марказӣ такмил дода мешавад. Инчунин амалиётҳои байнибонкӣ, муносибатҳои байни бонкҳо ва мизоҷони онҳо, ставкаҳои фоизӣ оид ба вомҳо, депозитҳо, инчунин таъмин кардани бозгардонии вомҳо ба танзим оварда мешавад. Муайян мегардад, ки ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии истеъмолгарони хидматҳои бонкӣ аз ҷониби муассисаҳои молиявӣ ба воситаи расондани хидматҳои дахлдор, додани маълумот, баррасии муроҷиат ва назорати аз ҷониби бонкҳо риоя гардидан ба қоидаҳои зиддимонополӣ амалӣ гардонда мешавад.
Бо Қонун инчунин механизми назорати пруденсиалӣ ҷорӣ карда мешавад, ки меъёрҳои дахлдор, нақшаи барқарор намудани вазъияти молиявии бонкҳо, танзими харидуфурӯш бо шахсони алоқаманд, таъин намудани идоракунандаи муваққатӣ барои қабул намудани чораҳои муассир нисбати бонкҳо, зоҳир намудани таваккалҳои бонкӣ дар давраҳои пеш аз ба вуҷуд омадани онҳо ва таъмин кардани устувории фаъолияти бонкиро фаро мегирад.
Меъёрҳо дар бораи ҳисоб, ҳисобот ва тафтиши аудиторӣ дар бонкҳо ҷорӣ карда мешаванд, ки пеш бурдани ҳисоби муҳосибӣ, ҳисобдории муассисаҳои молиявӣ, нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо бинобар амалиёти бонкҳо, тафтиши аудитории бонкҳо ва талабот ба ташкилоти дахлдор, ки тафтишоти аудиториро амалӣ менамояд, фаро мегиранд.
Аъзои парлумон таъкид намуданд, ки қабули Қонун ба татбиқи чорабиниҳо оид ба таъмин кардани устувории бонкҳо ва рақобати самарабахши байни онҳо бо назардошти ҳуқуқ ва манфиатҳои амонатгузорон ва истеъмолгарони дигари хидматҳои бонкӣ мусоидат менамояд. Қонунро сенаторон маъқул донистанд.
Сипас аъзои Сенат Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баррасӣ намуданд. Дар Қонун мақоми ҳуқуқӣ, мақсадҳои асосии фаъолият, вазифа ва ваколатҳои Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамкории он бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигар мустаҳкам шудааст. Муассисаи асосии молиявии мамлакат ба Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тобеъ буда, он ҳисоботи солонаи Бонки марказиро якҷоя бо хулосаи ташкилоти аудиторӣ баррасӣ менамояд.
Мувофиқи Қонун муайян карда мешавад, ки Бонки марказӣ бо шуғл варзидан ба расондани ёрии молиявӣ ба шахси сеюм, ба ғайр аз истиснои ташкилоти тасарруфи худ, амалӣ гардондани фаъолияти тиҷоратӣ, додани кафолат оид ба ӯҳдадориҳои шахси сеюм, аз он ҷумла, ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, иштирок намудан дар сармояҳои бонкҳо ва бунёдҳои оинномавии шахсони дигари юридикӣ, ба ғайр аз иштирок дар сармояҳои биржаҳои асъор, инчунин созмонҳои тобеи он, ки фаъолияти Бонки марказиро таъмин мекунанд, ҳуқуқ надорад.
Сенаторон таъкид намуданд, ки қабули Қонун татбиқи муносибату тамоюлҳои навро ҳангоми ташаккул додан ва амалӣ гардондани сиёсати пулу вом ва дастгирии суръатҳои устувори рушди низоми бонк, гузарондани назорати самарабахши фаъолияти томи устувори низоми бонкӣ ва фаъолияти Бонки марказӣ таъмин менамояд. Қонунро сенаторон маъқул донистанд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи танзими асъор»-ро муҳокима намуданд. Ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ ба танзим овардани муносибатҳо дар соҳаи гузарондани амалиёти асъорӣ нигаронда шудааст. Ягонагии низоми танзими асъор ва назорати асъор, афзалияти чорабиниҳои иқтисодӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур, роҳ надодан ба дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ба амалиётҳои дахлдори резидентҳо ва ғайрирезидентҳо тамоюлҳои асосии танзими асъор ба ҳисоб мераванд. Мувофиқи қонун мақомоти танзими давлатии асъор – Бонки марказӣ муайян шудааст.
Аъзои парлумон таъкид намуданд, ки қабули Қонун ба татбиқи пурраи ҳуқуқи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо оид ба озодона кор бурдани воситаҳои худии асъор ҳангоми амалӣ гардондани амалиёти дахлдор, муайян намудани тамоми ҷанбаҳои гузарондани амалиёти асъорӣ, ки дар амалиёт вомехӯранд, инчунин офаридани пойгоҳи қонунгузорӣ, ки имкони танзими  амалиёти ба ҳаракати сармоя алоқамандро фароҳам меорад, бо назардошти манфиатҳои иқтисодии мамлакат мусоидат менамояд. Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи пардохтҳо ва низоми пардохт» ин боз як масъалаи рӯзнома мебошад, ки мавриди муҳокимаи сенаторон қарор гирифт.
Соҳаи истифодаи қонун  нисбати муносибатҳое, ки ҳангоми амалӣ гардондани пардохтҳо ва расондани хидмати дахлдор байни шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ ба миён меоянд ва онҳо расондадиҳанда ва истифодабарандагони хидмати пардохтӣ ба ҳисоб мераванд, татбиқ мегардад. Амали Қонуни мазкур ба амалиёт бо крипто-активҳо татбиқ намегардад.
Ба ғайр аз ин таъмин кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии  таҳвилкунандагон ва истифодабарандагони хидматҳои пардохтӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди низоми хидмати пардохтӣ, баланд бардоштани сифати онҳо, инчунин дастгирии рушди низоми ҳисобу китоби ғайринақдӣ самти асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пардохтҳо ва низоми пардохтӣ ба ҳисоб меравад.
Ба Қонун мафҳумҳои асосӣ ворид карда шуда, ба низоми пардохт ва иштирокдорони он, операторон таъриф дода шуда, вазифаҳои онҳо инчунин намудҳои низоми пардохтҳо ва маҳаки муайян кардани аҳамияти онҳо, қоидаи нигоҳ доштани онҳо ифшо гардида, меъёрҳои вобаста ба низоми идоракунии таваккалҳо, гузарондани худбаҳодиҳии фаъолияти  низоми аҳамиятноки пардохтӣ, хотимаи пардохтҳо дар низоми пардохтӣ муқаррар карда мешаванд.
Аъзои парлумон таъкид намуд, ки қабули Қонун ба татбиқи минбаъдаи чорабиниҳо оид ба таъмин кардани созмон додани фазои ягонаи иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи пардохтҳо ва низоми пардохтӣ, аз ҷониби Бонки марказӣ самарабахш танзим намудани бозори хидматҳои пардохтӣ, фаъолияти низоми дахлдор, фаъолияти операторҳои низоми пардохтӣ, баланд бардоштани дастрасӣ ва шаффофияти хидмати пардохтӣ, аз он ҷумла дар деҳот ва ҷойҳои дурдаст, танзими муносибат дар соҳаи пули электронӣ мусоидат менамояд. Қонунро сенаторон маъқул донистанд.
Сипас, иштирокдорони ҷамъомади умумӣ Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи илм ва фаъолияти илмӣ»-ро баррасӣ намуданд. Мақсади қонун аз созмон додани ҳуҷҷати ягонаи ҳуқуқӣ иборат мебошад, ки муносибатро дар соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ ба танзим оварда, тамоюлҳои танзими давлатӣ ва шаклҳои дастгирӣ намудани фаъолияти илмӣ, инчунин васеъ гардондани имкониятҳои истифодаи ғояҳои илмӣ, коркард ва технологияҳо дар ҳаллу фасли вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ва таъмин кардани рақобатпазирии иқтисодии миллиро муайян менамояд.
Таъкид гардид, ки бо қонун тамоюлҳои асосии соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ, мисли озодии эҷодиёти илмӣ ва ахбор, самарабахшӣ ва рақобати эҷодӣ, манфиатдорӣ ва рағбатноксозӣ, холисии экспертизаи илмӣ, зарар нарасондан ба ҳаёт ва сиҳатии инсон, муҳити зисти табиат муқаррар карда мешаванд.
Самтҳои асосии соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ, ваколатҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, низоми таълими олӣ, инчунин вазорат, идора ва ташкилотҳои соҳаи илм ва фаъолияти илмӣ, ки дар ихтиёрашон ташкилотҳои илмӣ доранд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо муайян карда мешаванд.
Ба ғайр аз ин, бо қонун доираи субъектҳои фаъолияти илмӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, тартиби амалӣ гардондани фаъолияти илмӣ дар муассисаҳои таълими олӣ кушода дода мешавад. Аз ҷумла, муқаррар карда мешавад, ки дар муассисаҳои таълими олӣ баробари ҷараёни таълим фаъолияти илмӣ бурда мешаванд ва кадрҳои педагогии муассисаҳои мазкур маҷбуранд, дар самтҳои дахлдор бо фаъолияти илмӣ шуғл варзанд.
Меъёрҳои ба самтҳои устувори рушди илм ва технологияҳо, барномаҳои давлатии илмӣ, ҳамгароии илм ва таълим, истеҳсолот марбут, тайёр намудани кадрҳои дорои дараҷаи илмӣ ба назар гирифта мешаванд. Қайд гардид, ки қабули қонун ба таъмин кардани ҳамкории самарабахши тамоми иштирокдорони фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ, боз ҳам пурра ба танзим овардани муносибатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ, ба тартиб овардани масъалаҳои дахлдор, инчунин таъмин кардани ҳамоҳангӣ ва якхел талқин намудани мафҳумҳо дар соҳаи илм мусоидат менамояд. Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд.  
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дастгирӣ кардани ширмаконӣ ва талабот нисбат ба маҳсулоти хӯроквории кӯдакон ва бачагони хурдсолон»-ро баррасӣ карданд.
Масъалаи мазкур пештар дар ҷамъомади умумии бисту якуми Сенати Олий Маҷлис муҳокима гардида, бино бар зарурияти муҳими коркарди он аз ҷониби сенаторон баргардонда шуда буд. Дар матни нави қонун ва номи он тамоми эрод ва нуктаҳои аз ҷониби коршиносон ҳангоми муҳокима иброзгардида ба инобат гирифта шуданд.
Мувофиқи қонун хулосаҳои зарурии фаҳмо ҷорӣ мегардад, дар онҳо мафҳумҳое чун кӯдак, маҳсулоти хӯрокворӣ барои кӯдак ва хурдсолон, бачагон, маҳсулоти ивазкунандаи шири модар, хӯрокдиҳии сунъӣ, ҳамчунин маҳсулоти озуқаворӣ кушода дода мешаванд. Самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи дастгирии ширмаконӣ ва таъминоти маҳсулоти хӯроквории кӯдакон ва  хурдсолон, ҳамчун ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии занони ҳомила, модарони  кӯдакдор, кӯдакон ва хурдсолон барои ширмаконӣ мушаххас шудаанд. Дастгирӣ ва тарғибу ташвиқи ширмаконӣ, таъминоти кӯдакон ва хурдсолон бо маҳсулоти босифату бехатари хӯрокворӣ, назорати давлатӣ дар соҳаи дастгирии ширмаконӣ ва таъминот бо маҳсулоти хӯроквории кӯдакону хурдсолон низ аз самтҳои бартаринок муайян шудаанд.
Идораи давлатӣ дар соҳаи дастгирӣ намудани ширмаконӣ ва бо маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин кардани кӯдакону хурдсолон аз ҷониби Девони Вазирон, Вазорати нигаҳдории тандурустӣ татбиқ карда мешаванд. Ғайр аз ин ваколатҳои мақомоти мазкур мушаххас мегарданд.
Мувофиқи қонун дақиқ муайян карда мешавад, ки истифода аз маҳсулоти коркардшудаи хӯрокворӣ барои кӯдакон ва хурдсолон манъ мебошад. Тарз ва шароити коркард, нест кардан ё худ барои эҳтиёҷоти ғайрихӯрокворӣ истифода бурдани маҳсулоти хӯрокворӣ барои кӯдакон ва хурдсолон, ки ба қоида ва меъёрҳои санитарӣ мувофиқат намекунанд, аз ҷониби соҳибони онҳо бо мақомоти назорати давлатӣ мувофиқ кунонида мешавад.
Нотиқон қайд карданд, ки қабули қонун ба татбиқ гардидани чорабиниҳо бобати таъмин кардани кӯдакон аз рӯзи аввали ҳаёти онҳо  бо маҳсулоти  серғизо, мунтазам зиёд кардани шумораи кӯдаконе, ки куллан ширмак мебошанд, саломат ба воя расидани онҳо, коҳиш додани нишондиҳандаҳои беморӣ ва фавти байни кӯдакону хурдсолон мусоидат менамояд. Сенаторон қонунро қабул карданд.
Сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳомигӣ»-ро низ баррасӣ карданд. Зикр шуд, ки қонун муносибатҳои ҳангоми татбиқ намудани фаъолияти хайрия ба мақсадҳои рушди маданият ва санъат, ҳамчунин илм, таълим, маърифат ва фаъолиятҳои дигари соҳаи маданияту санъатро ба танзим меоварад.
Хулосаи фаҳмое ҷорӣ карда мешавад, ки дар он мафҳумҳое чун ҳомӣ, ҳомигарӣ (фаъолияти ҳомигӣ), дастгирии ҳомигӣ, сазовори дастгирии ҳомигӣ кушода дода мешаванд. Мувофиқи қонун фаъолияти ҳомигӣ ба мақсадҳои фароҳам овардани шароит барои нигоҳ доштан, ҳифз кардан ва истифода бурдани иншооти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дастгирии фаъолияти касбӣ дар соҳаҳои маданият ва санъат, иштирок дар татбиқсозии барномаҳои давлатӣ ва барномаву  лоиҳаҳои дигар дар соҳаҳои ҳифз кардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани мероси мадании Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дастгирӣ намудани соҳибистеъдодҳои ҷавон ва арбобони соҳаи маданияту фарҳанг, вусъат додани омилҳои ахлоқӣ ва ғайра барои иштироки ашхоси ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаҳои мазкур татбиқ карда мешавад.
Дар ин маврид ашхоси ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ҳақ доранд бидуни мамониат фаъолияти ҳомигиро дар пояи соҳибихтиёрӣ ва озодии интихоби мақсадҳои он татбиқ намоянд. Мувофиқи  қонун ҳомиён ва сазоворони дастгирии ҳомигӣ субъектҳои фаъолияти ҳомигӣ ба шумор мераванд. Онҳо метавонанд резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошанд.
Қайд шуд, ки қабул гардидани қонуни мазкур ба фароҳам овардани имкониятҳои иловагии ғайримоддии ҳавасмандгардонии ҳомиён, ҳамчунин ҳавасмандгардонии беш аз пеш фаъолонатар ҷалб шудани маблағҳои молиявӣ дар соҳаҳои маданият ва санъат мусоидат менамояд. Қонун аз ҷониби сенаторон пазируфта шуд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мудофиа»-ро муҳокима карданд. Мақсад ва вазифаҳои асосии қонун танзими муносибатҳо дар соҳаи мудофиа, муқаррар кардани асосҳои ҳуқуқии ба роҳ мондани мудофиа ва идораи Нирӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мушаххас кардани ваколатҳои мақомоти давлатӣ, ҳамчунин иштироки мақомоти худидораи шаҳрвандон, созмонҳо ва шаҳрвандон дар таъмин кардани мудофиаи мамлакат ба шумор меравад.
Бинобар қонун мудофиа низоми чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, иҷтимоиву ҳуқуқ, иттилоотиву ташкилӣ ва ғайра ба шумор рафта, ба таъмин кардани ҳифзи истиқлолият, якпорчагии ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳаёти осудаву ороми аҳолии он нигаронида шудааст. Ҳифзи истиқлолият, озодӣ, якпорчагии ҳудуд, сохтори конститутсионӣ, таъмин кардани амнияти давлат, таҳкими ҳамкориҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, бехатарӣ, эътидол ва некҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди муттасили ташкили ҳарбии давлатӣ, дастгирӣ намудани омодагии он ба ҳифзи яроқноки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сифати ҳадафҳои асосии сиёсати давлат муайян мегарданд.
Аз ҷониби сенаторон таъкид шуд, ки қабул гардидани ҳуҷҷати мазкур ба минбаъд такмил додани қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи мудофиа, фароҳам овардани асосҳо барои коркарди минбаъдаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои оинномавие, ки масъалаҳои омодагии мамлакат ба мудофиа, намоиши васеи шаффофияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар соҳаи мудофиа нишон медиҳанд, мусоидат менамояд. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сипас дар ҷамъомади умумӣ Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи идораи хонаҳои серҳуҷра» муҳокима гардид.
Қайд шуд, ки озодии интихоби тарзи идора, худидора, ҳамкорӣ, рӯшодӣ ва ошкорбаёнӣ, ташкилӣ ва худкофии молиявӣ, ҳисоботи мунтазам дар назди мулкдорони биноҳо ҳамчун равандҳои асосии идораи хонаҳои бисёрҳуҷра муайян карда мешаванд.
Дар қонун мафҳумҳое чун хонаи бисёрҳуҷра ва моликияти умумӣ маънидод мегарданд. Чунончи, умумияти хонаи ду ва бисёрҳуҷрае, ки ё ба қитъаи замини назди хонаи бисёрҳуҷра, ё худ ба бинои истифодаи умумии ҳамин гуна хона роҳи баромади мустақил дорад, хонаи бисёрҳуҷра дониста мешавад.
Моликияти умумӣ бинои умумӣ дар хонаи бисёрҳуҷра ба шумор меравад, ки ба тарроҳиҳои ҳудудӣ зинаҳои байни ҳуҷраҳо, зинаҳо, лифтҳо, шахтаҳои лифт ва ғайра, даромадгоҳҳо, ошёнаҳои техникӣ, таҳхонаҳо, болохонаҳо ва болопӯшҳо, шабакаҳои муҳандисии дохили хона ва коммуникатсияҳо, таҷҳизоти механикӣ, электрӣ, санитариву техникӣ ва ғайра, сохторҳое, ки дар берун ё дохили бино қарор доранд ва ба беш аз як бино хидмат мерасонанд, низ моликияти умумӣ мебошанд.
Муқаррар карда мешавад, ки қитъаи замини назди хонаи бисёрҳуҷра, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии маҳалҳо ба мулкдорони биноҳои хонаи бисёрҳуҷра барои истифодаи доимӣ ҷудо карда шудаанд, тарзи идораи хонаҳои бисёрҳуҷра аз ҷониби маҷлиси умумии мулкдорони биноҳои хонаи бисёрҳуҷра муайян карда мешавад. Дар ин маврид додан, барои истифодаи як ё худ чандин мулкдорон, ё худ шахсони дигар супурдани моликияти умумӣ, агар ин ҳаракат ҳуқуқи мулкдорони дигарро дар татбиқ сохтани ҳуқуқи мулкдориашон маҳдуд намояд, манъ карда мешавад.
Зикр шуд, ки қонун бо назардошти таҷрибаи кишварҳои наздик ва дури хориҷӣ коркард шудааст, ки самаранокӣ ва натиҷабахшии  онро таъмин менамояд. Сенаторон қонунро маъқул карданд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъсис додани ордени дараҷаи олии «Дӯстлик»-ро баррасӣ намуданд. Зикр гардид, ки қонун таъсис додани ордени дараҷаи олии «Дӯстлик», тасдиқ намудани Дастур ва тавсифи он, ҳамчунин ворид кардани тағйирот ва иловҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ»-ро пешбинӣ менамояд. 
Муқаррар карда мешавад, ки бо ордени дараҷаи олии «Дӯстлик» шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар вазъиятҳои махсус шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон намебошанд, барои хидматҳои хоссаашон дар таҳкими муносибатҳои бисёрасринаи дӯстӣ ва некҳамсоягии байни халқҳои бародар, ҳамраъии ҷамъият ва ягонагии халқҳо мукофотонида мешаванд. Орден ҳамчунин барои фаъолияти пурмаҳсул дар рушди шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, муваффақ шудан ба ҳамдилии байниминтақавӣ, инчунин барои иштироки фаъол дар таҳкими ҳусни тафоҳуми эътимоди байни халқҳо супурда мешавад.
Таъкид шуд, ки қабул гардидани қонун ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои бисёрасринаи дӯстиву ҳамсоягӣ бо давлатҳои хориҷӣ, рушди шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо онҳо, ҳамчунин ҳифз кардану афзун намудани мероси таърихӣ, суннатҳои маънавӣ ва анъанаҳо мусоидат хоҳад кард. Қонун аз ҷониби сенаторон қабул шуд.
Сипас аъзои палатаи болоии парлумон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муқаррар кардани Рӯзи кормандони низоми иттилооту китобдории Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баррасӣ намуданд. Мақсад ва вазифаҳои қонун рағбатноксозии кормандони низоми иттилоотиву китобдорӣ, баланд бардоштани нуфузи касб, ба кори китобдорӣ ҷалб сохтани кадрҳои ҷавон ба шумор меравад, ки ба рушд ва такмили ташкили фаъолияти муассисаҳои иттилоотиву китобдорӣ дар пояи васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам мусоидат хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки қабул шудани қонун ба рушди соҳаи иттилоотиву китобдорӣ, васеъ оммавӣ шудани муассисаҳои соҳаҳои мазкур мусоидат карда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла дар байни ҷавонон, ба зиёд гардидани миқдори кадрҳои соҳибихтисос таъсири назаррас мерасонад. 21 май Рӯзи кормандони низоми иттилоотиву китобдории Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян карда мешавад. Сенаторон қонунро қабул карданд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба пурзӯр гардондани ҳифзи ҳуқуқии вомгузорон ва такмил додани механизмҳои бо маблағтаъминкунии фаъолияти соҳибкорӣ»-ро муҳокима намуданд. Қонун дохил кардани тағйирот ва иловҳо ба 5 қонун ва 6 кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, Кодекси ҷиноиву протсессуалӣ бо меъёре пурра карда мешавад, ки мувофиқи он баъд аз баровардани қарор дар бораи ҳабс барои моликият даъвогар ё худ муфаттиш дар тӯли як рӯз ба реестри қарз сабти дахлдор ворид мекунад, пас аз бароварда шудани хулосаи суд дар бораи ҳабси моликият – ваколатдорон мувофиқи мақомоти қонунгузорӣ бошад, дар тӯли се шабонарӯз бароварда мешавад.
Кодекси шаҳрвандӣ бо меъёрҳои вобаста ба қонеъ гардондани талаботи вомгузорон аз ҳисоби амволи қарздор, ки ба сифати таъмин кардани иҷрои ӯҳдадорӣ пешниҳод шудааст, мушаххас намудани ашёи қарз, фурӯхтани молу мулки гузошта, ки нисбати он дар тартиби ғайрисудӣ ба дар идомати қарз ҷарима гузошта шудааст.
Ба Кодекси протсессуалии иқтисодӣ тағйироте ворид карда мешавад, ки мувофиқи он фармоиши судӣ шахсан аз ҷониби судя агар дар бораи ситондани ҷарима барои амволи манқул, ки таъмин кардани иҷрои ӯҳдадории қарздор ба шумор меравад, изҳор шуда бошад, дода мешавад.
Ба Кодекси протсессуалии шаҳрвандӣ тағйирот ва иловаҳое ворид карда мешаванд, ки мувофиқи онҳо фармоиши судӣ, агар талабот дар бораи  ҷарима барои амволи манқул, ки таъминкунандаи иҷрои ӯҳдадории қарздор ба шумор меравад, дода шуда бошад, пешниҳод мегардад. Ариза дар бораи додани фармоиши судӣ бояд ҳисобу китоби миқдори пардохтҳои доданашуда, номгӯйи амволи манқул, ки ҳамчун таъминкунандаи иҷрои ӯҳдадории қарздор, ки барои он ҷарима муайян шудааст, пешниҳод мегардад, дарбар гирифта бошад. Дар фармоиши судӣ бояд миқдори маблағ, ки ба ҷарима дахл дорад, ё худ амволи манқул, ки ба сифати манбаи қарз ё худ манбаи таъминкунандаи иҷрои ӯҳдадории қарзҳо дар мавриди мавҷуд будани қарордоди хаттӣ пешниҳод мешавад, нишон дода шавад.
Таъкид шуд, ки қабули қонун ба баланд бардоштани дастёбии аҳолӣ ба маблағ ва тиҷорати хурд, афзоиши рейтинги байналхалқии Ӯзбекистон, коҳиш ёфтани дараҷаи вомҳои тамдидшуда ва баланд гардидани эътидоли низоми молиявию бонкии мамлакат мусоидат хоҳад кард. Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд.
Сипас дар ҷамъомади умумӣ Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмил додани фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ» муҳокима гардид.
Қонун ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба 11 қонун ва 7 кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, ба муносибати табдил ёфтани Инспексияи назди Прокуратураи генералӣ ба Инспексия оид ба назорати маҷмӯи агросаноатии назди Девони Вазирон ба қонунҳо «Дар бораи об ва истифодаи об», «Дар бораи чорводории зотӣ», «Дар бораи прокуратура», «Дар бораи комёбиҳои тухмипарварӣ», «Дар бораи тухмипарварӣ», ҳамчунин ба Кодекси ҷиноиву протсессуалӣ, Кодекс дар бораи масъулияти маъмурӣ ва Кодекси андоз тағйиротҳои дахлдор дохил карда мешаванд.
Вобаста ба вусъат пайдо кардани доираи вазифа ва ваколатҳои Ваколатдори ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ, ислоҳсозии фаъолияти дастгоҳи он ба Кодекс дар бораи масъулияти маъмурӣ ҷавобгарии маъмурӣ барои монеъшавӣ ба фаъолияти қонунии Ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ва кормандони дастгоҳи он муқаррар карда мешавад.
Ҳуқуқи Ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ва кормандони дастгоҳи он бо тартиб додани ҳуҷҷат дар бораи қонунвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ мушаххас карда мешавад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Ваколатдори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ» вазифа бобати татбиқ намудани санҷишҳои мутобиқсозии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва назорат барои қонунӣ будани гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби мақомоти назораткунанда пешбинӣ мегардад. Ҳамчунин ҳуқуқи тартиб додани ҳуҷҷатҳо дар бораи қонунвайронкуниҳои маъмурӣ бино бар санадҳои вайронкунии қонунгузорӣ, ки боиси ҷавобгарии маъмурӣ мешаванд, муқаррар карда мешавад.
Дар Кодекси протсессуалии шаҳрвандӣ, Кодекси протсессуалии иқтисодӣ ва Кодекси корҳои суди маъмурӣ ҳуқуқи Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ бино бар шикоят ба тартиби кассатсионӣ ва назоратӣ, ки қарорҳои судҳо бино бар парвандаҳои шаҳрвандӣ, ҳамчунин судҳои иқтисодӣ ва маъмурӣ эътибор пайдо кардаанд, пешбинӣ мегардад.
Қайд шуд, ки қабул шудани қонун ба такмил ёфтани фаъолияти мақомоти прокуратура аз тариқи равона кардани нирӯ ва маблағҳои онҳо барои иҷрои касбии мақсад  ва вазифаҳои прокуратура, ҳамчунин таҳкими ваколатҳои Ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон дар соҳаи фаъолияти худ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии кормандони дастгоҳи он, пурзӯр намудани назорати ветеринарӣ ва баланд бардоштани сифати хидмати ветеринарӣ, таъмин кардани беҳбуди эпизоотикӣ ва амнияти хӯроквории мамлакат мусоидат хоҳад кард. Қонун аз ҷониби сенаторон пазируфта шуд.
Сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмил додани фаъолияти мақомоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро муҳокима карданд.
Қонун дохил кардани тағйирот ва иловаҳоро ба Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи масъулияти маъмурӣ, Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи пешгирии қонунвайронкуниҳо», «Дар бораи мақомоти корҳои дохилӣ», ҳамчунин Доктринаи мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи масъулияти маъмурӣ бо моддаҳое, ки ҷавобгарии маъмуриро барои иҷро накардани талаботи қонунии хидматчии ҳарбӣ (ходим)-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аксуламал ба иҷрои вазифаи хидматии хидматчии ҳарбӣ (ходим)-и мақомоти мазкурро пешбинӣ менамоянд ва муқаррар мешавад, ки ин гуна қонунвайронкуниҳо аз ҷониби судҳои маъмурӣ баррасӣ мешаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи пешгирии қонунвайронкуниҳо» пурра карда мешавад. Аз ҷумла, номгӯйи низоми мақомот ва муассисаҳое, ки бевосита қонунвайронкуниҳоро пешгирӣ мекунанд, бо мақомоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пурра карда мешавад ва ваколатҳои он зикр мегардад. Сенаторон қайд намуданд, ки қабули қонун ба таҳкими ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо, ҳамчунин ваколатҳои мақомоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи фаъолияти онҳо мусоидат хоҳад кард. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сипас депутатҳо Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи  ворид кардани тағйирот ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати озодкунии масъулияти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ барои вайрон кардани қоида будубоши муваққатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро муҳокима карданд. Мувофиқи қонун дохил кардани тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ, Кодекси ҷиноиву протсессуалӣ ва Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи масъулияти маъмурӣ пешбинӣ мегардад.
Аз Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон моддаи 224-ум «Вайронкунии тартиби будубош дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» хориҷ карда мешавад. Ин ҳолат бо коҳиш ёфтани миқдори ҷиноятҳое, ки моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, маънидод мегардад. Ба моддаи 3812-юми Кодекси ҷиноиву протсессуалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки баргузор кардани эътирофро аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба муносибати декриминализатсияи тартиби ҷиноят, ки бо моддаи 224-уми Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ мекунад, тағйироти дахлдор ворид карда мешавад.
Ғайр аз ин ба мақсади дифференсиатсияи чораҳои ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаи будубош дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба моддаҳои дахлдори Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи масъулияти маъмурӣ тағйиротҳо ворид карда мешаванд. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи масъулияти маъмурӣ ба муносибати такмил ёфтани маъмурияти гумрук»-ро  баррасӣ карданд. Қонун зиёд кардани миқдори ҷаримаҳоро барои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи гумрук пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, зиёд кардани санксияҳои ҷаримавӣ нисбати чунин хелҳои қонунвайронкунӣ, инчунин бидуни рухсати мақомоти гумрук додани молҳо, гум кардан ё расонда надодани молҳо, воситаҳои нақлиётӣ ва ҳуҷҷатҳои онҳо, ихтиёрдорӣ ба молҳо ва воситаҳои нақлиётӣ, ки нисбати онҳо расмикунонии гумрукӣ анҷом наёфтаанд ва ғайра истифода мешаванд.
Баробари ин мувофиқи қонун ситондани молҳо ва воситаҳои нақлиётӣ барои шаҳрвандон дар мавриди сари вақт дар тӯли сӣ рӯз баъди корбурди ҷаримаи маъмурӣ расонда надодани онҳо пешбинӣ мегардад. Зиёда аз ин ҳуқуқи ашхоси мансабдори мақомоти гумрук барои боздоштан ва санҷида дидани воситаҳои нақлиётӣ бино бар қонунвайронкунӣ, ки бо моддаҳои дахлдор пешбинӣ шудаанд, мустаҳкам карда мешавад.
Бояд таъкид сохт, ки қабули қонун ба минбаъд таъмин гардидани волоияти қонун, ҳамчунин пурзӯр гардидани масъулияти ашхосе, ки ба фаъолияти ғайриқонунӣ бинобар кашондани молҳо аз тариқи сарҳади гумрукӣ машғул мебошанд, мусоидат менамояд. Сенаторон қонунро қабул карданд.
Аъзои палатаи болоии парлумон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба беъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баррасӣ карданд.
Қайд гардид, ки қонун дохил кардани тағйирот ва иловаҳоро ба 8 қонун ва 4 кодекс пешбинӣ мекунад.
Аз ҷумла, дар Қонун «Дар бораи ҳифзи табиат» муқаррар карда мешавад, ки механизми иқтисодии таъмин намудани ҳифзи табиат ҷаримаи ҷамъоварии ашёи партофташударо барои таъмин кардани амнияти экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити атроф аз таъсири зарарноки партовҳое, ки баъди корношоям шудани ғилдираки воситаҳои нақлиётӣ, мошинҳои худгард ва бордонҳои онҳо ба миён омадаанд, пешбинӣ менамояд.
Дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва афзалиятҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2019-ум ва тахминҳои буҷавӣ барои солҳои 2020-2021» аз 1 январи соли 2019 бо маблағтаъминкунии хароҷот барои пардохти кӯмакпулиҳо ба пирон ва шаҳрвандони ғайри қобили меҳнат, ки собиқаи корӣ надоранд ва таъин кардани нафақа ва кӯмакпулиҳо, ки барои дафн заруранд, аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатӣ амалӣ мешаванд. Вобаста ба ин ба қонунҳо «Дар бораи таъминоти давлатии нафақаи шаҳрвандон», «Дар бораи дафн ва дафнкунӣ» тағйиротҳои дахлдор ворид карда мешаванд.
Ба мақсади ташаккул додани шароитҳо барои таъмин сохтани амнияти экологӣ, аз ҷумла барои ҳифзи саломатии инсон ва муҳити атроф аз таъсири зарарноки истифодаи воситаҳои нақлиётӣ, бо назардошти ҷиҳатҳои техникӣ ва кӯҳнашавиашон, ҳамчунин минбаъд такмил додани механизмҳои партови воситаҳои нақлиёти мотордор мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ Қонун «Дар бораи партовҳо» бо моддаи ба ҷамъоварии партовҳо пурра карда мешавад.
Ба Қонун «Дар бораи маҳдуд кардани доираи паҳншавӣ ва истифодаи маҳсулоти шароб ва тамоку» тағйирот ва иловаҳо ворид карда мешаванд. Қайд шуд, ки қабули қонун ба минбаъд такмил додани қонунгузорӣ ва амалиёти истифодаи қонун дар фаъолияти соҳаҳои дахлдор мусоидат хоҳад кард. Сенаторон қонунро пазируфтанд.
Сипас аз ҷониби сенаторон қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тасдиқ намудани Баённомаи байналхалқӣ оид ба ҳифз ва ҳавасмандгардонии гуногунрангии хелҳои худифшоии фарҳангӣ (Париж, 20 октябри соли 2005)», «Дар бораи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҳуҷҷати Картахен дар бораи биобехатарӣ ба Баённома дар бораи гуногунрангии биологӣ (Монреал, 29 январи соли 2000)»  баррасӣ шуданд.
Бо ҳамин рӯзи аввали ҷамъомади умумии бистусеюми Сенати Олий Маҷлис анҷом ёфт.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: