9-10 июни соли 2018 дар шаҳри Синдао ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Дар он Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Н.Моди, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н.Назарбоев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон М.Ҳусайн, Президенти Федератсияи Русия В.Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев иштирок карданд.
(ш.Синдао, 9-10 июни соли 2018)
9-10 июни соли 2018 дар шаҳри Синдао ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд.
Дар он Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Н.Моди, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н.Назарбоев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон М.Ҳусайн, Президенти Федератсияи Русия В.Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев иштирок карданд.
Дар ҷамъомад Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин сарварӣ кард.
Дар ҷамъомад Котиби генералии СҲШ Р.Алимов ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ (СМЗТ)-и СҲШ Е.Сисоев ширкат варзиданд.
Дар чорабиниҳо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон А.Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Белорус А.Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳ.Руҳонӣ, Президенти Муғулистон Х.Баттулга, ҳамчунин муовини аввали Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид А.Муҳаммад, Котиби генералии Иттиҳодияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ Лин Ҷок Хой, Котиби иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил С.Лебедев, Котиби генералии Созмони Шартномаи амнияти коллективӣ Ю.Хачатуров, Директори иҷрогари Машварат оид ба ҳамкории тарафайн ва чораҳои эътимод дар Осиё Гун Сзянвэй, Раиси Ҳамкорони Комиссияи иқтисодии Аврупо Т.Саркисян, ноиб-президенти Бонки умумиҷаҳонӣ В.Квава, директори департаменти Бунёди байналхалқии асъор Ли Чан Ён иштирок карданд.
Роҳбарони давлатҳои аъзо ҷараёни татбиқ шудани натиҷаҳои Ҳамоиши Остона дар соли 2017-ум ва вазифаҳои аввалиндараҷаи рушди минбаъдаи СҲШ-ро дар пояи равандҳои сиёсат ва иқтисодиёти ҷории ҷаҳон баррасӣ карданд. Мавқеъҳои ҳамоҳанги ҷонибҳо дар Баённомаи қабулшудаи Синдао таҷассум ёфтаанд.
Зикр гардид, ки давлатҳои аъзо ҳадафҳо ва равандҳои Хартияи СҲШ-ро қатъиян дастгирӣ менамоянд ва бо дарназардошти «рӯҳи Шанхай», вазифаҳои дар Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025-ум муайяншударо мустақимона ҳаллу фасл менамоянд.
Қайд шуд, ки СҲШ алҳол ба сифати иттиҳодияи нодир, муассир ва бонуфузи минтақавӣ таҳким ёфт, ки имкониятҳояш пас аз ба Созмон аъзо шудани Ҳиндустон ва Покистон хеле афзуд.
Мақсади идома додани мустаҳкамсозии ҳамкориҳои тарафайни амалӣ дар соҳаҳои сиёсат, амният, савдо ва иқтисодиёт, аз ҷумла робитаҳои молиявӣ, сармоявӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, ҳамчунин маданиву инсонпарварӣ таъкид гардид. Дурнамои амалиёт барои солҳои 2018-2022 бобати татбиқ намудани дастурҳои Шартномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуҳлати давлатҳои аъзои СҲШ маъқул дониста шуд.
Дар пояи мубодилаи фикру ақидаҳо бобати масъалаҳои рӯзмарраи байналхалқӣ ва минтақавӣ зарурияти афзудани саъю кӯшишҳои муштарак дар таъминсозии амният ва эътидоли масоҳати СҲШ, ҳамчунин кӯмакрасонӣ ба ташаккул додани муносибатҳои байналхалқии намунаи нав ва нуқтаи назари умумии ғояи дар ҷамъият ташаккул додани тақдири ягонаи инсоният таъкид гардид.
Давлатҳои аъзо мунтазам ҷонибдори танзими вазъият дар Афғонистон, Сурия, Шарқи Наздик ва Нимҷазираи Куриё, ҳамчунин зиддиятҳои дигари минтақавӣ дар доираи меъёр ва равандҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ мебошанд. Муҳимияти мунтазам татбиқ сохтани Дурнамои муштараки фарогири амалиёт бино бар танзими вазъият вобаста ба барномаи ядроии Эрон қайд шуд.
Давлатҳои аъзо дастгирии қатъии саъю кӯшишҳои СММ-ро бобати таъмин сохтани сулҳ ва амнияти байналхалқӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Онҳо зарурияти ҳусни тафоҳум бино бар масъалаи вобаста ба қабул кардани Баённомаи фарогири СММ бар муқобили терроризми байналхалқӣ, ҳамчунин ташаббуси Қазоқистон бобати пешбурди Кодекси амалиёт оиди муваффақ шудан ба сулҳу салоҳ ва дар СММ соҳати аз терроризм озодро зикр карданд.
Роҳбарони давлатҳои аъзо хоҳиши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бино бар пешниҳод кардани номзадии худ ба узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ қайд карданд.
Майли ҳамраъйии СҲШ барои муборизаи самарабахш бо хурӯҷ ва таҳдидҳои амният бетағйир боқӣ мемонад. Пешбурди ҳамкориҳои тарафайни амалӣ дар соҳаи мазкур ба қабул шудани Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм ва экстремизм барои солҳои 2019-2021 мусоидат хоҳад кард. Дар иҷрои он СМЗТ СҲШ нақши муҳим хоҳад дошт.
Ба натиҷаҳои Конфронси байналхалқӣ бино бар масъалаҳои аксуламал ба терроризм ва экстремизм (ш.Душанбе, 3-4 майи соли 2018), ки барои ҳамкории тарафайни ҷонибҳо бино бар самтҳои зикршуда платформаи муҳим гардид, баҳои баланд дода шуд.
Роҳбарони давлатҳои аъзо ҷонибдори ба роҳ мондани корҳои маҷмӯӣ бино бар тарбияи маънавиву ахлоқии насли наврас ва пешгирӣ аз ҷалб кардани вай ба фаъолияти вайронкор мебошанд. Вобаста ба ин Муроҷиати муштарак ба ҷавонон ва Барномаи амалиёт бино бар иҷрои дастурҳои он қабул шуд, ташаббуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи қабул кардани баённомаи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ «Маърифат ва кушодадилии динӣ» дастгирӣ гардид.
Давлатҳои аъзо минбаъд низ ҳамкориро дар мубориза бар муқобили хариду фурӯши нашъа дар пояи Стратегияи зидди нашъамандии СҲШ барои солҳои 2018-2023 ва Барномаи амалиёт бобати иҷрои он, ҳамчунин Консепсияи СҲШ оид ба пешгирии сӯиистифода аз воситаҳои нашъамандӣ ва моддаҳои халалдоркунандаи руҳро идома медиҳанд.
СҲШ минбаъд низ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои васеъ ва муфиди тарафайн дар соҳаи таъмин кардани амнияти иттилоотӣ, коркарди қоидаҳои умумии байналхалқӣ, меъёр ва равандҳои амалиёти масъули давлатҳо дар соҳати иттилоотӣ саҳм мегузоранд.
Садоқати давлатҳои аъзои СҲШ ба нақши марказии СММ дар пешбурди татбиқсозии Рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи рушди устувор тасдиқ гардид. Муҳимияти такмил додани эъмори ҷаҳонии идораи иқтисодӣ, мунтазам мустаҳкам кардан ва инкишоф додани низомҳои бисёрҷанбаи тиҷоратӣ, ки Созмони умумиҷаҳонии савдо маҳаки асосии он ба шумор меравад, ба манфиати ташаккул додани намунаи ошкорои иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъкид шуд.
СҲШ ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои савдо ва сармояҳо, муайян кардани муносибатҳои муштарак ба ҳаллу фасли вазифаҳо бино бар соддатар кардани тартиботи савдо, рағбатноксозии савдои электронӣ, рушди саноати хидматрасонӣ ва савдои хидматрасонӣ саъй мекунад. Саъю кӯшишҳо бино бар дастгирӣ намудани соҳибкории хурд, кӯчак ва миёна, пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва хоҷагии қишлоқ идома хоҳанд ёфт.
Ташаббуси дар Ӯзбекистон баргузор кардани вохӯрии нахустини роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани давлатҳои аъзои СҲШ дастгирӣ карда шуд. Ба мақсади пурзӯр кардани эътибор нисбат ба мушкилоти экологӣ давлатҳои аъзо Консепсияи ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити атроф қабул карданд. Кор бино бар лоиҳаи Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти хӯрокворӣ давом ёфт.
Ба ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва баргузор кардани Конфронси байналхалқӣ дар сатҳи олӣ таҳти сарпарастии СММ оид ба ин мавзӯъ (ш.Душанбе, 20-22 июни соли 2018) баҳои баланд дода шуд.
Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин «Як минтақа, як роҳ»-ро дастгирӣ намуда, саъю кӯшишҳоро бино бар татбиқи муштараконаи он, аз ҷумла бобати сохтмони Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё ва «Як минтақа, як роҳ» тасдиқ карданд.
Роҳбарони давлатҳои аъзо ҷонибдори истифодаи имконияти кишварҳои минтақа, созмонҳои байналхалқӣ ва иттиҳодияҳои бисёрҷанба ба мақсади дар соҳати СҲШ ташаккул додани ҳамкориҳои васеъ, рӯшод, муфиди тарафайн ва баробарҳуқуқ мебошанд.
Рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ ба таъсис додани Анҷумани сарони минтақаҳо дар СҲШ мусоидат хоҳад кард. Баргузор кардани ҷамъомади нахустини Анҷуман соли 2018-ум дар шаҳри Челябинск (Федератсияи Русия) зикр гардид.
Саъю кӯшиш бобати дар ҳаҷми пурра ба роҳ мондани иқтидори Шӯрои соҳибкорони СҲШ ва Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ идома хоҳад ёфт.
Ҳамраъйии мавқеъҳо ба манфиати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои бонку молия ва идома додани ҷустуҷӯи муносибатҳои умумӣ бино бар масъалаи таъсис додани Бонки рушди СҲШ ва Бунёди рушд (Ҳисоби махсус)-и СҲШ тасдиқ гардид.
Нақши махсуси ҳамкориҳои инсонпарваронаро дар таҳкими ҳусни тафоҳум, эътимод ва дӯстии байни халқҳо таъкид намуда, роҳбарони давлатҳои аъзо ҷонибдории худро аз рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи тарафайн дар соҳаҳои фарҳанг, таълим, илм ва техника, ҳамчунин дар ҷанбаҳои нигаҳдории тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш иброз доштанд.
Саъю кӯшишҳои пешбурди ҳамкориҳои бисёрсоҳа бо давлатҳои мушоҳид ва шарикони мулоқоти СҲШ, ҳамчунин созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ таъкид гардид.
Бино бар натиҷаҳои ҷамъомад Изҳороти муштараки сарони давлатҳо дар бораи соддатар кардани тартиботи савдо ва Изҳороти сарони давлатҳо дар бораи аксуламали муштарак ба таҳдидҳои эпидемия дар соҳати СҲШ қабул шуданд. Дурнамои амалиёти муштарак бино бар татбиқ намудани Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ дар давраи солҳои 2019-2020, меморандуми ҳусни тафоҳум бино бар рағбатноксозии ҳамкорӣ дар доираи СҲШ дар соҳаҳои соҳибкории кӯчак, хурд ва миёна, Регламенти ҳамкории тарафайни иттилоотии нуқтаҳои шабонарӯзии робитаҳо, ки бо истифодаи шабакаҳои таъҷилии платформаи CENcomm RILO-МОСКВА, меморандум оид ба табодули ахбор дар бораи ҷараёнҳои наздисарҳадии моддаҳои вайронкунандаи озон ва партовҳои хавфнок қабул гардиданд.
Маърӯзаҳои Котиби генералии СҲШ дар бораи фаъолияти СҲШ дар тӯли соли гузашта ва роҳбари Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ дар бораи фаъолияти СМЗТ дар соли 2017-ум шунида ва тасдиқ карда шуданд.
Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ В.Норовро (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) Котиби генералии СҲШ ва Ҷ.Ғиёсовро (Ҷумҳурии Тоҷикистон) Директори Кумитаи иҷроияи СМЗТ дар давраи аз 1 январи соли 2019 то 31 декабри соли 2021 таъин кард.
Дар давраи пас аз ҳамоиши Остона (8-9 июни соли 2017) ҷамъомади Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзо (ш.Сочи, 30 ноябр — 1 декабри соли 2017), мулоқоти котибони шӯроҳои амният (ш.Пекин, 21-22 майи соли 2018), ҷамъомадҳои ғайринавбатӣ ва навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (ш.Ню-Йорк, 20 сентябри соли 2017, ш.Пекин, 24 апрели соли 2018), ҷамъомади Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ (ш.Янчжоу, ш.Маскав, ш.Пекин, августи соли 2017 – июни соли 2018), Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ (ш.Пекин, 17 сентябри соли 2017, ш.Тошканд, 5 апрели соли 2018), ҷамъомади роҳбарони хидматҳои сарҳадии мақомоти махсус (ш.Далян, 29 июни соли 2017), машварати роҳбарони идораҳое, ки ба масъалаҳои пешгирӣ ва аз байн бардоштани вазъиятҳои фавқулодда машғуланд, (ш.Чулпон-Ато, 24-25 августи соли 2017), вазирони адлия (ш.Тошканд, 20 октябри соли 2017), раисони судҳои олӣ (ш.Тошканд, 25-27 октябри соли 2017, ш.Пекин, 25 майи соли 2018), роҳбарони хидматҳое, ки ба таъминоти беҳбуди санитариву эпидемиологӣ ҷавобгӯ мебошанд (ш.Сочи, 31 октябри соли 2017), вазироне, ки барои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва савдои хориҷӣ масъуланд, (ш.Маскав, 15 ноябри соли 2017), прокуророни генералӣ (ш.Санкт-Петербург, 29 ноябри соли 2017), роҳбарони вазорату идораҳои илм ва техника (ш.Маскав, 18-21 апрели соли 2018), Анҷумани СҲШ (ш.Остона, 4-5 майи соли 2018), вохӯрии роҳбарони маъмуриятҳои миллии сайёҳӣ (ш.Ухан, 7-11 майи соли 2018), вазирони мудофиа (ш.Пекин, 24 апрели соли 2018), вазирони фарҳанг (ш.Саня, 15 майи соли 2018), роҳбарони мақомоти дахлдор, ки ваколатдори мубориза ба муқобили нашъа мебошанд (ш.Тянзин, 17 майи соли 2018), Анҷумани занони СҲШ (ш.Пекин, 15-17 майи соли 2018), анҷумани расонаҳои ахбори оммавии СҲШ (ш.Пекин, 1 июни соли 2018), ҷамъомади раёсати Шӯрои соҳибкорони СҲШ (ш.Пекин, 6 июни соли 2018) ва Шӯрои иттиҳоди байнибонкии СҲШ (ш.Пекин, 5-7 июни соли 2018), ҳамчунин чорабиниҳои дигари дараҷаҳои гуногун баргузор шуданд.
Роҳбарони давлатҳои аъзо ба коре, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳангоми раисиаш ба СҲШ анҷом додааст, баҳои баланд дода, ба ҷониби Чин барои меҳмоннавозӣ ва ташкили хуби ҳамоиш дар шаҳри Синдао миннатдорӣ баён карданд.
Раисӣ ба Созмон барои давраи минбаъда ба Ҷумҳурии Қирғизистон гузашт. Ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ соли 2019 дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.