ХАБАРНИГОР МЕШАВАМ

барои ин хеле бояд хонам ва таҷриба ҳосил кунам

Боиси хурсандист, ки дар ин рӯзҳо як гурӯҳ донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона бо расонаҳои гуногун, аз ҷумла, рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Садои Сӯх”, ширкати садо ва симои вилоят ва амсоли он аз наздик ҳамкорӣ мекунанд. Талоши онҳо баҳри ин аст, ки баъд аз хатми донишгоҳ худро ба кори рӯзноманигориву журналистика ва матбуот низ бипайванданд. Аз ҷумла ман низ аз ин гуна шефтагони касбу кори хабарнигорӣ мебошам. Баробари таҳсил дар донишгоҳ бештари вақти худро дар ширкати радио ва телевизиони вилоят мегузаронам, то ки  таҷриба андӯзам.
Вақте ки хонандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии деҳаамон – Шарқобод будам, устодам Аҳлиддин Арслонов дар бораи шаҳри зебову беназири Фарғона, бузургон ва шахсиятҳое,ки дар ин куҳаншаҳр зисту эҷод кардаанд, нақл мекарданд. Барои духтарони деҳоти мо тавассути посгоҳҳои марзии байни Ӯзбекистону Қирғизистон равуо ба маркази вилоят кори содае нест. Бо вуҷуди ин орзу мекардам, ки зуд-зуд ба ин шаҳр оям.
Дар ҷавонӣ ба фанни забон ва адабиёт, шеърхонӣ завқи баланд доштам. Зимни таҳсил дар коллеҷи агросаноати ноҳияи Сӯх низ ин шавқу рағбатам афзуд ва тасмим гирифтам, ки ҳатман ҳаёти ояндаи худро ба ин ришта хоҳам баст. 
Вақте ки дар курси аввал мехондам, хабар ёфтам, ки дар хонаи эҷодии радио ва телевизиони  вилоят дарси маҳорати журналистони ҷавон фаъолият мекунад. Ҳангоми таҳсил як соли пурра аз журналистони собиқадор сабақи журналистӣ гирифтам. Имрӯзҳо дар барномаҳои  радио ва телевизиони бахши тоҷикии вилояти Фарғона фаъолиятамро идома медиҳам. Орзуи давраи мактабхониам оҳиста-оҳиста ҷомаи амал мепӯшад. 

Хиромонбону ҶАМОЛОВА,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии факултаи
филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: