Хабарнигори мо бо чанде аз ҳунарманду соҳибкорони вилоятҳои дигар мусоҳиб гардид, ки онҳо фикру андешаҳои худро оиди фестивали санъати бахшиёна баён созанд.

Гулмира ҚОДИРОВА, ҳунарманд аз ноҳияи Чусти вилояти Намангон:

– Ман ҳанӯз аз синни 12 ба дӯхтани тоқиҳои мардонаю занона шавқи беандоза доштам. Худ сулолаи чаҳоруми ин санъати қадима мебошам. 
Ростӣ, ҳеҷ бовар надоштам, ки шаҳри Тирмиз ба ин дараҷа ободу зебо гашта бошад. Инак, ба ин ҷо омада бо чашмони худ мушоҳида намудам. Ҳамааш олӣ! Махсусан, аз меҳмоннавозии мардуми Сурхон ба ваҷд омадам. Дар бораи ҷашнвораи санъати бахшигӣ гуфтаниам, ки хеле дар сатҳи баланд ташкил намудаанд. Ин ҷо аз ҳамаи вилоятҳои Ӯзбекистони азизамон бо санъату анъанаҳои рангоранги худ ташриф овардаанд.  
Ният дорам зиёратгоҳҳои мубораки шаҳри Тирмиз ва ноҳияҳои вилоятро бубинам. Албатта, ин сафари ман ба шаҳри Тирмиз бароям таассуроти зиёд мебахшад.

Азиза МАМИРОВА, Лола ӮТАБОЕВА, раққосаҳои дастаи ҳунарии «Афросиёб», аз шаҳри Самарқанд:

– Рости гап, табиати воҳаи Сурхон бароямон писанд омад. Мардумонаш самимӣ, обу ҳавояш ҳам хеле мусоид. Муомилаи тирмизиён ва меҳмоннавозиашон сазовори таҳсин аст. Бори аввал аст, ки дар чунин як ҷашнвораи байналхалқӣ ширкат менамоем. Мо дар ин чорабинии пурнуфуз рақси миллии мардуми Самарқандро иҷро хоҳем намуд. Боварӣ дорем ва умед ба он мебандем, ки мавриди писанди ҳамагон мегардад.

Фаридун НАСРИДДИНОВ, ҳунарманди яккахони театри мусиқӣ ва драмавии ба номи Маннон Уйғури Тирмиз:

– Ба фикри ман имрӯзҳо шаҳри Тирмиз аз нав эҳё гардидааст. Бори нахуст аст, ки Тирмиз  чунин фестивали пурнуфузро истиқбол мегирад. Ба ман қӯрғонҳои аз тарафи намояндагони вилоятҳои гуногуни ҷумҳуриамон барпошуда хеле писанд омад. Мардуми ҳар як вилоят бо санъати нотакрори худ ва анъанаҳои қадимаи ниёгонамон нигораҳоро ба намоиш гузоштаанд, ки ин рангорангиро бори нахуст мебинам. 
Гуфтаниам, ки худ низ дар ин ҷашнвора бо як суруди фолклории мардуми Бойсун иштирок менамоям.

Аҳмадҷон ШУКУРОВ,
Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон

Қарори Президент «Дар бораи баргузор кардани ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ» дар рушд ва дастгирии намунаҳои нодири ҳунари достонсароӣ ва боз ҳам мустаҳкам кардани муносибатҳои маданиву маънавӣ ва дӯстии байни халқҳо аҳамияти зиёд дорад.
Бахшиҳо вақти достонсароӣ овози одатиашонро ба дӯмбура ва қӯбиз мос мекунанд, ки ин аз иҷрокунанда маҳорати зиёд талаб менамояд. Бахшӣ баробари овози хоси достонсароӣ бояд қувваи баланди ҳофизӣ низ дошта бошад. Гап дар сари он аст, ки сужети асосӣ чи хеле ки бошад, ҳамон хел меистад, аммо бахшӣ дар ҳар хониш ба он иловаҳои нав дохил мекунад. Масалан, фолклоршиносон аз ҳофиз Эргаш Ҷуманбулбул ӯғли 33 достонро навишта гирифтаанд, ки ӯ ҳар сафар онҳоро бо мисраи нав иҷро мекард.
Ё ки Пӯлкан шоир зиёда аз 70 достонро аз худ карда буд, ки ҳар яки он аз 2-3 ҳазор то 10-15 ҳазор байт иборат буд.
Аз таърихи бахшигӣ маълум аст, ки бахшиёни номвар ҳамчун бадеҳагӯй ва соҳиби хотираи бузург  тарбия намудани шогирдон то 5-6 сол меҳнат мекунанд. Умедворам, ки баъди ҷашнвораи навбатӣ чунин анъанаи устоду шогирд бештар ба роҳ монда мешавад.

Ғайбулло ҲОҶИЕВ,
Артисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон

Корҳое, ки оиди тарбияи фарзанд, чун инсони комил бавоярасонии он дар мо пеш бурда мешаванд, фикр мекунам, барои ҷаҳониён намунаи ибрат аст. Вақте тифл ба дунё омад, дар гӯшаш азон хондан ба анъана табдил ёфтааст. Баъд ӯро модар дар гаҳвора хобонда, ба аллахонӣ сар мекунад. Асное ақлашро шинохт, хусусан, бобою бибиҳо ба тарбияаш аҳамияти аввалдараҷа медиҳанд. Аснои тарбия хиргоҳӣ низ намуда, тавассути суруд беҳтарин ҷиҳат ва фазилатҳои инсониро дар қалб ва идрокаш ҷойгузин месозанд.
Гуфтанием, суруд ва тарона ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба дунё омадани фарзандонамон ҳамдам ва ҳамнафаси онҳост. Дар мусиқӣ ва овозхонии миллиамон беҳтарин орзу ва армонҳои одамӣ муҷассам аст. Мо, айни замон, бо қадимӣ будани таърихи санъати пуршаъни хеш ифтихор менамоем.
Солҳоеро низ ба сар бурдем, ки аксарият ба мусиқии сабук, шӯх ва гоҳо пурғиреву сершиддати аврупоӣ гаравида, оҳангҳои миллии мо, минҷумла, мақом, бахшигӣ ва мавригӣ барин навоҳои нодири санъати сарояндагии бобоӣ аз эътибор то андозае дур монданд. Ҳанӯз соли 1945, вақте аз оҳангсозу овозхони бузург Муллотӯйчӣ Тошмуҳаммедов суол кардаанд, оё аз эътибор дур мондани дутору танбӯр ва ҷои онҳоро гирифта истодани асбобҳои мусиқии Ғарб ташвишовар нест? Вай гуфтааст, ин ҳолат, албатта, ташвишангез, вале гузаранда аст, рӯзе мерасад, ки мо ба асл баргашта ва боз ба танбӯру дутор рӯй меорем...
Дар Шаҳрисабз бавуқӯъоии ҷашнвораи санъати мақомсароӣ, дар Тирмиз рӯикороии ҷашнвораи байналхалқии санъати ҳофизӣ дарак аз қадри тоза пайдо кардани мақом ва бахшигӣ барин санъатҳои қадимии сарояндагӣ дар даврони нави таърихист. Багӯшрасии «Мавригӣ», танинандозии «Гӯрӯғлӣ»-сароӣ, айни замон, дилҳоро ба хурӯш оварда, натанҳо мардуми бумӣ, балки ҷаҳониёнро тасхир менамояд.

Аҳмадҷон ДАДАЕВ,
Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ӯзбекистон,
бастакор.

Ман бо санъати бахшигӣ аз солҳои донишҷӯиям шинос ҳастам. Вақте ки дар омӯзишгоҳи мусиқии Тошканд ба номи Ҳамза таҳсил мекардам, устод, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Рӯзимбек Муродов оиди намудҳои санъат, аз ҷумла санъати бахшигӣ низ гуфта мегузаштанд ва худашон бо лафзи ширини хоразмиён аз достонҳои халқӣ месаройиданд. Баромадҳои бахшиён дар телевизион низ эътиборамро ҷалб мекард. 
Аз достонҳои қадима метавонем маълумотҳоро оиди тарзи зиндагонӣ, маънавияту маърифат ва таърихи ҳамватанонамон дастрас намоем. Манзараҳои зебои табиатро тараннум намудани бахшиён бошад, ба кас хушнудии зиёд мебахшад. 
Бахшигӣ танҳо хоси халқҳои Осиёи Миёна буда, онҳоро дар тоҷикон «ҳофиз», «соқӣ», «гӯянда», «шоир», қазоқҳо «оқин», «ҷиров», қирғизон бошад, «манасчӣ» мегӯянд. Дар кишвари мо мактабҳои бахшигии Булунғур, Нурато, Қӯрғон, Шаҳрисабз, Хоразм мавҷуд аст, ки гӯяндагии онҳо нотакроранд.
Бахшигӣ сабру қаноат, қувваи ҳофизӣ барин фазилатҳоро талаб менамояд, ки чунин фазилатҳо барои насли имрӯз хеле заруранд. Аз ин ҷиҳат қарори Президент оиди баргузор кардани анҷумани байналхалқии санъати бахшигӣ айни муддаост.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: