ХАБАРҲО

ВОХӮРӢ БО БОНУВОНИ СОҲИБКОР

Бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Намангон заноне, ки бо соҳибкорӣ машғуланд ё ки фаъолияти соҳибкориро нав сар кардаанд ва ба ин соҳа шавқу ҳавас доранд, вохӯрӣ баргузор гардид. 

Дар он ҷонишини ҳокими вилоят Динара Ёқубова, роҳбарони корхонаҳои хусусӣ, соҳибкорони фаъол, вакилони бонк ва  намояндагони воситаи ахбори оммавӣ иштирок доштанд. 
Масъулон дар хусуси имконият ва шароитҳое, ки барои занону духтарон дода шудааст, сухан карда, таклиф ва тавсияҳо доданд. Иштироккунандагон барои ривоҷ додани кор дар масъалаи  субсидия, кредит, таъминоти ҷойи корӣ, имтиёзҳои гумрук ва андоз аз мутахассисони соҳа ҷавоб гирифтанд.
Дар чорабинӣ соҳибкорони маҳаллӣ маҳсулоти истеҳсоли худро пешкаш намуданд. Ба бонувоне, ки ҳаракати ташкилкунии соҳибкориро доранд, аз тарафи мутахассисон лоиҳаи тиҷоратӣ, маслиҳатҳои лозимӣ дода шуд. Якчанд тадбиркорзанони фаъол аз ҷониби ташкилотчиён  бо тӯҳфаҳо рағбатонида шуданд. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Намангон.


БАРНОМАРЕЗИИ  АНҶУМАНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ 

Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Маркази ҷумҳуриявии санъати ҳаҷвнигорӣ ва аскияи ба номи Юсуфҷон қизиқ Шакарҷонов, Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишгоҳи давлатии маданият ва санъати Ӯзбекистон моҳи октябри соли 2024 Анҷумани байналхалқии илмӣ-амалиро таҳти мавзӯи «Аҳамияти ҳаҷвнигорӣ ва аскияи миллии ӯзбек дар инкишофи маънавии ҷомеа» баргузор менамоянд.

Дар он масъалаҳои «Чашмандозии ҷаҳониён ба мероси ғайримодиву мадании Ӯзбекистон», «Рушди аскиягӯӣ ва санъати ҳаҷвнигории миллӣ», «Аҳамияти фолклор дар омӯзиши мероси миллию маданӣ», «Решаҳои таърихии анъанаҳои устоду шогирд дар аския» ва «Меъёрҳои ташаккули маънавиёт дар низоми арзишҳои миллӣ» баррасӣ мегарданд. 

Фархундаи РАВШАНЗОД,
шаҳри ФАРҒОНА

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: