Хабарҳо аз Сирдарё

МАШВАРАТИ ИЛМИВУ АМАЛӢ

Дирӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Гулистон дар мавзӯи «Асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва таълимиву тарбиявии таъминсозии фаровонии оила» семинари илмию амалӣ баргузор гардид.
Онро проректори донишгоҳ, дотсент Равшанбек Маҳмудов бо сухани муқаддимавӣ кушода, меҳмононро хайра мақдам гуфт. Ба машварат сардори Садорати маркази илмию тадқиқотии «Оила»-и вилоят Сабоҳат Зуннунова, ректори Донишгоҳи давлатии Гулистон Муҳсин Ҳоҷиев, ҷонишини ҳокими вилоят, раиси Шӯрои занону духтарон Дилфуза Уралова иштирок ва суханронӣ карданд. 
Иштирокдорони машварат доир ба мавзӯъҳо ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

ҲАЁТИ БЕ ДАСТУ ПО

Бо саъйи ходими масъули Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Исломхон Ғаффоров дар Донишгоҳи давлатии Гулистон ташкил гардид.  Ник Вуйчичро дар саросари дунё ҳамчун инсоне, ки иродаи қавӣ, қатъият ва матонати шикастнопазир дорад, мешиносанд. Ин ҷавони бе дасту по сарҳад надоштани имкониятҳои ақлӣ ва ҷисмонии инсонро бо ҳаёти шахсӣ собит кард. Ғайр аз ин Ник Вуйчич ҳамчун нотиқи бомаҳорат машҳур аст. Ӯ бо нутқҳояш  навмедон ва ногироҳоро ба зиндагӣ дилгарм мекунад.                                                              Дар охири чорабинӣ донишҷӯён таассуроти худро оид ба зиндагии ибратбахши муаллиф ва китоби ӯ баён карданд.
 
НАВИСАНДАИ МАҲБУБИ ХАЛҚ

Тадбири дигаре, ки дар донишгоҳ доир шуд, ба навадумин солгарди мавлуди адиби машҳур Чингиз Айтматов бахшида шуд. Толори анҷуман ба намоишгоҳи китобҳо шабоҳат дошт. Меҳмонон ва толибилмон пеш аз оғози чорабинӣ китобҳои дар солҳои гуногун ба забонҳои мухталиф чопшудаи нависандаро бо ҳарисии ба китобхон хос тамошо карданд...
Тадбирро ректори донишгоҳ, профессор Муҳсин Ҳоҷиев ҳусни оғоз бахшид. 
Ба чорабинӣ баҳсу мунозираи донишҷӯён аз рӯи асарҳои Чингиз Айтматов ҳусни хотима бахшид.

Тӯхтамиш БОҚИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сирдарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: