Хабарҳо аз вилояти Бухоро

Зафари пахтакорон

Зафари пахтакорон

Деҳқонони асили хоҷагии фермерии «Ҷамолов Баҳриддин»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Розмоз»-и ноҳияи Вобканд бо чинаки аввал нақшаи солонаи ба давлат супоридани пахтаро иҷро карданд. 

Онҳо фасли баҳор дар 27,3 гектар майдон пахта корида мувофиқи таҷрибаи чандинсолаашон ба парвариши ниҳолҳо эътибори алоҳида доданд. Риояи қатъии қоидаҳои агротехникӣ, обёрию коркарди саривақтии байни қаторҳо боиси фаровонии ҳосил гардид. Ғунучини ҳосил вақти зиёдро талаб накард. Ниҳоят ба пунктҳои қабул 83,8 тонна ашёи хоми пурқимат супорида шуду деҳқонон нафаси осуда кашиданд. Бо ин муносибат ҳокимияти ноҳия пахтакорони сарбаландро муборакбод намуд ва ба зарбдорони меҳнат тӯҳфаҳо инъом гардид.
 ***
Меҳнатдӯстони хоҷагии фермерии «Шӯрча кӯли»-и  ҳамин ноҳия низ ба қавли худ вафо карданд. Онҳо дар 32 гектар майдон пахта корида баъди заҳмати зиёд ҳосили фаровон рӯёнданд. Ба давлат 94,5 тонна «тиллои сафед» армуғон карда, нақшаи солонаро 103 фоиз иҷро намуданд. Баъди чинаки якум ҳосилнокии майдонҳо қариб ба 30 сентнерӣ рост омад. Комёбии деҳқонон аз ҷониби ҳокимияти ноҳия ҳавасманд гардонда шуд. Дар саҳро ҳосил бисёр аст ва ғунучини он бо рӯҳбаландӣ давом дорад, имрӯз дар ноҳияи Вобканд бештар аз даҳ хоҷагии фермерӣ плани пахтасупориро иҷро кардааст.

Бозорҳои нави ноҳияи Ҷондор

Имрӯз дар ноҳияи Ҷондори вилояти Бухоро бештар аз 140 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад. Ҷавобгӯи замон набудани бозор мардумро ба ташвиш оварда буд. 

Дар арафаи 30-солагии соҳибистиқлолии мамлакат орзуи деринаи онҳо ҷомаи амал пӯшид. Дар ноҳия деҳқонбозори нав ба фаъолият оғоз кард. Ҳоло бошад, бозори молҳои саноатӣ ба кор даромад. Дар 3,5 гектар майдон ҷараёни корҳои сохтмон аз ҷониби бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ҷондор савдо маҷмуаси» ба амал баромад. Бо ин мақсад 27 миллиарду 400 миллион сӯм маблағ харҷ гардид. Дар натиҷа 280 дӯкони савдо ва як маҷмӯи калони савдо ба кор омода шуд. Дар маросими тантанавии кушодашавии бозор ҳокими ноҳия Санъатулло Ҳикматов ва Қаҳрамони Ӯзбекистон Тӯра Нарзиев ҷамъомадагонро бо комёбии навбатӣ муборакбод  намуданд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: