ХАБАРҲОИ ГУМРУК

Кӯшиш оид ба истифодаи ғайриқонунӣ аз имтиёзҳо фош гардид

Кӯшиш оид ба истифодаи ғайриқонунӣ аз имтиёзҳо фош гардид

Мақомоти гумрук ба истифодаи дурусти имтиёзҳо бинобар расмӣ кунондани гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, ситонидани пурраи боҷи гумрук диққати махсус медиҳанд.
Аз ҷумла, дар посгоҳи гумрукии TИФ «Тошканд-товар» ҳуҷҷатҳои дахлдори бори воситаи нақлиёти махсуси русуми хориҷии «Насоси бетонӣ», ки барои расмигардонӣ бо истифода аз имтиёз тақдим шуда буд, тафтиш гардид.
Мувофиқи ҳуҷҷат, тибқи хулосаи коршиносон воситаи махсуси нақлиёти автомобилӣ, ки дар ҳуҷҷатҳояш истеҳсоли соли 2019 сабт гардидааст, на дар соли 2019, балки тавре ки санадҳо собит мекунанд, соли 2015 истеҳсол шудааст.
Дар натиҷа, 3 миллиарду 247 миллион сӯм боҷи иловагии гумрукӣ ҳисоб карда шуда, воситаи нақлиёти автомобилии «Автобетоннасос»-и арзишаш 4 миллиард сӯмина муваққатан боздошта шуд.
Бинобар ҳолати мазкур амалиёти пурсуҷӯии тотафтишотӣ идома дорад.
Пеши роҳи муомилоти ғайриқонунии доруворӣ гирифта шуд

Мақомоти гумрук бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои дорувории бесифат пайваста мубориза мебаранд.
Кормандони шуъбаи мубориза бо қочоқ ва аудити гумрукии  Раёсати гумруки вилояти Сирдарё дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Тошканд алайҳи гардиши ғайриқонунии воситаҳои доруворӣ амалиёти фаврӣ анҷом доданд.
Дар рафти чорабинӣ воситаи нақлиёти автомобилии русуми «Кобалт», ки Д.М. ном шаҳрванди таҳти назорат қарордошта идора мекард, дар яке аз истгоҳҳои шаҳри Оҳангарон мавриди санҷиш қарор гирифт.
Маълум шуд, ки дар дохили мошин 693 адад доруи ба сифаташ кафолат дода нашудаи  “Гриппол плюс”  ба маблағи 119 миллион сӯм мавҷуд буд, ки ба мақсади фурӯхтан ба харидори шартӣ оварда шудааст.
Мақомоти гумрук ин қазияро таҳқиқ мекунанд.

Гардиши ғайриқонунии симоб фош гардид

Маълум аст, ки симоб аз моддаҳои заҳролуд ба шумор меояд. Аз ҷумла, бухоршавии кушоди он дар ҳаво метавонад ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонад. Аммо, ҳанӯз нафароне ёфт мешаванд, ки мехоҳанд ба ивази даромади муфт ин моддаи заҳролудро ғайриқонунӣ фурӯшанд.
Кормандони шуъбаи мубориза бо қочоқ ва аудити гумрукии Раёсати гумруки вилояти Сурхондарё дар ҳамкорӣ бо ХАД, ШКД ва Гвардияи миллӣ дар ноҳияи Тирмиз оид ба пешгирии гардиши ғайриқонунии филизоти нодир, моддаҳои заҳрнок, пайвастагиҳои симоб ва симобро, ки мутобиқи меъёрҳои давлатӣ ба  табақаи молҳои хавфнок дохил мешаванд, амалиёти фаврӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ шаҳрванд Ш.Б. ҳангоми ба харидори шартӣ ба маблағи 30 000 доллар фурӯхтани  307 грамм «симоб» бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шуд.
Алҳол мақомоти гумрук ин қазияро тафтиш мекунанд.
Дар борхалтаҳо 144 ҳазор дона воситаҳои пиротехникӣ 

Ҳар сол, вақте ки Соли нав наздик мешавад, мо дар кӯчаҳо шоҳиди садоҳои  нохуш ва оқибатҳои фоҷиабори воситаҳои гуногуни пиротехникӣ мегардем, ки дилҳоро ба дард меоваранд. 
Бо мақсади пешгирии чунин воқеаҳои нохуш мақомоти гумрук низ чораҳои фаврӣ андешида, вуруди ғайриқонунии воситаҳои пиротехникиро ба қаламрави кишвар пешгирӣ мекунанд.
Аз ҷумла, кормандони шуъбаи мубориза бо қочоқ ва аудити гумрукии Раёсати гумруки вилояти Фарғона чорабинии фаврӣ баргузор карданд, ки ҳадафи он пешгирӣ аз қочоқ ва гардиши маводи пиротехникӣ мебошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ 2 дона борхалтаи  шаҳрванд  К.С., ки дар ҳудуди ноҳияи Тошлоқ ҳаракат мекард, аз назар гузаронда шуд.  Маълум шуд, ки дар борхалтаҳо 2400 қуттӣ дар маҷмӯъ 144 000 дона маводи пиротехникии арзиши умумиашон  20,4 миллион сӯмина будааст.
Айни замон, бинобар ин ҳолат амалиёти тафтишотӣ идома дорад.

Хидмати мутбуоти 
Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: