ХАЙРХОҲИ ХАЛҚУ ВАТАН БОШЕМ

Соли 1992 бо шарофати истиқлолият дар деҳаи Чаканд мактаби нав сохта шуда, бо таҷҳизоти нав таъмин гардид.

Соли 2001 дар ноҳия аввалин шуда ба мактаби мо компутер доданд ва як синф пурра барои он муҷаҳҳаз шуд. Дар ин давра мактаб ба маркази ахбору коммуникатсия табдил ёфт. Зеро аз ҳамаи мактабҳои ноҳия омӯзгорон омада нозукиҳои ин фанро меомӯхтанд. Корҳое, ки оид ба фан анҷом додам, дар саросари ноҳия оммавӣ гардид. Меҳнати банда соли 2007 аз ҷониби ҳукумат бо ордени «Дӯстлик» қадр ёфт. 
Соли 1999 ба деҳа хати қубури оби ошомиданӣ ва гази табиӣ гузаронида шуд. Ин созгориҳо боиси хурсандии мардум гардид. Солҳои 2010-2018 вазифаҳои масъулиятноки ҷонишини директор оид ба корҳои таълим, директори мактабро бар ӯҳда гирифтам. Соли 2014 мардуми деҳаҳои Чаканд, Намангон ва Муғол маро аз ҳизби «Миллий тикланиш» ба депутатии шӯрои ноҳия  интихоб карданд. Бо ҳамроҳи гурӯҳи кории сектори дуюм (шуъбаи корҳои дохилӣ) зуд-зуд бо аҳолии ин маҳалҳо вохӯрда, аз муаммову мушкилиҳои онҳо хабардор мегардем. Аммо агар дар бораи муаммоҳои мардуми деҳа ва мактаби худ ҳарф заданӣ бошам, аз сабаби номуназзамии низоми гармидиҳии мактаб бо ёрии гази табиӣ тафсондани синфхонаҳо кори осон нест.
Ба ҷиҳати бетонӣ будани девори мактаб хонандагон дар фасли зимистон мушкилӣ мекашанд. Пешниҳоди худро оид ба таъмири бинои мактаб ба идораҳои масъул расонидем, аммо аз сабаби ба таъхир мондани ҷудокунии маблағ кор самара намедиҳад. Дар ин бора якчанд бор ба идораҳои  болоӣ мактуб ирсол намудем, мутаассифона, то ҳол натиҷа нест. 
Дигар ин ки китобхонаи мактаб қариб, ки китобҳои бадеии тоҷикӣ надорад. Кошки, дар нашриётҳои ҷумҳурӣ осори классиконро ба нашр мерасониданд, мо онҳоро харид мекардем. Компутерҳо ҳам куҳна шудаанд. Кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон дар ҳаёти мардуми ду мамлакат воқеаи басо фараҳбахш гардид. Азбаски деҳаи мо дар наздикии сарҳади давлатӣ воқеъ аст, медонам, ки одамони зиёд дар ноҳияҳои Зафаробод, Шаҳристон ва Истаравшан хешу табор доранд. Минбаъд имкон пайдо мешавад, ки ба ғаму шодии ҳамдигар шарик гарданд. 
Амалӣ гардидани Барномаи давлатии «Маҳаллаи обод» ба он оварда мерасонад, ки торафт намои деҳа, шаҳру шаҳракҳои мо зебо гарданд. Боварӣ дорем, ки ин ҳол сокинони деҳаи Чакандро ҳам фаро мегирад. Муҳимтар аз ҳама, хайрхоҳи халқу Ватан будани ҳар кадоми мост. 

Боймурод ҶАББОРОВ,
дорандаи ордени «Дӯстлик».
Ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: