Солҳои охир ҷавобан ба ташаббуси сарвари давлатамон китобхонӣ дар байни наврасон ва ҷавонон тарғибу ташвиқ карда мешавад.
Шумораи китобхонаҳо афзуда, сифат, мазмун ва миқдори адабиётҳои бадеӣ зиёд мегарданд. Ин ҳама баҳри баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, маданият ва одобу ахлоқи насли наврас нигаронида шудааст.
Аммо камбудиҳо ҳоло ҳам зиёданд, миқдори нашри адабиётҳои бадеии тоҷикӣ, дастраси хонандагон гардонидани онҳо мувофиқи талаб нест. Пӯшида нест, ки дар китобхонаҳои мактабҳои тоҷикии ҷумҳурӣ шумораи адабиётҳои бадеӣ хеле кам буда, ба талабот ҷавоб намедиҳад.
Ба наздикӣ муаллими нафақахӯр Назирҷон Эргашев аз сафари Тоҷикистон баргашта, бо худ 14 дона китоби нависанда Садриддин Айнӣ ва дигар қаламкашони тоҷикро оварда, ба китобхонаи мактаби №13 туҳфа кард.
Номбурда ният дорад, минбаъд низ ин иқдомро идома диҳад.
Таҳмина
ҚУРБОНОВА,
деҳаи Варзики
ноҳияи Чусти
вилояти Намангон.