ХАЛҚ МЕЪЁРҲОЕРО, КИ СИЁСАТИ СУЛҲҶӮЁНА ВА ДӮСТОНАРО ИНЪИКОС МЕНАМОЯНД, ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

Муҳлати муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» то 1 август дароз карда шуд.

Сабаби ин дар чист? Якум, мардуми мо фаъолнокӣ нишон дода, оид ба лоиҳаи қонун ва дар вохӯриҳо бо интихобкунандагон таклифҳо мефиристанд.
Ҳамин тариқ, дар чорабиниҳо ва вохӯриҳо дар қитъаҳои интихоботӣ шоҳиди он будем, ки чӣ гуна сокинони ноҳияи Сӯх, ки дар анклаву кӯҳистони вилояти Фарғона ҷойгиранд, дар татбиқи ислоҳоти конститутсионӣ фаъолона иштирок намуда, пешниҳод ва андешаҳои худро ирсол менамоянд. 
Зимни вохӯриҳо сокинон ҳамчунин иброз доштанд, ки солҳои охир таваҷҷуҳу ғамхории баланди давлати моро эҳсос кардаанд.
Бахусус ҳикояи ҳаётии сокини 88-солаи Сӯх Тоҷиддинбобо ба ёдам меояд. Вай нақл кард, ки дар замони шӯравии пешин дар корхонаи маъдани кӯҳии шаҳри Ҳайдаркони Қирғизистон кор мекард ва пас аз ба даст овардани истиқлол ҷои кор ва иқоматаш дар он ҷо расман сабт шудааст. Дар натиҷа Тоҷиддинбобо мақоми шахси бешаҳрвандро гирифт ва 25 сол аз Сӯх баромада натавонист. Тоҷиддинбобо ашки чашмонашро дошта натавониста, нақл кард, ки беш аз 20 сол боз хоҳару домодашро, ки дар деҳаи Чунғараи ҷумҳурии ҳамсоя зиндагӣ мекунанд, дида натавонистааст.
Агар таърихро ба ёд оред, то соли 2016 бисёре аз сокинони ин мавзеъ солҳои тӯлонӣ роҳи ҳалли ин масъаларо пайдо карда натавонистанд. Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ин ноҳияи бо Қирғизистон ҳамсарҳад, дар минтақаи «анклав» воқеъ буда, барои ба дигар минтақаҳои ҷумҳуриамон рафтан лозим меомад аз кишвари ҳамсоя гузаранд. Яъне барои ин аз посгоҳҳои марзӣ, гумрукӣ, санитарию экологӣ, корҳои дохилӣ ва нақлиётии кишвари ҳамсоя гузаштан лозим меомад.
Хушбахтона, дар шаш соли охир дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва ҳамчунин фармону қарорҳои қабулшудаи Президенти кишвар аз миёни ҳазорон ҳамватанони мо имрӯз зиёда аз 200 нафар сокинони Сӯх шаҳрвандӣ қабул намуда, робита бо мамлакатҳои ҳамсоя мустаҳкам гардиданд.
Инчунин, дар муддати кӯтоҳи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба беҳбудии ҳаёти иҷтимоию иқтисодии аҳолии Сӯх нигаронда шудааст, бештар аз 50 корхонаи саноатӣ бунёд гардид. Истеҳсоли маҳсулоте, ки дар дигар минтақаҳо анҷом дода мешаванд, дар худи ноҳия ба роҳ монда шуд, ки бо ҳамин ба иқтисодиёти устувор замина гузошта шуд. Ғайр аз ин, содироти маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шуд.
Имрӯз мо бо ифтихор қайд мекунем, ки меҳмонони олиқадр, ки аз Қирғизистони ҳамсоя ба Сӯх меоянд, ба ин дигаргуниҳо дар Ӯзбекистон бо мафтунӣ менигаранд. Сиёсати мукаммали андешидашуда, аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи иқтисодӣ асоси беҳтар шудани зиндагонии халқи мо ва таъмини некӯаҳволии иқтисодии оилаҳо гардид.
Дар асоси ғояи «Ҳар як оила соҳибкор» лоиҳаҳои баланд бардоштани даромади аҳолӣ амалӣ гардида, ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, рушди соҳаи хизматрасонӣ дастгирии давлатӣ расонда шуда, ба туфайли ин ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
Хулоса, имрӯз мардуми Сӯх ислоҳоти ба Конститутсияи халқӣ табдил додани Қонуни Асосиро, ки ирода, орзую умеди халқи моро ифода мекунад, комилан тарафдорӣ мекунанд.
Аз ҷумла, шаҳрвандон меъёреро, ки ба лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ дар бораи бекор кардани ҳукми қатл дар Ӯзбекистон ворид шудааст, инчунин маҳкумияти шахс ва оқибатҳои ҳуқуқие, ки аз он бармеояд, барои маҳдуд кардани ҳуқуқи хешовандони ӯ асос шуда наметавонад, ҷонибдорӣ мекунанд.
Ба ғайр аз ин, ба Қонуни асосии мо ворид намудани моддаҳо дар хусуси он, ки  Ӯзбекистон бо тамоми давлатҳо, дар навбати аввал бо ҳамсоягони наздики худ сиёсати сулҷӯёна ва дӯстона пеш мебарад, ки сиёсати хориҷии он ба тамоюл ва меъёрҳои яклухтии ҳудудии давлат,  риояи ҳуқуқу озодии инсон асос ёфтааст,  аз ҷониби мардуми Сӯх гарму ҷӯшон пазируфта мешавад.
Ҳамин тавр, раванди муҳими сиёсии имрӯза дар мамлакати мо — муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ дар асоси тамоюли «сарчашма ва муаллифи ягонаи  Конститутсия халқ аст» мегузарад.
 
Аҳмадҷон ҒАНИЕВ,
депутати Палатаи 
қонунгузории 
Олий Маҷлис 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: