«ХАЛҚ ОВОЗИ» ОВОЗИ ХУДРО ДОРАД

Дар соли 2023 рӯзномаи «Халқ овози» бори аввал бо теъдоди беш аз 10 ҳазор нусха нашр мешавад

Дар соли 2023 рӯзномаи «Халқ овози» бори аввал бо теъдоди беш аз 10 ҳазор нусха нашр мешавад
Аз моҳи январи соли 2023 нашрияи ӯзбекзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Халқ овози»  дар замони Истиқлолияти давлатӣ бори аввал беш аз 10 ҳазор нусха нашр мешавад. 
Ёдовар мешавем, ки нашри рӯзнома аз моҳи феврали соли 1929 бо номи «Қизил Тожикистон» оғоз шудааст. Баъдан бо номи «Совет Тожикистони» низ чоп шудааст. Дар солҳои 80-уми асри гузашта адади нашри рӯзнома то ба 100 ҳазор  нусха мерасид.
Дар идораи рӯзнома солҳои гуногун шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, аз қабили Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров, Ҳамид Гадоев, Ҳоҷӣ Содиқ, Мухторҷон Баҳриддинов, Исмоилҷон Муҳсинов, Ӯлмас Ҷамол ва дигарон фаъолият намудаанд.
Тарғиби сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, корҳои ободкориву созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, пойдор намудани дӯстии халқҳо мавзӯъҳои асосии рӯзномаро ташкил медиҳанд.
Ҳайати эҷодии нашрия таҳти сарварии сармуҳаррири рӯзнома Ёқубҷон Абдуманнонзода мекӯшанд хонандагони худро бо навгониҳои дохилу хориҷи мамлакат сари вақт шинос созанд.
Имрӯз дар идораи рӯзнома журналистони шинохтаи ӯзбекзабони кишвар, ба мисли Эркин Шукуров, Искандар Маҳмадалиев, Абдулло Саидов, Гулфинур Аюпова, Абдуҳафиз Мирзоаҳмедов, Ӯринбой Усмонов, Зуҳриддин Умаров, Нарзулло Нурбобоев, Дилрабо Пирназарова, Нозимҷон Эргашев, Юсуфҷон Бердиев ва дигарон фаъолият доранд.

АМИТ «Ховар».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: