Халқамон дар ҳамҷиҳатӣ ба анҷоми корҳои бузург қодир аст

Сарфи назар аз вазъи душвори пандемия корҳои созандагӣ дар кишвари мо қатъ нашуд. Яке аз паси дигар барои беҳтар кардани сифат ва шароити мардум лоиҳаҳои калон ба кор дароварда мешаванд.

Сарфи назар аз вазъи душвори пандемия корҳои созандагӣ дар кишвари мо қатъ нашуд. Яке аз паси дигар барои беҳтар кардани сифат ва шароити мардум лоиҳаҳои калон ба кор дароварда  мешаванд.

Имсол дар арафаи ҷашни Рӯзи истиқлолият  марҳилаи якуми метрои рӯизаминӣ ба истифода дода шуд, дар ин рӯзҳои идона звенои навбатии муҳими низоми нақлиёт -- хати Сергелӣ ба истифода дода шуд.

26 декабр Президент Шавкат Мирзиёев бо хати нави метро шинос шуд. Бо намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ВАО муколама баргузор гардид.

-- Соли равон барои иқтисодиёт, барои мардуми мо мушкилоти зиёдеро пеш овард, ки таъсири онҳо ҳанӯз ҳам эҳсос мешаванд. Аммо мо ҳар рӯз, машварат намуда, тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳем, то ин мушкилотро то ҳадди имкон камтар кунем. Мо роҳҳои рушди иқтисодиёт, бозорҳои нав, манбаъҳои даромади мардумро меҷӯем. Ҳама масъалаҳо дар қисмати маҳаллаҳо ҳал карда мешаванд. Чаро? Ҳамаи имконот ва ҳама камбудиҳоро дар мисоли маҳалла дидан мумкин аст, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Чорабиниҳо оид ба таъмини устувории нархҳо дар бозор ва афзоиши иқтидори энергетикӣ қайд карда шуданд.

 -- Ба воситаҳои ахбори оммавӣ ташаккур. Онҳо дӯстанд, на душмани давлат. Агар онҳо дар бораи адолат ва ростӣ бо овози баланд ҳарф назананд, қадами мансабдорон "аз замин бардошта мешаванд". Ҳама пешвоён бояд дар хотир дошта бошанд, ки онҳо аз ин мардуманд, фарзандони ин миллатанд. Мо бояд сулҳу осудагии кишварро қадр кунем ва барои мардуми худ шароити муносиб фароҳам орем, -- гуфт Президент.

Якҷоя бо намояндагони ҷомеа сарвари давлат ба қатора баромада, бо шароити барои мусофирон муҳайёшуда шинос шуд.

Тошканд, ки ба мегаполис табдил меёбад, аз ҷиҳати масоҳат ва шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ бузургтарин шаҳр аст. Ҳоло дар пойтахт тақрибан се миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол ба шаҳр садҳо ҳазор сокинони минтақаҳои гуногуни кишварамон, меҳмонон аз хориҷи дуру наздик ташриф меоранд.

Табиист, ки ин рушди низоми нақлиёти шаҳр, ба роҳ мондани ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии мусоид, бехатар ва тезгардро талаб мекунад. Солҳои охир бо ташаббуси шахсии Президент Шавкат Мирзиёев ба рушди босуръати нақлиёти ҷамъиятӣ ва ташкили низоми нақлиётӣ дар шаҳри Тошканд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба рушди метрополитени зеризаминӣ ва рӯизаминӣ диққати махсус  дода мешавад.

Тарҳрезии ин хати метро соли 2017 оғоз ёфт. Рафти сохтмон таҳти таваҷҷӯҳи доимии сарвари давлат қарор дошт.

Дар хати дарозиаш 7 километр панҷ истгоҳ сохта шудааст. Дар ҷойи пайвастшавии хати нав то истгоҳи “Олмазор”-и хати метрои Чилонзор нақби 580-метраи пайвандӣ гузаронида шуда, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ сохта шуданд.

Истгоҳҳо бо сабки миллӣ оро ёфта, бо технологияи муосир, турникетҳои электронӣ, эскалаторҳо ва лифтҳо муҷаҳҳаз мебошанд. Ба хат 214 нафар кормандон хизмат мерасонанд.

Хат метавонад дар як рӯз то 35 ҳазор мусофирро интиқол диҳад. Аз ин рӯ, он аҳамияти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дорад. Масалан, шоҳроҳе, ки ноҳияи Сергелиро бо маркази пойтахт мепайвандад, дар аксари ҳолатҳо изофабор аст, мошинҳо дар роҳбандӣ қарор доранд. Дар натиҷа, партовҳои зиёди зараровар ба атмосфера бароварда мешаванд. Мардум сари вақт ба ҷои таъиншуда нарасида, асабонӣ мешаванд. Дар ин росто, хати нави метрои рӯизаминӣ барои аҳолӣ қулайиҳои бузург фароҳам меорад.

Дар истгоҳи охирин маросими тақдимот дар бораи пайвастшавии хати Сергелӣ бо хати Қуйлуқ, сохтмони марҳилаҳои навбатии метро баргузор гардид.

-- Оё касе ҳатто тасаввур карда метавонист, ки ба Сергелӣ метро меояд?! Имрӯз барои мардуми мо қулайии бузург фароҳам оварда шуд. Ғайр аз он, ин нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Хатҳои оянда низ бояд барои аҳолӣ қулай, бехатар ва босифат сохта, таҷрибаи хориҷӣ омӯхта шавад, -- таъкид кард сарвари давлат.

Лоиҳаи мазкури арзиши умумиаш 82,66 миллион доллари ИМА аз ҷониби мутахассисони ҷамъияти саҳҳомии "Боштранслоиха" омода шудааст. Минтақаҳои даромад ва баромади истгоҳ дар асоси меъмории беназир сохта шудаанд. Аз ҷумла, масолеҳи бинокорие, ки барои оро додани пешдоманҳо истифода мешаванд, аз ҷиҳати намуд ва ранг аслӣ мебошанд. Дар ин ҷо барои мусофирон шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Масалан, дар платформаҳои истгоҳҳо барои шахсони имконияташон маҳдуд плитаҳои бехатар хобонда, лифтҳо ва эскалаторҳои замонавӣ, барои таъмини бехатарӣ -- таҷҳизоти муосири назорати видеоӣ, турникетҳои электронӣ ва равшанидиҳандаҳои каммасраф насб карда шуданд. Ғайр аз ин дар ин ҷо воситаҳои қувватдиҳии алоқаи мобилӣ мавҷуд аст. Ба ҳар як истгоҳ то 12 кондитсионери истеҳсоли хориҷӣ насб карда шудааст.

Мувофиқи маълумоти мутахассисон, имрӯз танҳо 33 фоизи аҳолӣ аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳр истифода мебаранд. Дар пойтахтҳои кишварҳои пешрафта ин рақам 60-70 фоизро ташкил медиҳад. Дар пойтахт ҳам шумораи аҳолӣ ва ҳам шумораи мошинҳо рӯз ба рӯз меафзояд. Ҳамин тавр, дар тӯли 10 соли охир шумораи мошинҳо дар шаҳр аз 250 ба 510 ҳазор, яъне ду баробар зиёд шудааст. Дар натиҷаи ба кор даровардани ду истгоҳи хати Юнусободи метрои Тошканд ва оғози марҳилаи аввали метрои рӯизаминӣ 56 масири нақлиёти ҷамъиятӣ оптимизатсия карда шуд, ки ин имкони беҳтар гардондани хидматрасонии нақлиётии 170 ҳазор нафар ва ба ҳисоби миёна 15-20 дақиқа коҳиш додани вақти онҳоро фароҳам овард.

Метрои нави рӯизаминӣ барои сокинони ноҳияҳои Сергелӣ ва Янгиҳаёт қулайиҳои зиёд хоҳад шуд ва боиси боз ҳам беҳтар гардидани инфрасохтори нақлиёт дар он мегардад.

-- Айёми кӯдакии ман дар ноҳияи Сергелӣ гузаштааст. Ман то ҳол дар яке аз биноҳои баландошёнаи ин мавзеъ, ки дар байни истгоҳҳои 2 ва 3-юми метрои Сергелӣ ҷойгир аст, зиндагӣ мекунам, -- мегӯяд Дилафрӯз Корабоева. -- Ҳоло ман ба маркази шаҳр на бо мошини шахсии худ, балки бо метро меравам, зеро ҳар субҳ аз соати 07:00 то 09:30 ва шом аз 16:00 то 20:00 дар роҳҳо тирбандии калон ба амал меояд. Маҳз дар ҳамин вақт ман ба кор меравам ва аз кор бармегардам. Ва дар ҳавои бад, рондани мошин боз ҳам мушкилтар мешавад. Ҳамин тариқ, ҳар рӯз 2-3 соат вақтам дар роҳ мегузарад.

Дар ноҳияҳои Сергелӣ ва Янгиҳаёт низ шумораи аҳолӣ меафзояд. Аз ин сабаб, тамоми рӯз дар роҳҳое, ки ба маркази шаҳр мебаранд, роҳбандӣ мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, худи замон тақозо мекунад, ки сокинони ин ноҳияҳо бо низоми нақлиёти қулай ва бехатар таъмин карда шаванд.

Тибқи ҳисобҳо, мусофире, ки аз истгоҳи 5-уми хати нави метрои Сергелӣ ба роҳ мебарояд, метавонад ба ҳисоби миёна дар 30-40 дақиқа ба истгоҳи “Буюк ипак йӯли” расад. Поезд аз 16 истгоҳ мегузарад. Дар дигар намудҳои нақлиёт, алалхусус ҳангоми тирбандиҳо, он метавонад аз як соат зиёдтар тӯл кашад.

Боз як қулайӣ дар он аст, ки дар қаторае, ки бо хати Сергелӣ ҳаракат мекунад, мусофирон метавонанд бевосита ба истгоҳи “Алишери Навоий”-и хати Ӯзбекистон тавассути истгоҳи “Олмазор”-и хати Чилонзор бо гузаштан ба истгоҳи “Пахтакор”, инчунин то истгоҳи “Юнус Раҷабий”-и хати Юнусобод тавассути истгоҳи "Амир Темур хиёбони" расанд. Ҳамин тариқ, хати нав бо тамоми хатҳои метрои Тошканд пайваст шуда, имкон медиҳад, ки мусофирон дар шаҳр ба ҷойи дилхоҳ расанд.

Оид ба такмили низоми нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳамоҳангсозии ҳаракати автобусҳо дар минтақаҳои сераҳолии пойтахт -- Қарақамиш, Ибни Сино ва заводи тракторсозии Тошканд супоришот дода шуданд.

Президент инчунин бо майдончаи варзишии дар назди яке аз эстакадаҳои метрои рӯизаминӣ сохташуда шинос шуд.

Пас аз он Шавкат Мирзиёев пули дар кӯчаи Қипчоқи ноҳияи Сергелӣ сохташударо аз назар гузаронд.

Кӯча роҳи оҳани “Тошканд-Ангрен”-ро бурида мегузарад. Гузашта аз ин, он қаблан танг ва серодам буд.

Бо ин сабаб роҳи мошингарди кӯчаи Қипчоқ то 8 қатор васеъ карда шуда, дар болои роҳи оҳан кӯпруки дарозиаш 772 метр, аз ҷумла 445 метр эстакада қомат афрохт. Баландии пул 28 метрро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни боздид сарвари давлат ба сифати иншоот ва нақши он дар такмили низоми нақлиёти шаҳр диққати махсус дод.

Пул қодир аст ҳаракати доимии то 12 ҳазор нақлиёти автомобилиро дар як соат таъмин кунад. Аз ҳама муҳимаш, он ду раги бузурги нақлиётӣ -- роҳи ҳалқаи Тошканд ва роҳи гардиши Янги Сергелиро ба ҳам мепайвандад. Ҳамаи ин барои ронандагон қулайии бештар фароҳам меорад, ҳаракатро содда ва роҳҳои дигарро сабук мекунад.

--Вақте ки пандемия оғоз ёфт, мо мақсад гузоштем, ки аз он боз ҳам қавитар бароем, -- гуфт Шавкат Мирзиёев ҳангоми суҳбат бо намояндагони ҷомеаи пойтахт. -- Ҳамаи мо мебинем, ки дар ҷаҳон чӣ рух медиҳад. Дар баъзе кишварҳо корҳои сохтмонӣ қатъ шуданд. Мардуми мо бо интизом ва ҳамбастагӣ тамоми нақшаҳои худро иҷро мекунанд. Якҷоя мо ба анҷоми бисёр корҳо қодирем.

4 июн Президент Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаи гузаргоҳи чорроҳаи кӯчаи Чӯпонота ва Роҳи ҳалқаи хурд шинос шуд. Дар оянда ин гузаргоҳ ва пули нав дар кӯчаи Қипчоқ бо роҳи нав пайваст хоҳад шуд.

Дар ин ҷо муаррифии лоиҳаҳои дар ҳамкорӣ бо ширкати туркии “Kalyon” оид ба таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Тошканд, беҳтар намудани ҳаракати нақлиёт ва мусофирон таҳияшуда баргузор гардид.

 

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ,

Абдулазиз МУСОЕВ,

мухбирони ӮзА.

          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: