Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи муҳофизони Ватан ва 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳе аз хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо рутбаҳои ҳарбӣ, орден ва медалҳо сарфароз гардонда шуданд.
14 январ дар Маъмурияти Президент маросими супурдани ин мукофотҳои олӣ баргузор гардид.
Роҳбари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи хидматчиёни ҳарбӣ ва собиқадоронро бо ин санаи бошараф табрик намуд.
– Дар зарфи 30 соли рушди истиқлолият дар мо Қувваҳои Мусаллаҳ ташаккул ёфт, сарбозон, афсарон ва генералҳои шуҷоатнок тарбия ёфтанд, бо силоҳҳои ногузир муҷаҳҳаз шуданд, дар натиҷа мо имрӯз артиши пурзӯрро соҳиб ҳастем. Ҳамаи ин чун пойгоҳи сулҳи мустаҳкам, субот ва осоиштагии Ватанамон хидмат менамояд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар солҳои охир барои баланд бардоштани қудрати ҳарбии низоми мудофиа кори доманфарох анҷом дода шуд. Амалан низоми идораи ҳарбӣ комилан бозсозӣ гардид. Механизмҳои мутаассири таъмини ҳамкории қисмҳои қӯшунҳо роҳандозӣ гардид. Зерқисмҳое, ки оҷилона мураккабтарин вазифаҳоро анҷом дода метавонанд, ба вуҷуд оварда шуданд. Дараҷаи тайёрии ҳарбӣ ва психологии қӯшунҳо баланд гардид. Секторҳои ҳарбиву маъмурӣ таъсис ёфтанд, ки дар амалиёти ҷаҳонӣ ҳамтои худро надоранд.
Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ, Академияи навтаъсиси ҳарбиву тиббӣ ва ҳамчунин литсейи ҳарбиву академии «Темурбеклар мактаби» ва инчунин муассисаҳои таълимии соҳавӣ чун пойгоҳи мустаҳками тайёрии кадрҳои касбӣ барои соҳа мегардад. Дар байни ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ таваҷҷуҳ ва кӯшиш зиёд мегардад.
Ҳар сол дар арафаи Рӯзи муҳофизони Ватан ҷамъомади Шӯрои бехатарӣ баргузор мегардад, ки дар он корҳои анҷомдодаи соҳа ва вазифаҳои муҳими оянда муҳокима мегардад.
– Дар ҷамъомади дирӯза мо барои минбаъд мустаҳкам намудани иқтидорамон, рушди тамоми самтҳои илми ҳарбӣ ва тарбияи кадрҳо нақшаҳои бузург андешидем. Рӯйдодҳои нигаронкунандаро чуқур таҳлил намудем, ки дар ҷаҳон ва дар минтақаамон рӯй медиҳанд ва барои таъмини осоиштагии халқамон ва дахлнопазирии сарҳадҳоямон чорабиниҳои иловагӣ меандешем. Мо танҳо ба қувваи худ бовар мекунем, – гуфт Сарфармондеҳи Олӣ.
Таъкид шуд, ки муҳофизони Ватан бо дониш ва сифатҳои хуби худ ба ҷавонон бояд намунаи ибрат гарданд.
– Вазифаи муҳиме, ки ман дар назди округҳои ҳарбӣ, секторҳои ҳарбиву маъмурӣ гузоштам – таъмин намудани ягонагии армия ва халқ, мусоидат намудан ба кори бошарафи ифтихор ва обрӯи инсон мебошад. Бовар дорам, ки шумо дар сафи аввали ин кор мебошед ва бо ҳар як амали худ барои ҷавонон чун намуна хидмат менамоед, – гуфт Президент.
Тамоюли «Барои гиромидошти қадри инсон» дар соҳаи ҳарбӣ низ таҷассуми худро пайдо менамояд. Барои хидматчиёни ҳарбӣ шароити муносиби хидмат ва зиндагӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Аз он ҷумла, дар панҷ соли охир қариб 10 ҳазор хидматчиёни ҳарбӣ бо манзил аз рӯи кредитҳои имтиёзнок таъмин гардиданд. Масъалаи бо кор таъмин намудан ва хидмати тиббӣ барои ҳарбиёни собиқадор аз эътибор берун намемонад.
Маросимҳои идонае, ки дар маҳалҳо баргузор мегарданд ва чорабиниҳои супурдани мукофотҳо ба ватанпарварон боз як намунаи татбиқи принсипи мазкур ба шумор меравад.
Дар маросим Президент Шавкат Мирзиёев ба тарзи тантанавӣ гувоҳномаҳоро дар бораи супурдани унвонҳои ифтихорӣ, орден ва медалҳо тақдим намуд. Ӯ ба муҳофизони Ватан сиҳатии мустаҳкам ва дар иҷрои босамари қарзи бошарафи худ муваффақиятҳои калон орзу намуд.
– Мутаассифона, ҳамаи онҳоеро, ки соҳиби мукофот гардиданд, дар ин толор ҷамъ овардан ғайриимкон мебошад. Аммо ман тамоми барандагони мукофот ва ҳамчунин онҳое, ки имрӯз дар ин ҷо ҳузур дошта натавонистанд, самимона бо унвон, орден ва медалҳои олии давлатамон табрик менамоям. Мукофот рамзи эътибор ва боварии халқамон ба шумор меравад. Онҳо ба шумо боз ҳам нерӯи зиёд мебахшад, барои даст ёфтан ба ғалабаҳои нав рағбатнок мегардонад. Халқе, ки соҳиби муҳофизони шуҷоъ мебошад, ифтихорманд аст ва ба фардо бо боварӣ нигоҳ мекунад, – гуфт Президент.
Баромадкунандагон дар маросим ба роҳбари давлат барои мукофотҳои олӣ ва эътибори ҳамешагӣ миннатдорӣ баён намуданд.