ХАЛҚИ БУЗУРГ ВА ОҚИЛИ МО ҚОДИР АСТ ДАР ТАЪРИХИ ХУД САҲИФАИ НАВИ ПУРШАРАФРО БОЗ КУНАД

24 январи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Олий Маҷлис Муроҷиатномаи навбатиашро пешкаш кард.

Дар анҷумане, ки дар Маркази конфронсҳои байналхалқӣ баргузор шуд, аъзои Сенати Олий Маҷлис ва депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ, роҳбарони ҳукумат, вазорату идораҳо, вакилони ҳайатҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ, ҷомеаи васеъ, фаъолони созмонҳои ғайридавлатӣ иштирок карданд.
Чорабинӣ аз шабакаҳои телевизион ва радиои Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, шабакаҳои телевизионии минтақавӣ ва ғайридавлатӣ, дар саҳифаҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бевосита намоиш дода шуд.
Ин чорабинии дар ҳаёти сиёсии кишвари мо нав бори аввал 22 декабри соли 2017 баргузор шуд. Роҳбари давлат бо Муроҷиатномаи дуюм 28 декабри соли 2018 ба Олий Маҷлис рӯй оварда буд. Дар ин маърӯзаҳои барномавӣ бисёр вазифаҳои афзалиятноке мушаххас гардидаанд, ки ба рушди мамлакат ва баланд бардоштани некӯҳоли мардум, афзун кардани нуфузи Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ нигаронида шудаанд, онҳо дар байни халқи мо ва ҷомеаи ҷаҳон боиси рағбати зиёд шуданд.
Дар Муроҷиатномаи ҳолоина корҳое, ки тӯли соли гузашта иҷро шуда буданд, ҷамъбаст гардида, корҳои асосӣ барои соли равон ва 5 соли наздиктарин мушаххас шуданд, вазифаҳои бартариноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат таъин гардиданд, ташаббусҳои қонунӣ бинобар масъалаҳои рӯзмарра пеш гузошта шуданд.
Президент таъкид сохт, ки Ӯзбекистон ба даҳсолаи нав ворид мегардад, комёбиҳои бадастовардаи мо таърихӣ мешаванд, ҳаёт дар назди мо торафт талаботи нав ба нав мегузорад, барои татбиқ сохтани дигаргуниҳои беш аз пеш амиқ имкониятҳои зиёд фароҳам меоянд.
Тавре ки маълум аст, бинобар пешниҳоди Президент соли 2019 дар мамлакат Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ эълон шуда буд. Дар замони кунунии зудтағйирёбанда, давроне, ки дар ҷаҳон муборизаи манфиатҳо ва рақобат пурзӯр мегардад, ба шарофати самтҳои мушаххасу асосии пешрафт дар соли гузашта натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Дар натиҷаи ҳарчи зудтар татбиқ сохтани барномаҳои оид ба бозсозии соҳаҳои асосии иқтисодиёт ва пурзӯр шудани рақобат соли гузашта суръати афзоиши иқтисодиёт 5,6 фоизро ташкил дод.
Беҳшавии шароити ҳаёти халқи мо асоси ислоҳот гардид, ба ободонии шаҳрҳо ва деҳот эътибори махсус дода шуд. Барои пешбурди тиҷорат шароитҳои беш аз пеш мусоид фароҳам омаданд, тартибот ва анъанаҳои нав ҷорӣ гардиданд. Ба шарофати ин манфиатдории соҳибкорон зиёд шуд. Дар натиҷа Ӯзбекистон дар рейтинги Бонки умумиҷаҳонии «Пешбурди тиҷорат» 7 зина боло рафт, дар байни 190 давлат бинобар нишондиҳандаи «Қайди тиҷорат» мақоми 8-умро ишғол намуд ва ба сафи беҳтарин кишварҳои ислоҳотгар дохил шуд. Чунин мисолҳоро аз хусуси комёбиҳои мо метавон бисёр овард.
Ҷустуҷӯйҳое, ки ба куллан тағйир додани мазмуну муҳтавои таълим нигаронда шудаанд, идома ёфтанд. Миқёси солимгардонӣ, ҳифзи табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ, сохтмони манзил вусъат пайдо кард. Хулоса, ислоҳот дар тамоми соҳаҳо, пеш аз ҳама, бинобар фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои халқи мо, беҳтар кардани умуман ҳаёти ӯ татбиқ шуданд.
Президент таъкид кард, ки мақсади асосии парлумони нав ва ҳукумат дар 5 соли наздиктарин бояд баланд бардоштани сатҳи ҳаёти мардуми сермиллати Ӯзбекистон бошад.
Агар ҳар кадоми мо корро хуб ба роҳ монем, масъулияти ба зиммаамон гузоштаро куллан эҳсос намоем ва софвиҷдонона кор кунем, он вақт метавонем эътимоди халқамонро сафед кунем ва сазовори эҳтироми ӯ гардем, таъкид кард роҳбари давлат.
Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар тамоми соҳаҳо ислоҳот барои муваффақ шудан ба ин гуна мақсадҳои олӣ, аз ҷумла ворид шудани Ӯзбекистон ба сафи кишварҳои пешқадам бо такя ба илм, маърифат ва инноватсияҳо татбиқ мешаванд. Дар Муроҷиатнома зикр мегардад, ки пешрафти мамлакат аз тариқи инкишоф додани илм, тайёр кардани насли нави соҳибмаълумот ва кадрҳои соҳибтахассус мақсади стратегии мо боқӣ мемонад.
Вобаста ба ин бо пешниҳоди Президент соли 2020-ум Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон гардид. Таклифи роҳбари давлат аз ҷониби ҷамъомадагон гарму ҷӯшон дастгирӣ карда шуд.
Дар Муроҷиатномаи худ ба депутатҳо ва сенаторон ва дар шахси онҳо ба тамоми мардуми Ӯзбекистон Президенти мамлакат таъкид сохт, ки ислоҳоти демократӣ барои мо  ягона роҳи дуруст мебошанд. Вай ҳамчунин ҳадафҳои бузургро дар роҳи ташаккул додани Ӯзбекистони нав иброз дошт, самтҳои асосиро оид ба рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ мушаххас намуд.
Халқи мо бояд хуб дарк намояд: мо бояд роҳи дуру дароз ва мураккабро тай намоем. Агар мо ҳамҷиҳатона пеш равем, донишҳои замонавиро аз худ намоем, поквиҷдонона ва пурмаҳсул кор кунем, ҳаёти мо, тамоми ҷомеаи мо ҳатман рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард.
Дар Муроҷиатнома ҳамчунин таъкид гардид, ки мо халқи дорои таърихи бузург, маданияти бемисл мебошем ва аз ягон санҷишҳо ҳарос надорем, дар роҳи ҳаёти озоду фаровон ҳама гуна мушкилиҳоро сарбаландона паси сар менамоем. Агар мо якҷо, ҳамҷиҳат ва софвиҷдонона меҳнат кунем, метавонем қуллаҳои баландтаринро фатҳ намоем, дар таърихи халқамон саҳифаи нави пуршарафро боз кунем.
Хулоса, халқи мо таҳти роҳбарии Президент дар назди худ ҳадафҳои бузургро гузошт. Мамлакати мо ба даврони нави рушди худ ворид шуд. Татбиқ намудани ҳар кадом самти бартариноки дар Муроҷиатнома зикршуда барои ба дараҷаи нав бардоштани пешрафти кишвари мо мусоидат мекунанд, барои халқи мо ҳамчун асоси бунёди шароитҳои мусоиди ҳаёт хидмат менамоянд.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: