ХАЛҚИ МО ДАР ИН «ҶАНГ» ҲАМ ҒАЛАБА МЕКУНАД

Пандемияи коронавирус ба сари аҳли олам чун балои ногаҳонӣ омад.

Пандемияи коронавирус ба сари аҳли олам чун балои ногаҳонӣ омад. Зеро ин беморӣ дар гӯшаи хотири ҳеҷ кас набуд.
Ҳоло мамлакате нест, ки ин беморӣ сироят накарда бошад. Шумораи беморон дар мамлакати мо ҳам рӯз аз рӯз зиёд мешавад.
Роҳбари кишвари мо аз рӯзҳои аввали пайдоиши он чораҳои заруриро меандешад. Беморхонаҳои махсуси замонавӣ бунёд мегарданд, бинои шифохонаҳои куҳна таъмир мешаванд, аз хориҷи мамлакат таҷҳизоти зарурии тиббӣ, воситаҳои ҳаводиҳии сунъӣ, ниқоб, дастпӯшак ва  корҷомаҳои ҳимоякунанда, доруҳои безараркунанда оварда мешаванд. Дар ҳамаи дуконҳо ниқоб ва антисептикҳо бо нархи дастрас фурӯхта мешаванд. Мутахассисони соҳа ҳоло вазъиятро дар сартосари олам мураккаб арзёбӣ мекунанд. Баъзеҳо ин ҳолатро ба ҷанг баробар донистаанд. 
Аз воситаҳои ахбори оммавӣ хабар дорем, ки шумораи қурбоншудагон дар мамлакатҳои дигар кам нестанд. Бо вуҷуди мураккаб будани вазъият, мамлакати мо ба бисёр давлатҳои ҳамсоя ёрии башардӯстона фиристод. Аҳолии кишварамон аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ карда мешавад, ба оилаҳои камтаъмин дар маҳаллаҳо маводи хӯрокворӣ ва кӯмакпулиҳо дода мешаванд, дари дорухонаҳо шабу рӯз кушода аст, дуконҳои хӯрокворӣ кор мекунанд, дар бозорҳо меваву сабзавот фаровон, ошхонаҳо дар шароити маҳдуд бошад ҳам, фаъолият доранд, дар ҳама ҷо ба қоидаҳои карантин риоя карда мешавад.
Бо вуҷуди ин, баъзе ҳолатҳо дар бозору дорухонаҳо табъи аҳолиро хира мекунанд. Ҳама медонанд, ки дар ин шароит табибон истеъмоли бисёр чизҳоро, мисли лимӯ, қаланфур ва дигар хӯрданиҳо тавсия додаанд. Аҷиб, имрӯзҳо нархи ҳамин хел меваю сабзавот, ба туфайли «кӯшиши» баъзе корчаллонҳо хеле боло рафтааст. Мисол, ҳоло дар бозорҳои пойтахт нархи як дона лимӯ ҳафт-ҳашт ҳазор сӯм аст. Агар аҳвол ҳамин хел давом кунад, аз ин ҳам зиёд шуданаш мумкин. Нархи як сар сир ду-се ҳазор сӯм, нархи дигар меваю сабзавоти тавсияшуда ҳам назар ба рӯзҳои гузашта боло рафтааст. Кас гумон мекунад, ки ҳоло шифокорон истеъмоли ҳар чиро тавсия кунанд, нархи ҳамон дар бозору дорухонаҳо зиёд мешавад.
– Ман чанд сол боз дар бозори деҳқонии ноҳияи Сергелӣ меваю сабзавот мефурӯшам, – мегӯяд соҳибкор Муҳаббат Содиқова. – Аммо якбора баланд шудани нархи лимӯю сирро надида будам.  Ба фикрам, пеши роҳи ин худсариҳоро гирифтан лозим.
Дуруст мегӯяд апаи Муҳаббат. Дар дорухонаҳо ҳам ҳамаи доруҳои зиддивирус ёфт намешаванд. Баъзе «корчаллонҳо» ин хел доруҳоро бо нархи хеле баланд пул карда истодаанд. 
Аз филмҳои давриҷангӣ медонем, ки дар он солҳои вазнин баъзеҳо чизҳои арзонро пул кардаанд ё даст ба дуздӣ задаанд. Вале халқ ба худсарии онҳо роҳ надодааст. Дар он солҳои мудҳиш халқи бурдбори мо як бурида нонашро бо дигарон баҳам дидааст. Матонату қаҳрамониҳои халқ буд, ки дар он ҷанг ғалаба ба даст омад.
Фикр мекунем, ки дар ин «ҷанг» ҳам якдилӣ, ҳалолӣ ва матонату шуҷоати халқи мо ғалаба мекунад.

Саодат БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: