ХАЛҚИ СОҲИБКОР – КАФОЛАТИ ҲАЁТИ ФАРОВОН

Соли равон барои ҳизбҳои сиёсӣ соли боз ҳам масъулиятнок ба ҳисоб меравад.

Тарғиботи пешазинтихобот – фаъолиятест, ки дар давраи маъракаи интихобот амалӣ гардонда мешавад ва ба даъват кардани интихобкунандагон ба овоздиҳӣ барои номзад ё ки ҳизби сиёсӣ нигаронда шудааст.
Тарғиботи пешазинтихобот аз фардои рӯзи охири барои қайдгирии номзадҳо муайянгардида оғоз меёбад. Дар рӯзи интихобот ва як рӯз пеш аз оғоз ёфтани овоздиҳӣ ба тарғибот роҳ дода намешавад.
Ба баргузор намудани тарғибот якҷоя ба интихобкунандагон бепул  ё ки дар асоси имтиёз додани мол, расондани хидмат (ба ғайр аз иттилоотӣ), инчунин пардохтани маблағи пулӣ мумкин нест.
Паҳн намудани ахбори нодуруст, инчунин маълумоте, ки шаъну шараф ва обрӯю эътибори номзадҳоро бадном месозанд, манъ карда мешавад. 

Моддаи 44-уми Кодекси интихоботи Ҷумҳурии  Ӯзбекистон.  

 

Зеро интихоботи депутатҳои Парлумон ва Шӯроҳои маҳаллӣ баргузор мегардад.
Интихобот ҷараёне мебошад, ки иштироки ҳар ҳамкишвари моро дар идоракунии давлат таъмин ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандонро дар ислоҳот ифода менамояд.
Имрӯзҳо таҳти роҳбарии Президентамон Шавкат Мирзиёев барои татбиқи ғояи накӯи «Одамон нафақат фардо ё ояндаи дур, балки имрӯз ҳам ба хушбахт зиндагӣ кардан ҳақ доранд» дар давраи нави тараққиёти мамлакат дар тамоми соҳаҳо ислоҳоти бузург татбиқ мегарданд. Албатта, дар иҷрои ин ташаббусҳо O’zLiDeР низ бо ғояҳои наву бузург, вазифаҳои аниқ фаъолият пеш мебарад.
Аз ҷониби Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон – Шӯрои вилояти фарғонагии Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон дар майдони кушоди Қасри театрию консертии ба номи Ислом Каримов таҳти шиори «Халқи соҳибкор – кафили ҳаёти фаровон!» чорабинии тарғиботӣ гузаронида шуд. 
Раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои сиёсии O’zLiDeР Актам Ҳаитов ва раиси Шӯрои вилояти фарғонагии O’zLiDeР Раҳматулло Камолов, барои ҳизбҳои сиёсӣ ҷараёни масъулиятталаб ва санҷиши муҳим будани маъракаи интихоботиро таъкид намуданд.
«Ба интихоботи имсола ҳизби мо бо ғояи «Давлат ҳам, ислоҳот ҳам, пеш аз ҳама бояд ба инсон  хизмат кунанд» баромад мекунад. Дар асоси Кодекси навқабулшудаи интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шудани интихоботи соли равон баробари дар асоси тамоюлҳои демократӣ, ба тарзи кушод, ошкоро ва шаффоф сурат гирифтан бо дар назди ҳизбҳои сиёсӣ вазифаҳои рӯзмарра гузоштанаш низ аҳамиятнок мебошад. Ба боварии интихобкунандагон сазовор шудан ба корҳои амалиамон низ вобаста.
Дар ин байн депутатҳоямон ба хонадони аҳолӣ рафта, дарду ташвишҳои онҳоро чун мушкили худ қабул карда, ба ҳалли масъалаҳое, ки онҳоро ранҷ медиҳанд, кӯмак карда, барои аз ҳаёт ризоманд зистан, ба фардои дурахшон бовар карданашон ҳаракат менамоянд», мегӯяд А.Ҳаитов.
Маълум, ки дар кишвари рӯ ба тараққии мо қишри соҳибкорон ҷойи муҳимро ишғол менамоянд. Бо таъбири Президентамон, соҳибкор нафақат худ ва оилааш, балки халқу давлатро ҳам бонӣ мекунад. Қайд бояд кард, яке аз мақсадҳои асосии ҳизб низ аз бой гардондани шаҳрвандон иборат мебошад. Онҳое, ки ба сухан баромаданд, дар бораи мақсад ва вазифа, барномаи  навшудаистодаи пешазинтихоботӣ маълумот доданд.
Дар доираи тарғибот таҳти шиори «Барои тараққиёти нурафшони Ӯзбекистони нав муттаҳид шавем!» байни ҷавонон марафон низ шуда гузашт. Ҳамчунин, дар асоси маҳсулоти фермер ва ҳунармандони вилоят намоишгоҳ ташкил карда шуд.
«Чӣ тавре ки дар барномаи пешазинтихоботии Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон – Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон таъкид ёфтааст, ман чунин фикр мекунам ҳизб бояд сиёсати паст гардондани ставкаи андози ягонаро барои тиҷорати хурд ва фермерӣ бояд давом диҳад. Ин бошад, сарпуршавии маблағҳои гардони субъектҳои хоҷагидорӣ, эҳтиёт кардани маблағи иловагӣ барои воридсозии сармояҳо, камсозии миқдори корхонаҳоеро, ки дараҷаи реалии даромадҳои худро пинҳон медоранд, таъмин менамояд. Дар баробари ин, мо тарафдори такмил додани асосҳои ҳуқуқӣ, шарт ва шароити зарурӣ барои хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ, дар омодасозии маҳсулоти хоҷагии кишоварзӣ ба қувваи пешбар табдил додани онҳо мебошем», мегӯяд дар суҳбат ба мо раиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ ва соҳибони қитъаи наздиҳавлии вилояти Фарғона Зоҳидҷон Икромов.
Фаъолони ҳизб, депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, ҳамчунин, чемпиони ҷаҳон оид ба бокс Миразизбек Мирзохалилов, соҳибкор Авазбек Пайғомов ба сухан баромада, ташаббускор будани O’zLiDeР-ро эътироф намуданд.
«Чун фарзанде, ки барои ба тараққиёти кишвар ҳисса гузоштан тайёр аст, ҳаминро гуфтаниам, ки мо, ҷавонон, мақсадҳои бузургро назди худ гузоштаем. Дар ин роҳ таҳти ғамхории Президентамон ва натиҷаи дастгириҳои O’zLiDeР ба соҳибкорӣ оғоз намуда, даҳҳо ҳамсолонамро ба кор таъмин намудаам», мегӯяд соҳибкори ҷавон Дилшод Мӯсоев.
Дар чорабиние, ки бештар аз даҳ ҳазор фарғонагиён иштирок карданд, чапакзаниҳо, ҳамчунин хитобҳои «O’zLiDeР, O’zLiDeР, O’zLiDeР», «Ин ҳизби ман, ин интихоби ман» баланд шуданд.
Дар тадбири тарғиботӣ аз ҷониби овозхонҳои шинохтаи водӣ таронаҳое садо доданд, ки истиқлол, сулҳ ва шукрона ба ин давраи пур аз дигаргуниҳои бузург дар онҳо ифода ёфтааст. Гузаронида шудани ин гуна чорабиниҳои тарғиботӣ дар тамоми ноҳияву шаҳрҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст.

Ш. ТӮХТАМАТОВ,
котиби матбуоти Шӯрои вилояти фарғонагии O’zLiDeР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: