Халқҳои ӯзбек ва тоҷикро ба ду шоҳи як дарахт ё ба ду шохаи як дарё қиёс мекунанд.
Халқҳои ӯзбек ва тоҷикро ба ду шоҳи як дарахт ё ба ду шохаи як дарё қиёс мекунанд. Оину дини муқаддас, замину об, ҳуввиятҳо, анъанаҳо, феълу атвори ин ду халқ ягона аст. Яъне шодиву ғам, бохту дастовардҳояшон ҳам ягона мебошад. Аз харитаи этнографии дунё чунин ду халқи бо фарҳангу маданият, урфу одат ва анъанаҳо ягонаро пайдо кардан душвор аст.
Дар таърихи ду давлати бародар, ки дар як манзили таърихиву маданӣ зисту зиндагонӣ мекунанд, тӯли панҷ соли охир нафаси нав ворид гардид. Аз рӯзҳои аввали сарварии Президенти муҳтарам Ш.Мирзиёев муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистони бародарӣ, ба самти устувори сиёсати хориҷии Ӯзбекистон табдил ёфт.
Аз ҳама муҳимаш, солҳои охир дар ҳар кадом самти муносибатҳои тарафайни мо куллан динамикаи нави мусбат ба даст омад. Аз ҷумла, дар оғози ислоҳотамон, яъне соли 2017-ум мубодилаи тарафайни мол агар 70 миллион долларро ташкил дода бошад, соли 2020-ум бо вуҷуди шароити душвори пандемия ин нишондиҳанда бори аввал ба 500 миллион доллар расид.
Миқдори корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон бо иштироки сармояҳои Ӯзбекистон ва шумораи онҳо дар Ӯзбекистон бо истифода аз сармояҳои Тоҷикистон 8 баробар афзуда, ҳоли ҳозир 200 ададро ташкил медиҳад.
Робитаҳои тарафайни минтақаҳои ду мамлакат низ босуръат инкишоф меёбанд. Чунончи, дар байни вилояти Сурхондарё ва вилояти Хатлон, вилояти Самарқанду вилояти Суғд алоқаҳои қарини бародарӣ ба роҳ гузошта шудаанд. Мунтазам анҷуманҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои байнивилоятӣ баргузор мегарданд, дар ин гуна ҳамоишҳо соҳибкорони ду ҷониб дар шароити иқтисодиёти рақамӣ лоиҳаҳои инноватсионии худро баҳам мебинанд. Соли равон, бахусус, дигаргуна аст. Соли 2021-ум ба истиқрори муносибатҳои дипломатии байни ҷумҳуриҳои мустақили Ӯзбекистону Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.
Агар гӯем, ки дар ин соли таърихӣ сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон модели нави муносибатҳои байни ду кишварро ба миён овард, муболиға намешавад. Ҳамкории тарафайни дӯстонаи байни сарони кишварҳои мо боиси об гардидани «ях»-ҳои муносибатҳои тарафайн гардид. Ҳоли ҳозир муносибатҳои байни ду давлат, бешубҳа, ба мақоми «шарикии стратегӣ» бардошта шудааст. Туфайли ташаббусҳои шахсӣ ва саъю ҳаракатҳои сарони ду давлат дар байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масъалаҳои марзбандии байнидавлатӣ пурра ҳаллу фасл шуданд.
Ташрифи расмии Ш.Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки 10-11 июни соли равон ба вуқӯъ пайваст, сафари чаҳоруми сарвари давлати мо буд ва он муносибатҳои тарафайни ду кишварро аз ҷиҳати сифат ба дараҷаи баланд бардошт.
Дар давоми сафар роҳбари давлати мо, пеш аз ҳама, ба салоҳияти кишварҳоямон мувофиқ набудани мубодилаи тарафайни савдоро зикр кард ва иброз дошт, ки соли оянда он бояд ду баробар афзуда, ба 1 миллиард доллар расонида шавад. Бо ин мақсад Президенти мо супориш дод, ки истисноҳои дар байни ду мамлакат бинобар режими савдои озод мавҷуд буда бартараф карда шаванд.
Қаробати минтақавии байни мамлакатҳоямон барои ҳар ду ҷониб низ афзалиятҳои бузурги иқтисодӣ меоваранд. Мувофиқи тадқиқоти Бонки умумиҷаҳонӣ қаробати минтақавӣ ба афзудани самарабахшии бозор, баробар тақсим кардани лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, ба сулҳу салоҳ ва бехатарӣ барин имтиёзҳои ғайрииқтисодӣ имконият фароҳам меоваранд.
Дар ҷараёни сафари расмӣ, ҳамчунин ба беш аз пеш вусъат додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, амиқ сохтани кооператсияҳои саноатӣ, инкишоф додани шарикӣ дар соҳаҳои нақлиёт, масъалаҳои самарабахш ба роҳ мондани салоҳияти бузурги самти энергетика эътибори алоҳида дода шуд.
Ҳамчунин ба мустаҳкам кардани масъалаҳои дипломатияи байнипарлумонӣ, табодули рафтуои маданиву гуманитарӣ, мубориза бар муқобили хатарҳое, ки метавонанд ба истиқрору амнияти минтақа таҳдид кунанд, эътибор дода шуд. Тошканд ва Душанбеи расмӣ изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои худро дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бунёди байналхалқии наҷоти Арал ва дигар платформаҳои минтақавӣ идома медиҳанд, якдигарро мунтазам дастгирӣ мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид сохт, ки бобати ба чунин дараҷаи баланд бардошта шудани ҳамкории тарафайни ду давлати бародар шахсан Президент Шавкат Мирзиёев саҳми бузург дорад.
Маданияти муштараки ду халқ, муносибатҳои дуҷонибаи ба худ хоси онҳо, агар гӯем, ки нақши симфонияро ба ҷо меоварад, хато намекунем. Тоҷикон ба мероси ғановатманд ва серпаҳлӯи маданиву маърифатии халқи ӯзбек баҳои баланд медиҳанд. Дар навбати худ ӯзбекон низ дурдонаҳои маданияти тоҷикро, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, эътироф менамоянд.
Бинобар «дузабонӣ»-е, ки қаробати байни халқҳоямонро инъикос менамояд, дар шеърият жанри махсус – «ширу шакар» инкишоф ёфтааст.
Гузаштагони бузурги мо мутафаккирон Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдурауф Фитрат ва Садриддин Айнӣ, Ғафур Ғулом ва Мирзо Турсунзода, Абдулло Орипов ва Лоиқ Шералӣ дар асарҳои бемисли худ бародарии халқҳои ӯзбеку тоҷикро бо маҳорати баланд тараннум кардаанд. Дӯстиву бародарии қарини Мирзо Турсунзода ва Ҷалол Икромиро бо Шароф Рашидов, Ғафур Ғулом ва Зулфияхонум ҳамаи мо хуб медонем. Симоҳои ӯзбек ва тоҷик дар осори ин адибон ҳам дар рӯзҳои хуб ва ҳам дар рӯзҳои сахт ҳамеша боҳам будаанд. Дар суру тантанаҳои ӯзбекон суруду таронаҳои тоҷикӣ, дар тӯю хурсандиҳои бародарони тоҷик бошад, суруду рақсҳои ӯзбекӣ садо додаанд. Зеро сурудҳоямон низ ҳамоҳанг мебошанд.
Шашмақом, ки ба сифати мусиқии классикӣ эъзоз мегардад, аз шаш мақоми тоҷикист. Баробари ин, ҳангоме ки оҳанги «Шашмақом» садо медиҳад, кас намедонад, ки суруд тоҷикӣ хоҳад буд ё ӯзбекӣ.
Ҳоли ҳозир дар кишвари мо чун ба тамоми миллат ва халқиятҳо ба ҳифз кардан ва инкишоф додани тамаддуни бародарони тоҷик низ ба дараҷаи сиёсати давлат эътибор дода мешавад. Дар Ӯзбекистон 1 миллиону 600 ҳазор нафар шаҳрвандони ба миллати тоҷик мутааллиқ зисту зиндагӣ мекунанд ва дар соҳаҳои гуногун барои пешрафти мамлакат саҳм мегиранд.
Алҳол дар Ӯзбекистон 15 маркази миллии мадании тоҷикон фаъолият доранд. 4 адад матбуоти даврӣ ба забони тоҷикӣ нашр мешаванд, ҳамчунин 5 барномаи телевизионӣ ва 30 барномаи радиоӣ мунтазам ба забони тоҷикӣ интишор мегарданд. Дар мамлакат таълим дар 255 мактаб ба забони тоҷикист.
Робитаҳои байни муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ бо суръат ривоҷ меёбанд. Ҳоли ҳозир дар байни муассисаҳои таълими олии ду кишвар тақрибан 70 муоҳида ва меморандум амал мекунанд, онҳо масъалаҳои ҳамкории соҳаҳои илму фан, табодули профессорону омӯзгорон, толибилмон ва ғайраро дар бар мегиранд. Ин саъю кӯшишҳо барои ба инфрасохтори иқтисодии ду мамлакат аз тариқи барномаҳои иловагии таълимӣ расонда додани кадрҳо нақши муҳим мебозанд. Дар натиҷаи ин алҳол 30 мактаби олии Ӯзбекистон ва 15 донишгоҳу марказҳои илмиву тадқиқотии Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳамаҷониба доранд. Ӯзбекистон дар навбати худ ба саъю ҳаракатҳои ҳукумати Тоҷикистон бобати фароҳам овардани шароитҳои хуби зисту зиндагӣ ва эҷод барои шаҳрвандони ӯзбеки мамлакат, ҳифз кардан ва инкишоф додани махсусиятҳои маданияти миллии худ баҳои баланд медиҳад.
Ҳоли ҳозир дар шаҳри Хуҷанд Маркази маънавият ва маърифати ӯзбек, дар донишгоҳи маҳаллӣ мактаби илмӣ барои тайёр кардани мутахассисони филологияи ӯзбек фаъолият доранд.
Барои маълумот: шаҳри Хуҷанд, дар замони Темуриён яке аз қалъаи муҳими давлат ба шумор рафтааст. Пештар аз он фарзанди машҳури Хуҷанд Темурмалик бо хоразмшоҳ Ҷалолиддин Мангубердӣ бар зидди душманон якҷо мубориза бурдаанд, ҷасорати онҳо дар хотираи ду миллат боқӣ мондааст.
Муътақидем, ки минбаъд низ дар Ӯзбекистон миқдори донишҷӯёни тоҷикистонӣ, дар Тоҷикистон бошад, шумораи толибилмони ӯзбекистонӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Ҳамкориҳои мо дар соҳаҳои маданият ва таълими байни ду мамлакат беш аз пеш инкишоф меёбанд, ҳар ду миллат аз ҷиҳати маънавӣ пеш мераванд, бештар қадр ёфтаву қарин мегарданд.
Зеро бовар дорем, ки «ширу шакар»-и хоси ин ду миллати ҳам таърихан, ҳам имрӯзу фардо якдил дар замони пуртаҳлукаи кунунӣ барои миллатҳо ва тамаддунҳоямон рӯҳи нав хоҳад бахшид.
А. ТОШҚУЛОВ,
вазири таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.