ХАЛҚҲОЯМОН АЗ ФАЗОИ НЕКҲАМСОЯГӢ ВА ДӮСТИИ АБАДӢ ХУШҲОЛАНД

Тавре қаблан хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10-11 июн бо сафари расмӣ ба ин кишвар ташриф овард.

Тавре қаблан хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10-11 июн бо сафари расмӣ ба ин кишвар ташриф овард.
Президенти мамлакатамон дар доираи сафар 11 июн аз Душанбе ба Хуҷанд омад.
Меҳмони олиқадрро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.
Дар Хуҷанд барои омадани сарвари давлати мо омодагии зиёд дида шудааст. Дар фурудгоҳ ва кӯчаҳои шаҳр, ки бо парчамҳои ду кишвар оро ёфта буд, Президенти кишварамонро низ намояндагони сершумори ҷомеа бо хурсандӣ пешвоз гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри фарҳанги «Арбоб»-и назди Хуҷанд ташриф овард. Дар ин ҷо бо намояндагони насли калонсол, инчунин зиёиёни эҷодкор ва илмии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор гардид.
Пешвои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки ба туфайли иродаи сиёсии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дӯстӣ ва эътимоди тарафайн байни кишварҳоямон мустаҳкамтар шуданд.
— Оё мо ҳатто тасаввур карда метавонистем, ки мушкилоти ҷамъшуда дар ин муддати кӯтоҳ ҳалли худро меёбанд?! Ҳатто созмонҳои байналмилалӣ ба ин бовар надоштанд. Имрӯзҳо байни давлатҳои мо ягон мушкилоти ҳалношуда вуҷуд надорад, фазои эътимоди тарафайн ба вуҷуд омадааст. Ташаббускор ва меъмори ин муносибатҳо мӯҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев мебошад, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид карда шуд, ки солҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон 17 нуқтаҳои гузаргоҳӣ кушода шудааст, ки мардуми Тоҷикистон аз онҳо хеле миннатдоранд.
Сарвари давлати мо ба ҳозирин эҳтироми амиқ изҳор намуда, дар бораи аҳамияти қадр кардани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки халқҳоямон ва рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ суханронӣ кард.
— Пеш аз ҳама мехоҳам бигӯям, ки аз вохӯрӣ бо шумо, азизони ман, ҷамъият ва фаъолон, оқсақолони обрӯманд, намояндагони аҳли зиё, ҷавонони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд хушбахт ҳастам. Тавре ки роҳбари Тоҷикистон, бародари азизи ман Эмомалӣ Шарипович таъкид намуд, ин таърихе мебошад, ки баъзеҳо то ба он нарасиданд. Мардумони ӯзбеку тоҷик бо дин, анъана ва арзишҳои муштарак дар тӯли асрҳо дар ҳамсоягӣ зиста, дӯст ва шарики ҳам буданд. Бешубҳа, ҳифзи ин давлати беназир чун гавҳараки чашм ва нигоҳ доштани он барои насли оянда қарзи мо мебошад, —  гуфт Шавкат Мирзиёев. —  Солҳои охир, ба туфайли муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстии абадии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, мо натиҷаҳои азим ба даст меорем. Албатта, шумо, намояндагони мӯҳтарами ҷомеа ва зиёиёни ду кишвар низ дар ин муваффақиятҳо саҳми бебаҳо доред, мо онро хуб медонем ва ба он баҳои баланд медиҳем.
Беҳуда нест, ки як қисми муҳими чорабиниҳои пешбининамудаи барномаи сафари пешвои Ӯзбекистон дар Хуҷанд сурат мегирад. Ин шаҳри бостонӣ барои халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баробар азиз аст. Дарвоқеъ, он дар тӯли асрҳо муҳимтарин маркази Роҳи Бузурги Абрешим буд ва дар ҳаёти фарҳангии тамоми минтақа нақши калон дошт.
Таърих корнамоиҳои фармондеҳони бузург — хоразмшоҳ Ҷалолиддин Мангубердӣ ва писари маъруфи Хуҷанд Темур Маликро, ки ба муқобили истилогарон паҳлӯ ба паҳлӯ истода буданд, дар хотираи халқҳоямон нигоҳ медорад. Шаҳр нақши муҳимро идома дода, дар даврони Темуриён, Шайбониён ва дар давраи хонигариҳо ривоҷ ёфтааст.
Хусусан он факт қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар Хуҷанд Маркази ҷамъиятии маънавият ва маърифати ӯзбек, мактаби илмии тайёр кардани мутахассисони филологияи ӯзбек дар донишгоҳи маҳаллӣ фаъолият нишон медиҳанд.
Ӯзбекистон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳифз ва рушди фарҳанги тоҷикон, инчунин фарҳанги миллат ва халқиятҳои дигар аҳамияти калон медиҳад. Дар мамлакати мо зиёда аз як миллиону шашсад ҳазор тоҷик — ҳамватанони мо, ки дар рушди Ӯзбекистон саҳми сазовор мегузоранд, зиндагӣ мекунанд. Инҳо олимони боистеъдод, соҳибкорон ва деҳқонон, муаллимон ва табибон, арбобони фарҳанг ва санъат, роҳбарони сатҳҳои гуногун мебошанд.
Дар таҳкими ризоияти байнимилӣ 15 маркази фарҳангии миллии тоҷикон саҳми муҳим доранд. Рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо ба забони тоҷикӣ нашр мешаванд, барномаҳои телевизион ва радио интишор карда мешаванд. Дар Ӯзбекистон 255 мактаб, факултетҳо ва шӯъбаҳо дар як қатор донишгоҳҳои ҷумҳурӣ бо таълими забони тоҷикӣ  фаъолият нишон медиҳанд. Дар соли ҷории таҳсил қабул ба ин самт ду баробар афзудааст.
Танҳо дар солҳои охир зиёда аз 130 нафар ҳамватанони миллати тоҷик бо мукофотҳои олии давлатии Ӯзбекистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар кишварҳои мо ба омӯзиш ва ғанигардонии тарафайни адабиёт ва санъати ду халқ диққати калон дода мешавад. Ба ин бастаи мустаҳками ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷараёни сафари Президенти Ӯзбекистон ба имзо расидаанд, мусоидат мекунад. Аз ҷумла, созишномаҳои ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ як қатор лоиҳаҳоро пешбинӣ мекунанд, ки барои мустаҳкам намудани робитаи маънавии халқҳоямон, муттаҳид сохтани ҷавонони мо дар атрофи манфиатҳои муштарак пешбинӣ шудаанд.
Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки ҷаҳони муосир босуръат тағйир меёбад, даъватҳои нав ва таҳдидҳо ба амният, аз ҷумла, дар минтақаи мо ба миён омада истодаанд.
—  Мо бояд сарвати бузурги худ — сулҳ ва субот, дӯстӣ ва ҳамкориро махсусан қадр намоем ва афзоиш диҳем, дар ҷавононамон эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро тарбия намоем, — гуфт роҳбари Ӯзбекистон. — Танҳо бо муттаҳид сохтани саъю кӯшиш мо метавонем ба ҳадафҳои умумӣ — таъмини сулҳ ва некӯаҳволӣ, шукуфоии наслҳои оянда расем. Боварӣ дорам, ки шумо, намояндагони мӯҳтарами зиёиёни эҷодкор ва илмӣ бо дониш ва таҷрибаи бойи ҳаётӣ, бо нерӯ ва ғайрати хоси худ, дар таҳкими дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон саҳми сазовори худро мегузоред. Ва ман мутмаинам, ки чунин рисолати олӣ ва наҷиб дар дасти шумост.
Президентҳо аз Қасри фарҳанги «Арбоб» дидан карданд. Ин маҷмаа соли 1959 сохта шудааст. Он барои халқи тоҷик аҳамияти таърихӣ дорад. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар ин ҷо қарорҳои муҳими марбут ба истиқлолияти кишвар қабул карда мешуданд. Дар ин ҷо, дар соли 1992, лаҳзаи барои Тоҷикистон тақдирсоз, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари давлат ба кор шурӯъ кард.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамроҳии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» дидан кард.
Фабрикаи қолинҳо дар соли 1957 ба истифода дода шудааст. Соли 2019 корхона азнавсозӣ шуда, дар ин ҷо таҷҳизоти технологии Олмон, Италия, Ҷопон, Чин ва дигар кишварҳо ҷорӣ карда шуд. Дар натиҷа сифати маҳсулот беҳтар гардид.
Имрӯз корхона қодир аст, ки соле 3 миллион метри мукааб маҳсулот истеҳсол намояд. Дар ҳоле ки он ба иқтидори комил мерасад, имконот ба вуҷуд меояд, ки соле 5 миллион метри мукааб маҳсулот истеҳсол гардад.
Ин қолинҳо бо зебоӣ ва тарҳи худ маъруф мебошанд, ки анъанаҳои Шарқро инъикос менамоянд. Ҳамзамон истеҳсоли қолинҳо дар усули авангард роҳандозӣ гаштааст. Барои сифати баланди маҳсулот корхона соҳиби мукофотҳои мухталифи байналхалқӣ гаштааст.
Ба Президенти Ӯзбекистон дар бораи ҷараёни инкишофи корхона ва лоиҳаҳои татбиқгардандаи он нақл намуданд.
Дар роҳ ба сӯи объекти навбатӣ корвони мошинҳои раҳбарони ду кишвар дар обанбори Қайроққум истоданд. Президентҳо обанборро аз назар гузарониданд ва сӯҳбати кӯтоҳ анҷом доданд.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дидан карданд.
Дарёи Сирдарё аз вилояти Суғд мегузарад, ки ба шарофати он кишоварзӣ дар минтақа, хусусан истеҳсоли меваю сабзавот ба таври васеъ рушд кардааст. Тақрибан 43 фоизи тамоми ҳаҷми маҳсулоти кишоварзии кишвар ба ҳиссаи ин вилоят рост меояд.
«Боғи миллии Ваҳдат» соли 2008 таъсис ёфтааст. Он 700 гектарро дар бар гирифта, аз он дар 500 гектар дарахтони мева парвариш карда мешавад. Дар ин ҷо сардхонаи зарфияташ то 300 тонна мавҷуд аст.
Аз соли 2018 парвариши моҳӣ низ ба роҳ монда шудааст. Дар айни замон, дар чор ҳавз парвариши чунин намуди моҳиҳо, аз қабили амури сафед, пешонағафс ва зағорамоҳӣ парвариш карда мешаванд.
Ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ босуръат рушд менамоянд. Дар ҷараёни мулоқотҳои сатҳи олӣ бисёр созишномаҳои шарикӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, дар рафти сафари мазкур сарвари давлати мо ба «харитаи роҳ» оид ба  рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ имзо кард.
Президентҳо бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, ки дар қаламрави боғ ташкил карда шудааст, шинос шуданд. Ба масъулини ду кишвар оид ба таъминоти мутақобилаи маҳсулоти меваю сабзавот, нигоҳдорӣ ва содироти онҳо супориш дода шуд.
Бо ҳамин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд сарвари давлатамонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел кард.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
мухбири махсуси ӮзА.
ХУҶАНД — ТОШКАНД

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: