– Ин қадар хурсанд менамоӣ?
– Ба ҳузури духтури дандон рафта будам.
– Барои ҳамин хурсанд ҳастӣ?
– Набошад-чӣ? Духтур набудааст!
***
Табиб бемори ба ҳаяҷономадаро ором карданӣ шуд:
– Натарс, сиҳат шуда меравӣ. Ман ҳам ба ин беморӣ гирифтор шуда будам, мана сиҳат шудам.
– Шояд, аммо туро дигар шифокор муолиҷа карда буд-дия...
***
Дар дарси таърих муаллим ба хонанда савол дод:
– Доир ба ҷанги Фаронсаю Пруссия чиро медонӣ?
Хонанда аз ҷояш хест, аммо аз ӯ садо набаромад.
– Барои чӣ хомӯшӣ?
– Падарам гуфта буд, ки ба ҷангу ҷанҷол дахолат накун.
***
Хонандаи синфи 1-ум аз модараш пурсид:
– Модарҷон, сурати додом ҳаст?
– Бале, ҳаст. Онро чӣ мекунӣ?
– Ба мактаб мебарам. Устодам гуфт: «Аҳмақеро, ки вазифаи хонагиро тайёр кардааст, дидан мехоҳам».
***
Писар аз падар пурсид:
– Додоҷон, дар ҳолате ки чашмат пӯшида аст, номатро навишта метавонӣ?
– Бале, чӣ буд?
– Ба рӯзномаи ман низ чашм пӯшида имзо гузор.
Таҳияи
С. БЕКНАЗАРОВА.