Хандоханди солинавӣ

Туҳфа

Туҳфа

Як нафар ба дӯсташ суол кард:
— Дар Соли нав туҳфаи ту ба занат чӣ буд?
— Путёвка (роҳхат) ба Таиланд.
— Вай ба ту чӣ туҳфа кард?
— Парида рафт.
***
Истиқболи Соли нав
Дӯсте аз дӯсташ пурсид:
— Хӯш, Соли навро чӣ хел пешвоз гирифтӣ?
— Наметавон гуфт, ки табъи дил. Сеюми январ дар таги арча бедор шудам.
— Боке не, зеро 3-юми январ низ рӯзи дамгирӣ буд.
— Дуруст мегӯӣ, вале ҳавои беша бисёр сард будааст.
***
Занат хабар дорад?
Нафаре аз дӯсташ хоҳиш кард:
— Биё, дар хонаи ман Соли навро ҳамроҳ пешвоз мегирем.
— Занат аз ин хабар дорад?
— Бале, барои ҳамин ҳам ин субҳ дар байни мо ҷанҷоли сахт хест.
***
Баъди пешвозгирии Соли нав
— Хонум, шумо роҳи хонаи маро нишон дода метавонед?
— Метавонам.
— Чӣ, мо магар бо ҳам шиносем, роҳи хонаи манро аз куҷо медонед?
— Бас кун, аҳмақ! Ман зани ту ҳастам!
***
Пешниҳод
Бегоҳии 31 январ писарак ба модараш гуфт:
— Биёед, вақте соат аз 11 сӣ дақиқа гузарад, баробар садо баланд мекунем: «Соли нав! Соли нав!».
— Барои чӣ?
— Бигузор, ҳамсояҳо гумон кунанд, ки Соли нав ба хонаи мо пештар омадааст.
*** 
Дар меҳмонӣ
Шаби Соли нав меҳмонон то дер нишастанд. Соҳиби хона ба танг омада намедонист чӣ кор кунад.
Ин ҳангом садои занги телефон баланд шуд. Вақте ба телефон наздик мешуд, фикре дар сари мизбон пайдо шуд. Баъди гуфтугӯйи телефонӣ яке садо баланд кард:
— Сӯхтор, сӯхтор!
Меҳмонон:
— Дар хонаи кӣ?
— Дақиқ нафаҳмидам. Аз афташ, дар хонаи кадоме аз шумоён.

Тарҷума ва таҳияи КОМРОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: