ХАРБУЗАИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР БОЗОРИ БРИТОНИЁИ КАБИР

Натанҳо ба Бритониёи Кабир, балки ба бозори яклухтфурӯшии «New Spitalfieids Market» (майдони умумиаш 13 гектар)-и Аврупо низ, ки ба фурӯши маҳсулоти хоҷагии деҳот ихтисосонида шудааст, харбузаи навъи «Торпедо»-и Ӯзбекистон интиқол дода шуд.

Натанҳо ба Бритониёи Кабир, балки ба бозори яклухтфурӯшии «New Spitalfieids Market» (майдони умумиаш 13 гектар)-и Аврупо низ, ки ба фурӯши маҳсулоти хоҷагии деҳот ихтисосонида шудааст, харбузаи навъи «Торпедо»-и Ӯзбекистон интиқол дода шуд.
Бо кӯмаки сафоратхонаи кишвари мо дар Лондон ҳанӯз дар оғози моҳи сентябр дар доираи созишномаи байни корхонаи «Gardencells»-и вилояти Самарқанд ва ширкати «Vita Plus Ltd»-и Бритониёи Кабир оиди зиёд кардани ҳаҷми содирот ба бозори Бритониё батасвибрасида, дар Бозори байналхалқии Ғарбии Лондон дафъаи аввал меваҳои хушки ширадори замини саховатманди мо фурӯхта шуда буд.
—Дар асоси созишномаи эксклюзиви байни ширкати мо ва шарикони бритониёӣ ба Бозори Бритониё интиқол дода шудани дафъаи аввали харбузаи Ӯзбекистон далели он аст, ки дар Аврупо таваҷҷӯҳ ба маҳсулоти хоҷагии деҳоти мамлакатамон торафт зиёд мегардад, — гуфт директори ҶММ «Jahon Exim Group» Ҷаҳонгир Ғиёсов. — Фикр мекунам, харбузаи шаҳдбори мо аз ҷониби истеъмолгарони маҳаллӣ баҳои сазовор гирифт. Ширкат дар оянда нақша дорад, ки ба хелу навъҳои маҳсулоти харидоргири худ, аз ҷумла, меваю сабзавоти хушк ва яхкунондашуда биафзояд.
Дар натиҷаи ҳамкории фаъол дар байни Инспексияи карантини рустаниҳои назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати муҳити атроф, хӯрокворӣ ва хоҷагии деҳоти Бритониёи Кабир робитаҳои доимӣ роҳандозӣ шудааст. Бино ба гуфтушуниди моҳи августи соли равон баргузоргардида, ҷониби Бритониёи Кабир изҳор дошт, ки маҳсулоти сертификати фитосанитаридоштаи Ӯзбекистонро, аз қабили анор, гелос, олуболу, зардолу, хурмо, себ, ангур, лиму, қаламфури тунд ва помидор метавон ба бозорҳои Англия интиқол дод.

АИ «Дунё», 
ЛОНДОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: