ХАРОҶОТИ ИСТЕЪМОЛИ КАМТАРИНИ АҲОЛӢ ЭЪЛОН КАРДА МЕШАВАД

Дар Муроҷиатномае, ки ба Олий Маҷлис пешниҳод шуд, вобаста ба беҳтар кардани сатҳи ҳаёти халқ ва баланд бардоштани рушди иқтисодӣ ғоя ва ташаббусҳои муҳим иброз ёфтанд.

Дар Муроҷиатномае, ки ба Олий Маҷлис пешниҳод шуд, вобаста ба беҳтар кардани сатҳи ҳаёти халқ ва баланд бардоштани рушди иқтисодӣ ғоя ва ташаббусҳои муҳим иброз ёфтанд. Дар Муроҷиатнома вазифаи муҳимтарин он аст, ки соли равон, яъне дар соли 2021-ум барои натиҷадорӣ замина гузошта шуд.
Дар ин маврид лозим аст, ки ба баъзе нишондиҳандаҳое, ки дар соли 2021 бояд иҷро шаванд, таваққуф намоем. Аз 1 марти соли равон хароҷоти камтарини истеъмолии аҳолӣ эълон карда мешавад. Вай имкон медиҳад, ки ҳадди нодорӣ муайян ва мувофиқи он чораҳои самарабахш андешида шаванд.
Бобати аз нодорӣ раҳо намудани ҳар кадом оилае, ки дар «Дафтари оҳанин» сабт ёфтааст, дар ҷумҳурӣ механизмҳои куллан нав ҷорӣ карда хоҳанд шуд. Чунончи, барои касбу ҳунар омӯзонидан зиёда аз ҳазор марказҳои таълимӣ ташкил карда мешаванд. Боиси қайд мебошад, ки барои ҳар як шаҳрванд, ки ба ин курсҳои омӯзиш меояд, як миллион сӯм субсидия дода мешавад. Барои ин мақсад аз буҷаи давлат ба ҳисоби миёна 100 миллиард сӯм ҷудо карда хоҳад шуд. Боз як ҷиҳати масъала он аст, ки барои ҳар кадом шунавандаи курсҳои таълимӣ асбобу ускунаҳое харид мешаванд, ки дар соҳибкорӣ лозиманд. Барои ин мақсад андаряк то ҳафт миллион сӯм субсидия дода хоҳад шуд. То имрӯз дар ҷумҳурии мо барои ҳунар омӯхтану корро сар кардан чунин имкониятҳои воқеӣ дода нашуда буд.
Пешниҳод гардид, ки бинобар масъалаҳои аҳолиро аз нодорӣ раҳонидану ба соҳибкорӣ сафарбар намудан ва дастгирӣ кардани вай «Кодекси соҳибкорӣ» коркард мегардад. Бо мақсади инкишоф додани соҳибкории оилавӣ дар соли 2021-ум 6 триллион сӯмина вомҳои имтиёзнок ҷудо карда мешаванд.
Боз як пешниҳоди хурсандиовар он буд, ки 10 фоизи маблағҳои аз буҷаи ҳокимиятҳои ноҳия ва шаҳрҳо ғуншуда минбаъд ба ҳаллу фасл намудани мушкилоти иҷтимоии маҳаллаҳои ҳамон ҳудуд равона карда мешаванд.
Ба раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ва Шӯроҳои иҷлосияи ҳудудҳо баҳри бартараф намудани мушкилоти ҳалношуда ваколати таклиф пешниҳод кардан дода хоҳад шуд.
Пешниҳод шуд, ки раисони ҷамоати маҳаллаҳое, ки хуб кор мекунанд, барои аз байн бардоштани мушкилоти қаламрави худ саъй менамоянд, халқпарвар, бовиҷдон мебошанд, ба вазифаҳои раҳбарӣ, мансаби ҳоким тавсия карда шаванд. Роҳбарӣ, бахусус ҳокимӣ мактаб надорад. Шахсе, ки дар байни халқ буда, аз халқ омӯхта, барои ҳаллу фасли мушкилоти мардум чораву тадбир меҷӯяд, оҳиста-оҳиста асрори роҳбариро меомӯзад. Омили аввалини роҳбарӣ бошад, ин ғамхорӣ нисбати халқ аст. Фикр мекунам, таъбири роҳбари давлат ба маънии «раиси маҳалла ҳоким шуда метавонад» кайфияти садҳо нафар раисони маҳаллаҳоро дучандон кард, муносибати онҳоро ба кор беҳтар намуд.
Ман аз шунидани Муроҷиатнома ба чунин хулоса расидам: воқеан дар ҳикмати «амалҳои нек аз ниятҳои нек ибтидо мегиранд», мазмуну маънии зиёд нуҳуфтааст. Роҳбари давлат бо ниятҳои нек нақшаҳои навро пеш гузошт, ба ҳаёт татбиқ сохтани онҳо бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар кадоми мо гардад.

Ӯрол ӮРАЗБОЕВ, 
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, узви фраксияи ҲХД Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: