ХАТ—ҒАЛАТ, ИМЛО—ҒАЛАТ, ИНШО—ҒАЛАТ, МАЪНО—ҒАЛАТ

Дар кишвари мо ислоҳоти ояндасоз пай дар пай амалӣ мегарданд.

Дар кишвари  мо  ислоҳоти ояндасоз пай дар пай амалӣ мегарданд. Ин иқдоми нек дар соҳаи таълиму тарбия низ пайваста татбиқ мешавад. Биноҳои наву замонавии мактабҳо, ки бо технологияҳои замонавӣ  таъмин шудаанд, бунёд меёбанд. Дар таълим қаробати илмҳо таъмин гардида, фанҳои нави таълимӣ ҷорӣ мешаванд.Таълими ёздаҳсола  ҷорӣ гардид. Китобҳои нави таълимӣ  таълиф меёбанд. Онҳо дар алоқамандӣ бо рушди кишвар мазмун ва  моҳияти нав пайдо мекунанд. Чанд соли охир кормандони соҳа фаъолияти худро бобати ислоҳ ва инкишоф додани таълими миёнаи умумӣ куллан тағйир доданд.
Рӯшан аст, ки такягоҳ ва манбаи асосии толибилмон дар омӯзиш  китоби таълимист. Хонанда аз он чун манбаи асосии донишомӯзӣ истифода мебарад ва бар он такя мекунад. Дар кишвари мо, ки таълим ба ҳафт забон пеш бурда мешавад, ғайр аз фанҳои адабиёт ва забони модарӣ, дигар ҳамаи фанҳо ба забони давлатӣ таълиф  шуда, пасон ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд. Ва хурсандиовар аст, ки хонандагон бо китобҳои таълимӣ таъмин мебошанд. Ин хуб аст, вале сифати тарҷума дар кадом поя аст? Оё китобҳои таълимии тарҷумашуда созгори ақлу шуури хонандагон мебошанд? Оё талаботи онҳоро қонеъ мегардонанд? Ҷавоб дақиқ: на, на ҳамеша!
Борҳо шоҳид шудаам, ки омӯзгори ботаҷрибаи фанни биологияи мактаби мо Султон Султонов нодуруст тарҷума шудани масъалаҳоро таъкид мекард. Ӯ дар ҷамъомадҳои ноҳиявии муаллимони ин фан масъалаи мазкурро борҳо ба муҳокима гузошт. Собит шудааст, ки иштибоҳ зимни тарҷума рух додааст. Бино бар ин ӯ ҳоло зимни дарс маҷбур аст аз китобҳои таълимии ӯзбекӣ истифода барад.
Ин ҷо мо мехоҳем доир ба тарҷумаи як китоб баҳс кунем: Қаҳрамон Раҷабов, Акбар Замонов. «Таърихи Ӯзбекистон» (солҳои 1917-1991). Китоби дарсӣ барои донишомӯзони синфи 10-уми муассисаҳои таълими миёна. Нашри якум. Тошканд - 2017.
Тарҷумон:  
Ш. Турдиқулов.
Муҳаррир:  Х. Ҳамидов.

Мутаассифона, дар тарҷумаҳо хеле хатоҳои имловию мантиқӣ зиёданд. Ҳама медонанд, ки  бо  иштибоҳ дар як ҳарф маънои калима  тағйир меёбад. Дар китоби дарсӣ мехонем: «18-19 сентябри соли 1924 дар Қурултойи 5 вакилони халқи умумбухороӣ номи РШСБ  тағйир дода он ба Республикаи Шӯравии Сотсиалистии Бухоро (РШСБ) табдил гардид». (Саҳ. 36-37). Аҷабо, ин ҷо кадом ном тағйир дода шудааст?  Бояд номи РШХБ ба РШСБ табдил гардид навишта мешуд.
«16 сентябри соли 1924 сессияи фавқулоддаи КИМ РШСМ Туркистон оид ба гузаронидани сарҳадбандии миллӣ-ҳуқуқии Осиёи Миёна қарор қабул кард» (саҳ. 52). Дар ибораи «сарҳадбандии миллӣ-ҳуқуқӣ» мантиқ нест, хонандаи мактабӣ онро чӣ тарз ҳазм кунад? Ҳуқуқ пас аз пайдоиши давлат пайдо мешавад, яъне пас аз сарҳадбандӣ. Қонун, ки қабул шуд, ҳуқуқ пайдо мешавад. Зерсарлавҳаи ҳамин матн  «Тирамоҳи соли 1924 гузаронидани сарҳадбандии миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна ва натиҷаҳои он» (саҳ. 52) ном дорад.
Ё худ дар саҳифаи 41 мехонем: «ҳуқуқи мустақилӣ ва дахлнопазирии РШХХ-ро Русияи шӯравӣ эътироф накарда, ба тарзи доимӣ ба корҳои дохилаи республикаи  ҷавон дағалона дохил карда, чун дар РШСБ дар Хоразм ҳам ба миқдори зиёд  аскарони сурхро нигоҳ  дошта, ба воситаи ин қувваҳои ҳарбӣ мамлакатро худаш идора мекардагӣ шуд».  Калимаҳои «дохил» ва «дахолат» ҳеҷ гоҳ муродиф набудаанд! Ба корҳои дохилаи як мамлакат мамлакати дигар дахолат, яъне ба сиёсати дохилии он таъсир расонида метавонад. Армияро метавон ба кишвари дигар дохил, яъне  ворид кард. Дар ҷумлаи болоӣ калимаи «дохил» бемаврид омада, маънии ҷумларо халалдор намудааст. Дар матнҳои китоби дарсӣ зиёданд калимаҳои иштибоҳдор ва ё бемаврид истифодашуда. Чунончи, «инстинтоқ» (саҳ. 129), «кушодил» (саҳ. 130)…
Дар китоби таълимӣ бисёр далелу рақамҳо дода шудаанд,  ки дар онҳо категорияи фалсафии инкори инкор «васеъ» корбурд шудааст.Таваҷҷӯҳ кунед ба далелҳои поёнӣ ва худ хулоса бароред. Мехонем: «баъди вафоти И. В. Сталин  вазорат (вазорати пахтаи СССР – Ӯ.Р.) барҳам ёфта Усмон Юсупов солҳои 1954 -1955 раиси Шӯрои Вазирони РШС Ӯзбекистон шуда кор кард. Афсӯс, ки котиби аввали КМ КПСС  Никита Хрушчёв соли 1954  ӯро беасос аз вазифаи раиси ҳукумати республика озод намуд», (саҳ. 110). Дар сархати савуми саҳифаи дигари китоб овардаанд: «Нуриддин Муҳиддинов солҳои 1951-1953 ва солҳои 1954-1955  раиси Шӯрои Вазирони РШС Ӯзбекистон … барин лавозимҳои масъул кор карда буд». (Саҳ. 111).  Тааҷҷубовар аст, дар ду ҷумлаи як сархат , У. Юсуповро соли 1954 беасос  аз вазифа  озод намуда, вале  то соли 1955 фаъолият доштани ӯ чӣ маъно дорад? Оё Усмон Юсупов ва Нуриддин Муҳиддинов дар як вақт як вазифаро иҷро кардаанд? Дар як ҳукумат як нафар раис мешавад, на ду. Боз дар ҳамин саҳифа мехонем: «Дар лавозими  котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон… аз декабри соли 1957 то марти соли 1957 Собир Камолов (1910-1990) фаъолият пеш бурд».(Саҳ. 111). Хонандаи синфи якум ҳам медонад, ки моҳи март аввали сол буда, декабр моҳи охири сол аст. Боз гумон набаред, ки онро аз рӯйи солшумории миллии мо навиштаанд. На, на, чунин гумон иштибоҳ аст! Дар саҳифаи 6-уми китоб овардаанд: «дар китоби дарсӣ санаҳои таърихӣ то 31 январи соли 1918 ба ҳисоби кӯҳна, аз 14 феврали соли 1918  эътиборан бо ҳисоби нав дода мешавад».
  Ин ҳама иштибоҳот аз ҷониби муаллифон ва ё тарҷумон рух додааст, мо намедонем. Вале он чиз аён аст, ки ин ҳама саҳву хатоҳо толибилмро ба иштибоҳ раҳнамо месозад. Эътиқод ва эътимоди  хонандаро нисбат ба муаллими фан коҳиш медиҳад. Нобоварии толибилм ба омӯзгор пайдо мешавад.Шунидан кай бувад монанди дидан, гуфтаанд дар урфият. Хонандаро он чӣ ки аз китоб мехонад, муҳим аст.
  Дар масъалаи таълиму  тарбияи насли наврас омӯзгор ҳамеша бештар саҳмгузор буд ва будааст. Ислоҳоти ояндасози соҳаи таълим бояд  ба афзудани обрӯ ва эътибори муаллим низ саҳмгузор бошад. Ва китоби дарсӣ ягона воситаест, ки чун пул миёни хонандаву муаллим хидмат мекунад. Бинобар ин китобҳои таълимӣ бояд аз иштибоҳоти дурушту маъноҳои духӯра орӣ бошанд.
Ҳанӯз соли 1913 маърифатпарвари тоҷик Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар рӯзномаи «Самарқанд» навишта буд, ки «муаллим ва муҳаррир ду дасти миллат аст». Бешубҳа, ин муҳокимаронӣ имрӯз  аҳамияти дучанд  касб кардааст. Иштибоҳот хоҳ дар нусхаи асл, хоҳ дар тарҷума ба он  муҳаррирон низ саҳмгузоранд. Онҳо бояд ҳар як сатрро мӯшикофона таҳриру таҳлил намоянд. Муҳаррири нашри тоҷикӣ Х. Ҳамидовро аз нигоштаҳояш дар «Овози тоҷик» хуб мешиносам. Хонанда аз ӯ барин муҳаққиқ чунин шитобкориро чашмдор нест.
  Ин нашри аввали китоби зикршуда аст. Умед аст, ки дар нашрҳои минбаъда ба ин гуна шитобкориҳо роҳ дода намешавад. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
омӯзгори фанни таърихи мактаби рақами 30-юми 
ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: