Дар мактабҳои ҷумҳуриамон таҳти шиори «Мактаби ман – хонаи ман» тадбирҳои маънавӣ-маърифӣ баргузор гардид.
Дар ин гуна чорабиниҳо хонандагони синфи 11-ум бо мактаби қадрдону азизи худ хайрухуш намуданд.
– Имсол мактаби моро 35 нафар (19 нафар духтарон ва 16 нафар писарон) ба хатм мерасонанд, – мегӯяд зимни суҳбат ҷонишини директори мактаби рақами 9-уми маҳаллаи «Қизилқум»-и ноҳияи Фориш Илҳом Бурҳонов. – Онҳо дар дил орзуҳои зиёд доранд. Ба донишгоҳҳо рафта таҳсилро давом додан мехоҳанд.
– 35 нафари онҳоро монанди фарзанди худ дӯст медорам. Ин лаҳзаҳо бароям мушкил аст, – ба суҳбат ҳамроҳ мешавад роҳбари синфи хатмкунандагон, омӯзгори мактаб Зевар Ҷумъаева. – Аз сӯи дигар хушбахтам, ки онҳоро ба ҳаёти мустақилона, яъне барои фатҳи зинаҳои навбатии дониш ҳидоят менамоям.
Дар ҳақиқат, ин тадбир дар рӯҳияи идона гузашт. Сарвари мактаб аз комёбиҳои шогирдони мактаб, ки дар тӯли соли хониши 2018-2019 ноил гардидаанд, ҳарф зад. Ба якчанд нафари онҳо ва устодонашон ифтихорномаҳои маъмурияти мактабро тантанавор супорид.
Назар ба гуфти ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ-маърифатии мактаби мазкур М.Бойзоқов дар давоми соли хониши 2018-2019 аз рӯи озмуни фаннӣ хонандаи синфи 7 Ғафур Тӯраев (роҳбараш омӯзгори фанни таърих Исмат Неъматов) дар миқёси ноҳия ҷойи якумро гирифт. Муаллимаи фанни информатика Лаззат Мамасолиева дар марҳилаи вилоятии озмуни «Омӯзгори сол» ҷойи сеюмро ба даст овард.
– Аз аввали соли хониш дар мактаби мо маҳфили гӯштии миллӣ амал мекунад. Ин маҳфилро Рустам Хидиров ба ӯҳда дорад, – гуфт ҷонишини директор оид ба корҳои таълим И. Бурҳонов. – Шавқу ҳаваси шогирдони мактаб ба ин навъи варзиш хеле зиёд аст. Якчанд нафари онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуданд. Чунончи, хонандагони синфи 7 С.Амонова, Ш. Бурҳонова, хонандаи синфи 8 Р.Ҷӯраев дар миқёси вилоят ҷойи аввалро гирифтанд. Дар шаҳрҳои Фарғона ва Андиҷон бомуваффақият иштирок намуданд.
– Ин комёбии 533 нафар ҳаммактаби ман маҳсуб меёбад, – мегӯяд варзишгари ҷавон Севара Амонова. – Умед дорам, ки ғалабаҳо дар пешанд.
Ба хатмкунандагон омӯзгорони мактаб Узоқбой Бойзоқов, Сипобек Қувондиқов, Раҳматулло Муҳиддинов роҳи сафед талабиданд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.