ХАТМКУНАНДАГОНИ ФАЪОЛ ТАҚДИР ГАРДИДАНД

Мактаб маскани муътабар аст.

Мактаб маскани муътабар аст. Донише, ки хонанда дар мактаб азбар менамояд, воситае барои фатҳи қуллаҳои ҳаёт аст. Мувофиқи маълумоти котиби матбуоти Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ Анвар Умаров дар соли хониши 2019-2020 беш аз 451 ҳазор нафар хонанда синфи 11-ро хатм намуд. Дониши зиёда аз 6900 нафар ба медалҳои тиллоиву нуқрагӣ муносиб дониста шуд. 
Чунин медалҳо сари синаи 22 нафар хатмкунандаи синфи 11-уми мактабҳои таълими умумии ноҳияи Шайхонтаҳури пойтахтро низ зеб доданд. Ин натиҷаи заҳмати чандинсолаи омӯзгорону волидайни хонандагон, фаъолнокӣ дар дарсҳо, мустаҳкамкунии пойдевори дониш дар давоми таҳсил – ба таъбири дигар – «нақши дар санг гузошташуда» мебошад.
Хатмкунандагони синфи 11 мактаби таълими умумии рақами 34-уми ноҳия Акбар Муродов, Нилуфар Толибова ва Комрон Саидхонов аз ҷумлаи онҳоеанд, ки ба медали тилло мушарраф гаштанд.
Ходимони шуъбаи таълими халқи ноҳия, устодону маъмурияти мактаби мазкур ба қоидаҳои карантин амал намуда, ба хонадони онҳо рафта, медалу шаҳодатномаи имтиёзноки хатмкунандагонро супориданд.
Медалсупориро аз Акбар Муродов оғоз намуданд. Тавре ки устодонаш таъкид намуданд, Акбар дар озмунҳои китобхонӣ ва дигар чорабиниҳои мактаб фаъол иштирок карда, борҳо ҷойҳои фахриро ишғол намудааст. Медале, ки ҳоло сари синаи ӯро зеб медиҳад, барояш боз як рағбати муносиб гардид.
– Аз медали тилло ва шаҳодатномаи имтиёзноки бароям насибгардида хеле мамнун гаштам, – мегӯяд Акбар. – Дар оянда дар самти иқтисодиёт дониши худро такмил дода, ба равнақи кишвар ҳиссаи худро гузоштаниам.
Ҳангоми ташриф ба хонаи Нилуфар Толибова баробари падару модараш ҳамсояҳо низ ба хурсандии Нилуфар шарик шуданд. Онҳо ба медали овехташуда бо ҳавас менигаристанд.
Дигар аз хатмкунандагони хуштолеи мактаби номбурда, ки ба медали тилло сарфароз гашт, Комрон Саидхонов мебошад. Ӯ ҳамеша вақти фориғ аз дарси худро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ сарф мекард. Аз ҷумла, дар омӯзиши барномаи IELTS 6,5 баллро ба даст даровардааст.
Комрон хурсандиашро чунин изҳор намуд:
– Он рӯз бароям фаромӯшнопазир буд. Зеро дар Донишгоҳи Вестминстер аз фанни математика имтиҳонро бомуваффақият супоридам. Чун ба хона баргаштам, ходимони шуъбаи таълими халқ, маъмурияти мактаб, устодонам маро пешвоз гирифтанд ва табрик намуда, медали тиллоро ба сари синаам овехтанд. Хурсандиам ҳадду канор надошт. Дар оянда барои  ноил шудан ба қуллаҳои баландтари дониш кӯшиш мекунам.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки алҳол намояндагони шуъбаи таълими халқ ва устодону маъмурияти мактабҳо дар саросари ҷумҳурӣ ба хатмкунандагони аълохон медалҳоро месупоранд.

Г.КАБИРОВА,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: