ХАТМКУНАНДАГОНИ МАРКАЗ БА ХОРИҶ МЕРАВАНД

Дар маркази тайёркунии мутахассисони баландихтисоси соҳаи сохтмон, ки назди мактаби касбу ҳунари 1-уми ноҳияи Чуст ташкил шудааст, таҳти унвони «Омад мехоҳем хатмкунанда» чорабинӣ баргузор гардид.

Бо ташаббуси Сарвари давлатамон бо мақсади ҷалб намудани қишри бекор ва муваққатан бекори аҳолӣ ба касбу ҳунаромузӣ аз 25 январи соли 2021 қарор «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба ташкили омӯзиши аҳолии бекор ва шаҳрвандоне, ки ба мамлакатҳои хориҷа барои кори муваққатӣ сафар мекунанд», ба имзо расид. 
Тибқи қарор дар ҳамкории вазоратҳои мудофиаи ҷумҳурӣ, таълими олӣ ва миёнаи махсус, шуғл ва муносибатҳои меҳнат, сохтмон ва нақлиёт дар вилоятҳо ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, марказҳо оид ба соҳаи сохтмон ташкил карда шуданд. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини иҷрои қарор аз 1 апрели соли 2021 дар назди омӯзишгоҳи касбию техникии рақами 1-уми ноҳияи Чуст «Маркази тайёркунии мутахассисони баландихтисос дар соҳаи сохтмон» ба фаъолият оғоз намуда буд. 
Аз роҳбари марказ Собирҷон Тоҷаҳмедов, дар бораи корҳое, ки ба амал бароварда шуданд, пурсидем. 
– Барои роҳандозии фаъолияти марказ, мукаммал таъмир кардани биною иншоот, бо маводи таълимӣ таъмин намудани он аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ беш аз 14 миллиард сӯм харҷ шуд. Аз ҷониби вазоратҳои дахлдор техникаи махсус ҷудо карда шуд. Барои донишҷӯёне, ки аз минтақаҳои дур бо мақсади омӯзиши ҳунар меоянд, хобгоҳи дорои 300 ҷой, ошхона дорои 250 ҷой ба истифода дода шуд. Илова бар ин, стипендияҳое, ки бо ташаббуси Вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнат ҷорӣ шудааст, дода мешаванд.
Маркази мо барои соҳаи сохтмон аз рӯйи 14 самт мутахассис тайёр мекунад. Аз тарафи шуъбаи мусоидат ба шуғли вилоят ва марказҳои ноҳиявии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, шаҳрвандоне, ки ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, ба марказ қабул карда мешаванд. 
778 нафар шунавандагон дар чаҳор марҳила таҳсил гирифта, 356 нафаре, ки хоҳиши дар хориҷи кишвар кор карданро доштанд, ба воситаи муҳоҷирати меҳнати хориҷии вилоят ба иншоотҳои сохтмони шаҳри Маскав ва вилояти Амури Русия фиристода шуданд. Тавассути «Ярмаркаҳои меҳнатӣ», ки аз ҷониби марказҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ташкил карда шудааст, 220 нафар мувофиқи касбашон дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва сохтмонии вилоят бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Бо иштироки мутахассисони Агентии муҳоҷирати меҳнати хориҷии вилоят, инчунин намояндагони корфармоёни ширкатҳои калони сохтмони вилояти Амур бо хатмкунандагони марҳилаи панҷум суҳбат гузаронда мешавад ва ҷавононе, ки аз озмун бомуваффақият мегузаранд, ба вилояти Амур дар асоси шартнома ба кор фиристода мешаванд.
– Тӯли чор моҳ асрори ҳунарро дар самти мошинисти кран омӯхтам,– мегӯяд Ҷаҳонгир Ӯринбоев. 
– Устодон дар асоси машғулотҳои назарӣ ва ҳам амалӣ дониши мукаммал доданд. Дар рафти суҳбат бо мутахассисон майлу хоҳиши ба хориҷа рафта кор кардан пурзӯр гардид. Дар он ҷо сирру асрори касбро омӯхта, ояндаамро бо ин касб пайваста, дар бунёди биноҳои нав ҳиссаамро гузоштаниам.
Дар чорабинӣ муовини сардори сарраёсати шуғли аҳолии вилоят Ёқубҷон Ҷамолов, мутахассисони бахши вилоятии Агентии муҳоҷирати меҳнати хориҷӣ, аҳли ҷомеа ва падар модарони хатмкунандагон ширкат варзиданд. 
Хатмкунандагоне, ки дар давоми таҳсил бо хулқи намунавӣ ва донишашон дар байни ҳамгурӯҳҳои худ намунаи ибрат гардидаанд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар 
вилояти Намангон.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: