ХАВОС СИМОИ ЗАМОНАВӢ МЕГИРАД

18 июл Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо мақсади шинос шудан бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар маҳалҳо ба ноҳияи Хавоси вилояти Сирдарё рафт.

Роҳбари давлат аввал бо корҳое, ки дар маркази ноҳия амалӣ мешаванд, шинос шуд.
Алҳол аҳолии Хавос зиёда аз 27 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Тӯли панҷоҳ соли охир дар ин ҷо ягон хонаи бисёрошёна сохта нашудааст. Одамон дар хонаҳои кӯҳнаву фарсуда зиндагӣ мекарданд. Инфрасохтори иншоот кӯҳна шуда, дараҷаи баланди намӣ шароити зиндагии мардумро бад мекард.
Дар ҷараёни сафари пешинаи роҳбари давлат, ки 19 феврали соли равон баргузор гардид, ба шахсони мансабдор бобати бозсозии маркази ноҳия ва беҳтар кардани инфрасохтори он тавсияҳо дода шуда буданд. Бо назардошти он 7 май қарори Девони Вазирон дар бораи рушди маркази ноҳияи Хавос қабул гардид.
Ҳоли ҳозир дар ҳудуди махсуси ҷудокардашуда корҳои маҷмӯии бинокорӣ идома доранд. 30 хонаи бисёрошёна сохта мешавад. 
Умуман  ин хонаҳо дорои 760 ҳуҷра мебошанд. 600-тои онҳо бо нархи арзон, 160-тои дигар бо нархи тиҷоратӣ фурӯхта хоҳанд шуд. Дар ошёнаҳои якуми 10 манзилҳои тиҷоратӣ иншооти савдо ва хидматрасонӣ ҷойгир мегарданд. Ҳамчунин 150 адад хонаҳои якошёна бунёд меёбанд. Пешбинӣ шудааст, ки тирамоҳи соли равон ин хонаҳо ба истифода супурда шаванд. Хонаҳои дорои инфрасохтори замонавӣ шароити иҷтимоиро беҳтар ва сифати ҳаёти аҳолиро хубтар мекунанд.
Баробари ин бобати сохтмони биноҳои нави ҳокимият ва раёсатҳо, Оҷонсии хидматҳои давлатӣ, мактабҳо, боғҳои истироҳат, Майдони ёдбуд, кинотеатр, китобхона, масҷид, бозор, нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ, муассисаҳои таълим ва маданият корҳои фаъол бурда мешаванд.
Президент ба арзиш ва сифати маводе, ки дар сохтмон истифода мешаванд, рағбат зоҳир намуд. Вай зарурияти баланд бардоштани ҳудудикунонӣ ва беш аз пеш коҳиш додани арзиши маводи сохтмонро таъкид кард. Бобати тарроҳии ҷиддии пешрафти ноҳия бо назардошти анъанаҳои рушд, гузоштани шабакаҳои коммуникатсионӣ, бо кор таъмин кардани аҳолӣ ва истифодаи самарабахши заминҳои озод супоришҳо дод. 
Акнун мо бояд ба масъалаҳои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ эътибор диҳем, то ки соҳибони манзилҳои нав манбаи доимии даромад дошта бошанд,  қайд кард роҳбари  давлат.
Дар ҳамин ҷо ба Президент дар бораи корҳо бинобар беҳсозии таъминоти об ва низоми обҳои тоза дар вилояти Сирдарё, аз ҷумла дар ноҳияи Хавос, маҷмӯъҳои паррандапарварӣ, боғдорӣ, меваю сабзавотпарварӣ ва зироати полизӣ, ки дар ноҳияи Мирзообод аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» сохта мешаванд, хидматҳо бобати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар деҳкадаи Хавос, ки дар доираи консепсияи «Шаҳри бехавф» пешниҳод мешавад, субъектҳои тиҷорати хурд, ки соли равон дар ноҳия бунёд мегарданд, маълумот дода шуд.
Таъкид гардид, ки тӯли солҳои охир 1164 километр новдонҳои об гузошта шуданд, 57 истгоҳи обрасонӣ ва иншооти дигар бунёд шудаанд. Дар натиҷаи ин ва корҳои минбаъда то оғози соли 2020-ум пешбинӣ гардидааст, ки дараҷаи бо оби ошомиданӣ таъмин кардани сокинони вилоят беш аз 88 фоиз меафзояд.
Махсус зикр шуд, ки барои пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар маҳалҳо бояд бо мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура корҳои муштарак амалӣ шаванд, ҷинояткорӣ ва вазъият на дар миқёси ноҳия ва вилоят, тавре ки пештар ҷорӣ буд, балки дар миқёси ҳар кадом маҳалла таҳлил гардад.  Бо назардошти дар ноҳияи Хавос мавҷуд набудани иншооти бузурги истеҳсолӣ, бояд дар ин ҷо тиҷорати хурд инкишоф ёбад, имконият ба иқтидорҳои мавҷуда самарабахш истифода шаванд.
Роҳбари давлат бо шароити ҳаёти мардум дар маркази ноҳия шинос шуд.
Сипас, Президент Шавкат Мирзиёев аз саҳрои хоҷагии фермерии «Саховат»-и ноҳияи Хавос боздид ба амал оварда, ба инкишофи ниҳолҳои пахта эътибор дод.
Ин хоҷагӣ, ки дар назди корхонаи «Бек кластер» амал мекунад, дар мавсими имсола 455 тонна ҳосили ғалла ғундошт ва зиёда аз 314 миллион сӯм даромади соф гирифт. Дар майдонҳои холишуда зироатҳои содиротии ғалладона кишта шуданд. Баробари ин дар 50 гектар замин пахта парвариш карда мешавад.
Фермерон қайд карданд, ки бо шарофати сохта шудани обанбори Сардоба ва аз буҷа ба вилояти Сирдарё барои мубориза бо зараркунандагон  ҷудо гардидани беш аз 10 миллиард сӯм ҷамъоварии ҳосили фаровон имконпазир мегардад. 
Умуман мақсад кор кардан дар саҳро дар чист? Даромад кардан! Даромад бошад афзудани ҳосил имконпазир мешавад. Бинобар ҳамин ҳам бояд коре кард, ки то оғози мавсими ҷамъоварӣ дар ҳар кадом ниҳол на камтар аз 5 кӯрак бошад ва аз ҳар гектар замин 5 сентнерӣ бештар ҳосил ғундошта шавад, таъкид кард Шавкат Мирзиёев. 
Дар ҳамин ҷо вохӯрии роҳбари давлат бо роҳбарони ноҳия ва секторҳо, фермерону соҳибкорони вилоят, намояндагони насли куҳансол ба вуқӯъ пайваст. Дар он аз хусуси корҳо бинобар рушди ҳоҷагии қишлок ва тиҷорати хурд, мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ, пешгирӣ намудани  ҷинояткорӣ сухан рафт.
Дар доираи иҷрои барномаи ҳудудии дусолаи сармоявии арзишаш 2,2 миллиард доллар, ки дар ҷараёни сафари роҳбари давлат моҳи феврали соли равон андешида шуда буд, дар нимсолаи аввал нисбати то ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар сармояҳо аз худ карда шуданд.
Қайд гардид, ки дар шаҳри Янгиер сохтмони корхонаи кимиёвии арзиши лоиҳавиаш 600 миллион доллар ва иқтидори ҳарсолаи истеҳсолиаш 400 ҳазор тонна аммиак ва 660 ҳазор тонна карбамид, ки дар иқтисодиёти мамлакат  маҷмӯи дорои аҳамияти муҳим хоҳад шуд, пешбинӣ шудааст. 
Аҳамияти таҷдиди блокҳои энергетикии истгоҳи гармидиҳии Сирдарё, дар шафати он сохтмони ду истгоҳи нави гармидиҳии иқтидораш 1 ҳазору 300 мегаватт, бозсозии нирӯгоҳи гидроэлектрии Фарҳод ва сохтмони нирӯгоҳи барқи обии кӯчак дар обанбори Сардоба таъкид гардид.
Пас аз анҷоми сохтмони истгоҳҳои электрӣ иқтидори электрӣ дар вилоят 2 ҳазору 774 мегаватт меафзояд, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ 23,5 миллиард киловатт – соат зиёд мегардад. Аз ҳама муҳимаш соле 2,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ ва тақрибан 500 миллион доллар маблағ сарфа мешавад.
Соли равон дар 73 ҳазор гектар замини вилояти Сирдарё пахта кошта шуд. Дар натиҷаи боришҳои сахти моҳҳои баҳор кишт дар баъзе майдонҳо нобуд шуд, бинобар ин онҳо такроран кошта шуданд.
Ба шахсони масъули мақомоти ҳокимият ва соҳа супурда шуд, ки назорати доимии тамоми саҳроҳо ва пахтае, ки парвариши он қафо мондааст, иҷрои мунтазами тамоми чораҳои агротехникӣ ва биологӣ ба роҳ монда шаванд.
Таъкид шуд, ки бинобар нисбати соли гузашта қариб 1,3 баробар баланд гардидани нархи хариди пахта рағбатнокии фермерон афзуд.
Роҳбари давлат зикр сохт, дар минтақае, ки корхонаҳои бузурги саноатӣ надорад, манбаи асосии афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, зиёд кардани ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ бояд тиҷорати хурд гардад.
Дар вилоят низоми нави пешгирии ҷинояткорӣ ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи он дар шаҳри Гулистон ҷаҳор, дар ноҳияи Сирдарё ду шуъбаи корҳои дохилӣ ба кор сар карданд, дар назди онҳо ва дар назди тамоми шуъбаҳои корҳои дохилии  ноҳияҳои дигар вазифаи инспектор оид ба масъалаҳои занон ҷорӣ гардид. Дар натиҷаи ин миқдори ҷинояткорӣ нисбати соли гузашта 38 фоиз коҳиш ёфт. 
Ду сол муқаддам вилояти Сирдарё аз нуқтаи назари нигаҳдории тандурустӣ ҳудуди қафомонда буд. Мувофиқи нишондоди Президент дар тӯли як сол диспансерҳои вилоятии кардиологӣ ва наркологӣ, ҳамчунин дар ноҳияҳои Гулистону Мирзообод ва шаҳри Ширин беморхонаҳо сохта шуданд. Умуман барои 33 иншооти тиббӣ 47 миллиард сӯм ҷудо гардид. Танҳо соли равон сохтмони диспансерҳои эндокринологӣ ва пӯсту венерологии вилоятӣ, маҷмӯи таваллудхонаи шаҳри Гулистон анҷом ёфтанд. Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар ноҳияҳои Сирдарё ва Хавос, беморхона ва поликлиникаи соҳавӣ дар ноҳияи Боёвут, поликлиникаи бисёрсоҳа дар шаҳри Гулистон ба истифода супурда шуданд. 
Соли 2018 муассисаҳои тиббии вилоят бо таҷҳизоти арзишашон 1 миллион доллар муҷаҳҳаз гардиданд, соли равон барои ин мақсадҳо чаҳор миллион доллар ҷудо карда шуд.
Низомҳои пешниҳоди хидматҳои тиббӣ, ки аввал ҳамчун таҷриба дар ноҳияи Боёвут ва шаҳри Гулистон ташкил шуда буданд, акнун дар ҳама ҳудудҳои  вилоят ҷорӣ карда мешаванд. Тамоми муассисаҳои тиббӣ бо шабакаи интернет васл мешаванд, ки дар натиҷа низомҳои «Поликлиникаи электронӣ» ва «Навбатпоии электронӣ» ташкил меёбанд. Дар вилоят ҳамчунин таҷрибаи пешқадами суғуртаи тиббӣ оммавӣ мегардад.
Роҳбари давлат бобати пешгирии ҷиноят дар вилоят, пеш аз ҳама, дар байни ҷавонон ва занон, таъмин сохтани саломатии аҳолӣ, такмил додани низоми таълим, рушди тиҷорати хурд, вусъат додани миқёси корҳои созандагӣ супоришҳои зарурӣ дод.
Сафарҳои сарвари давлат ба вилоят ҳамеша ба бунёдкориҳои бузург хидмат мекунанд. Ба шарофати онҳо лоиҳаҳои бузург, ки ба беҳ шудани некӯҳолии халқ, рушди иқтисодиёт, ғанӣ гардидани ҳаёти маданиву маънавӣ, беҳтар шудани симои шаҳрҳову деҳот хидмат мекунанд, амалӣ мешаванд. Мисоли равшани он дар сатҳи замонавӣ дигаргун гардидани ноҳияи Хавос мебошад.

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ, Умар АСРОРОВ, хабарнигорони ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: