ХАЗИНАИ КИТОБХОНАҲО БЕШ АЗ ПЕШ ҒАНӢ МЕГАРДАНД

Дар саросари шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияи ба китобхонаҳои мактаб туҳфа кардани китобҳои бадеӣ беш аз пеш доман фарох кардааст.

 Зимнан дар ин рӯзҳо мардуми зиёд бо ташаббуси Президенти мамлакат ҳамовозӣ мекунанд, ба аксияи китоб мепайванданд.
Бино ба хабари дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят аз роҳбарони идораҳои ҳукуматӣ то коргарону хидматчиёни ташкилоту муассисаҳо, ҳатто мӯйсафедону нафақахӯрони шаҳру деҳот ба хазинаи китобхонаи мактабҳо чанднусхагӣ китоб бурда ҳадя мекунанд. 
Қобили ёдоварист, ки 19 март зимни баргузории конфронси видеоӣ ва перомуни тарбияи маънавии ҷавонон, алоҳида истода гузаштани Шавкат Мирзиёев ташкили тафреҳи пурмазмуни онҳо аз ҳар як фарди соҳибхираду соҳибмаърифат даъват намуд, ки  ба мактабҳои таҳсилкардаашон китоб ҳадя кунанд. Бар ин асос дар вилоят аксияи туҳфаи китобҳо ба роҳ андохта шуд.
Узви Сенати Олий Маҷлис, ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев яке аз аввалинҳо шуда ба  аксияи мазкур пайваст ва ташаббуси ӯ боис гардид, ки доираи туҳфакунандагони китоб фарохтар шавад. Ҳокими вилоят аз китобхонаи шахсии худ ба бархе аз мактабҳои  таҳсилоти умумии шаҳрҳои Фарғона, Марғелон, Қӯқанд, Қувасой ва соири ноҳияҳои вилоят чанднусхагӣ китоб туҳфа кард.
– Дар марҳилаи кунунӣ фарҳанги китобхонӣ дар байни мардуми мо мунтазам боло меравад. Дар наврасӣ ва ҷавонӣ хондани китоб дар фарох гардидани ҷаҳонбинӣ ва такмили дониш заминаи мустаҳкам мегузорад,  – гуфт Шуҳрат Ғаниев.
Ба таъкиди ҳокими вилоят онҳое, ки маҳз дар ин синну сол бештар китоб мехонанд, ба давлат ва ҷомеаи кишварамон манфиати бештар меоранд. Дар пайи ҳокими вилоят ҷонишинони ӯ низ ба мактабҳои таҳсилкардаашон рафтанд ва ба хазинаи китобхонаи онҳо бастаҳои китоб  ҳадя карданд.
– Пӯшида нест, ки  хазинаи китобхонаи мактабҳои вилоят чандон ғанӣ нест. Ҳатто рафи баъзе китобхонаи мактабҳо аз китобҳои бадеӣ тақрибан холист. Ҳоло метавон гуфт, ки  бар асоси ташаббус ва даъвати Президент дар муддати кӯтоҳ хазинаи китобхонаи мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам афзоиш меёбад, – гуфт ҷонишини якуми сардори садорати таълими халқи вилоят Бобосодиқ Латипов.
Мавсуф афзуд, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии таҳти тасарруфи садорати онҳо  ин аксия бомуваффақият идома дорад. Ба таъкиди ӯ баъзе соҳибкорони фарҳангдӯст аз мағозаҳо китобҳои зиёди бадеиро харидорӣ карда, мустақим ба мактабҳо туҳфа карда истодаанд. Ин иқдоми наҷиб қобили ситоишу сарфарозиҳост.
– Мактаби 33-юми шаҳри Фарғона яке аз мактабҳои пешқадами маркази вилоят маҳсуб меёбад. Муаллимаи нахустинам Кимиёхон Холматоваро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Вай маро ба синфи якум қабул ва дастамро рост кард, бароям навиштану хонданро омӯхт. Ҳамчунин устодонам Саодатхон Ҳайдарова (равонаш шод бод!) ва Хадичахон Камолова аз забону адабиёт сабақ додаанд. Онҳо хеле меҳрубон, вале сахтгир буданд, – ба ёд меорад сардабири рӯзномаи «Ферганская правда» Гулбаҳор Саидғаниева.
Ба гуфтаи сардабир дар китобхонаи шахсиаш садҳо нусха китоб маҳфуз аст. Барои ҳамин аз ин шумор як даста китобҳои шеърии  шоир ва нависанда Ҳабибулло Саидғанӣ, ҳамчунин якчанд китобу маҷмӯаҳои шеърӣ ва насрии адибони классикиву муосирро ба хазинаи китобхонаи мактаби таҳсилкардааш туҳфа намуд.
– Дирӯз аз ҷевони китобҳоям якчанд дона китоб гирифта, ба мактаби рақами 20-ум омадам, ки он ҷо даҳ сол таҳсил ва муддати дароз ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудаам. Дар китобхонаи он асарҳои шоирону нависандагони тоҷик низ хеле бисёранд ва онро хонандагон ҳамеша бо шавқ мехонанд. Китобҳои овардаам ҳама ба забони модариамон аст ва онро ба китобдори мактаб супурдам. Китобдор ин китобҳоро дар гӯшаи хоси «Китобҳои туҳфашуда» ҷой кард, – мегӯяд адиб ва омӯзгори бознишастаи ноҳияи Сӯх Раҳимбердӣ Тошматов. 
– Ин китобҳое, ки мебинед, одамони синну сол ва касбу кори гуногун ба мактабамон туҳфа кардаанд. Аллакай шумораи китобҳои китобхонаи мактаб дар ин муддати кӯтоҳ хеле афзуд.  Қарор аст, ки дар ҷамъомади умумии мактаб  ному насаби чунин одамони саховатманд ва фарҳангпеша эълон карда шавад. Бархе аз ин ашхосро кулолони номӣ ташкил медиҳанд, ки бо маҳсулоти худ номи Риштонро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он шуҳрат  мебахшанд, – иброз дошт ҷонишини директори мактаби рақами 26-и ноҳияи Риштон оид ба маънавият ва маърифат  Шаҳодат Миразизова.
Вай тазаккур дод, ки дар ҳамаи давру замон китоб беҳтарин туҳфа арзёбӣ шудааст. Барои ҳамин маъмурият ва ҷамоаи омӯзгорон ин китобҳоро ба сифати туҳфаҳои гаронбаҳо пазируфтанд. 
Ин иқдоми нек дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: