Хазинаи миллии инвеститсионӣ ташкил мегардад

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи таъсиси Хазинаи миллии инвеститсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” (таҳти рақами ҚП-303, 27.08.2024) имзо гардид.

Дар асоси қарор Хазинаи миллии инвеститсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил мегардад.

Вазифаҳои асосии Хазина аз инҳо иборат аст:

- баланд бардоштани арзиши бозории дороиҳои софи Хазина;

- ҷойгиркунии саҳмияҳои хазина дар биржаи пешбари хориҷӣ;

- ҷалби сармоягузорони пешбари институтсионалии байналмилалӣ барои ҷазби сармоягузорӣ ба активҳои хазина ва иштирок дар равандҳои хусусигардонии онҳо;

- татбиқи стандартҳои идоракунии корпоративии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, иштирок дар ҷорӣ намудани стандартҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ (ESG) дар дороиҳои сармоягузории хазина.

Рӯйхати корхона ва бонкҳои тиҷоратӣ, ки саҳми давлат барои ташаккули сармояи оинномавии хазина ба онҳо дода мешавад, тасдиқ карда шуд.

Хазина дар шакли ҷамъияти саҳҳомӣ ташкил шуда, то ба ҷойгиркунии оммавии аксияҳо саҳмдори ягонаи он Вазорати иқтисод ва молия ба ҳисоб меравад.

То соли 2030 на камтар аз 50 фоизи фоидаи софи дороиҳои сармоягузории хазина барои пардохти дивидендҳо дар охири соли дахлдор равона карда мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: