ХАЗОНСӮЗӢ – ОЗОНСӮЗӢ

Фасли заррини сол – тирамоҳ бо шамоли сахту резаборон омад.

Баргҳои дарахтон зери по аҷиб қолин густурда, аз гузаштани як соли умр дарак медиҳанд.
Рости гап, хазонрезӣ баъзе шахсонро ба андеша гузорад, барои гурӯҳе ташвиши рӯфтану ба ҷое кашондану сӯхтани онро меорад. Алалхусус, чунин манзараҳои нохушро дар назди корхонаву ташкилотҳо, хонаву кӯчаҳо мушоҳида кардан мумкин аст.
Назар ба маълумоти идораҳои ҳифзи табиат, ҳангоми сӯзондани хазон ба атмосфера карбони оксид баромада, барои саломатии инсон ва муҳит моддаҳои зараррасони оксиди азот, ангидриди олтингӯгирд, диоксин ва ғайраро паҳн менамояд ва ба қабати озон зарар мерасонад.
Ба фикри мутахассисон шахсоне, ки аз ин ҳаво нафас мегиранд, на танҳо роҳҳои нафасгирӣ, инчунин, чашм ва асабашон дардманд мешаванд. Дар организм хавфи пайдоиши бемориҳои саратони шуш, диққинафас зиёд гашта, ба шахсони гирифтори аллергия таъсири манфӣ мерасонад.
Ёд дорам, ки солҳои мактабхон ва донишҷӯ будан аз кӯча, боғ хазон рӯфта, ба хона меовардем ва ба чорво медодем. Он озуқа буд. Воқеан, имрӯзҳо ба деҳаҳои Оҳалику Миронқул, Оқсою Илонсой ва дигар дараҳои кӯҳсори ноҳияи Самарқанд азми сафар кунед, шоҳиди он мешавед, ки чорвои мардум дар кӯчаҳо озод гашта, хазонро мехӯранд. Аммо дар шаҳр ин имкон надорад.
Ба фикри мо, хазонро зери дарахт гӯр кардан мувофиқи мақсад аст. Он пӯсида ба озуқаи замин табдил меёбад. Ё ки бо мошин ба саҳро бурда пош додан низ фоидаовар аст.
Шояд аксарият хабардор нестанд, ки дар асоси моддаи 88-уми Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шаҳрвандоне, ки хазон ва пасмондаи растанӣ, шохи дарахтро дар ҷойҳои аҳолинишин месӯзанд ва ҳавои атмосфераро зарарнок мекунанд, ба миқдори се баробари музди меҳнат, аз шахсони мансабдор аз панҷ то даҳ баробар ҷарима ситонида мешавад.
Умед аст, ки идораҳои масъул барои риояи маданияти экологӣ ва ҳифзи табиат риоя мекунанд. Фаромӯш накунем, ки хазонрезӣ манзараи ҳаловатбахш аст, вале дудаш зарар дорад. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: