ХЕЗ ОЧА, КЕЛИН ОМАД...

Аз қадимулайём тӯю сур, маросиму тантанаҳо чун анъана то ба мо омада расидаанд.

Чунин маросимҳо бар ивази заҳмату ранҷи чандинсолаи соҳибтӯйҳо барпо мегарданд.
Аз луғатҳо бармеояд, ки калимаи «тӯй» мансуб ба забони туркӣ буда, маънояш ҷашн, сур, ид, маросими хурсандӣ мебошад. Тӯйи арӯсӣ чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони мо аз номзадкунии ду ҷавон шурӯъ мешавад. Пас аз номзадӣ ҳам дар хонаи домодшаванда ва ҳам арӯсшаванда тараддуд ва тайёрии тӯй оғоз меёбад. Мардум кӯшиш мекунанд, ки ҳар як расму анъанаҳои тӯйро мувофиқи талаби давру замон иҷро кунанд. 
Бисёр расму одатҳои миллию анъанавии қадимӣ то замони мо омада расидаанд. Вале як қисми он одатҳо мавқеи пешинаи худро гум карда, мардум онҳоро ба тариқи ҳазлу шӯхӣ иҷро мекардагӣ шуданд. Чунончӣ, лаҳзаи ба арӯсу домод шарбат хӯрондан, орд молидан, оина нишон додан, дар шаби никоҳ дар гирди гулхан давр занондан ва монанди инҳо. 
Маросими тӯй аз марҳилаҳои хостгорӣ, фотиҳа, тӯйи арӯсӣ, рӯбинон иборат аст.
Бобою момоҳои мо маросимҳояшонро мувофиқи дарёфти худ оддӣ, содда ва бе дабдабаю харҷи зиёдатӣ гузарондаанд. Онҳо орзуву ниятҳои худро бо шеъру тарона, дубайтию мухаммасҳои мардумӣ ифода намуда, ба домоду арӯс пеш аз ҳама тани сиҳат, дар фарозу нишебиҳои ҳаёт сабру таҳаммул, муҳаббати поку бахти сафед талабидаанд.
Чунончӣ, дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато занон ҳангоми арӯсбарон чунин сурудҳои халқиро месароянд, ки ифодакунандаи ҳисси шодӣ буда, сарояндагон ба арӯсу домод умри дароз ва давлату фарзанд орзу мекунанд:
Мо шистем раҳпоён,
Домод ояд гулчошон.
Ҷӯраҳояш хезеде,
Аз сараш гул резеде.
***
Хез оча, келин омад,
Нури хона даромад.
Додош кунад рахташа,
Худо теяд бахташа...
Имрӯзҳо бархе тӯю сури худро танҳо барои худнамоӣ, бо карру фар ва дабдаба мегузаронанд.
– Шавҳари Гуландом (номаш дигар карда шуд) солҳои тӯлонӣ дар хориҷи кишвар мардикорӣ мекард. Маълум аст, ки мардикор ба ивази меҳнати миёншикан сармоя ба даст меоварад. Гуландоми хонанишин бо тарбияи ду нафар кӯдакаш машғул аст. Вале ба гуфтаи дугонаҳояш тилловорию либосҳояш «мӯди охирин» буданд. Ба қарибӣ шавҳараш аз хориҷ омад ва онҳо бо падару модар маслиҳат карда, хостанд писарчаашонро тӯйи «хатна» кунанд.
Гуландом танҳо барои либосворӣ аз шавҳараш 20 миллион сӯм талаб кард. «Ман бояд ба падару модар, хоҳару бародар, холаю аммаҳоям тӯёнаи қиматбаҳо туҳфа кунам. Аз дигарҳо кам шуданро намехоҳам», гуфт ӯ. Ҷавонзан маблағро гирифта барои хариди матоъҳои нафису зебо роҳи ҷумҳурии ҳамсояро пеш гирифт. Либосвориҳои қиматбаҳоро харид ва дар худи ҳамон ҷо бо нархи гарон дӯзонд.
Чунин рафтори ҷавонзан оё дуруст аст? 
Дар деҳаи ҳамсоя тӯйи арӯсӣ барпо шуд. Домод бо қатори автомобилҳо ҷӯра ва дугонаҳои арӯсро барои сайру гашт ба маркази ноҳия бурд. Ҷавонони бесар ҳаракати мошинҳоро тезониданд ва дар натиҷаи баҳамхурии ду мошин ҷӯраи домоду дугонаи арӯс дар ҳолати вазнин ба беморхона афтиданд. Ҳамон шаби базм духтарак бо марг дасту гиребон дошт. Баъди се рӯзи автоҳалокат духтараки норасида аз ҳаёт чашм пӯшид..., – мегӯяд ҳангоми суҳбат муаллимаи мактаби миёнаи рақами 14-уми деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориш Гулнора Рӯзиева.
Дарҳақиқат, баъзе ҷавонон сабукандешона рафтор мекунанд, ҷавонзанҳо дар ҳирси сарвату боигарӣ шуда, ранҷу машаққат ва меҳнати чандинсолаи оилаашонро фаромӯш мекунанд.
Имрӯзҳо барои пешгирии чунин рафторҳои дилхиракунанда дар ҳар як ҷамоати шаҳрвандон комиссияҳои назоратии махсус созмон меёбанд.
Аммо танҳо бо корбарии гурӯҳҳои махсус пешгирии чунин иллатҳо мушкил аст. Аввало куҳансолони оила, падару модарон, пурдидаҳо, фаъолони маҳалла ба ин харҷу исрофкориҳои беҳуда набояд роҳ диҳанд.
– Маро савори асп ба хонаи шавҳарам бурда буданд. Ҷиҳози арӯсии ман аз чор кӯрпаю болишт, гилему намад ва бӯхчаи либос иборат буд. Шавҳарам чӯпонӣ мекард, зиндагии хоксорона доштем. Дар оила аҳливу якдигарфаҳмӣ ҳукмрон бошад, ҳамааш хуб мешавад. Ба Худо шукр, соҳиби хонаву дар, писару духтарон шудем. Албатта, фарзандон мехоҳанд ҳамранги замон ҳаёт ба сар баранд. Аммо солҳои охир баъзе шахсон ба қадри меҳнати худ нарасида, дар тӯю маросимҳояшон ба исрофкориҳои беҳуда роҳ дода истодаанд, – мегӯяд момои Гулзори 80-сола аз деҳаи Симбулоқи но-ҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

Саодат 
БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: