ХИДМАТ БЕҲТАР ХОҲАД ШУД

Лавҳа

Назди дар ва дохили толори Маркази хидматҳои давлатии ноҳияи Бӯка чун ҳамеша пур аз одам буд. Ростӣ, чанд фурсат боз мехостам доир ба фаъолияти ин марказ чизе барои рӯзнома бинависам. Дар ин миён зарурате пеш омад, то масъалаеро бо кӯмаки ходимони соҳа ҳаллу фасл намоям. Бо вуҷуди он ки бо аҳолӣ мутахассисони касбӣ сару кор доштанд, одамони зиёде навбат мепоиданд. Чанд лаҳза ба гирду атрофи хона, ки дар деворҳои вай овезаҳои махсуси доир ба соҳа овезон буданд, чашм давондам. Номгӯйи хидматҳои давлатӣ, қарору фармонҳои зарурӣ, дастурҳои таблиғотӣ бо мақсади афзудани маълумоти аҳолӣ гузошта шуда буданд. Воқеан, пӯшида нест, ки ҳоло шаҳрвандон ҳар рӯз ба ин ё он мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Мехоҳанд онро дар муддати кӯтоҳ ҳал намуда, ба корашон идома диҳанд. 
Сазовори қайд аст, ки солҳои охир дар мамлакат бобати бартараф намудани мушкилоти аҳолӣ, фароҳам овардани қулаиҳои мусоид ба шаҳрвандон, ташкил намудани мулоқоти намояндагони мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ, расондани хидматҳои давлатӣ ва ғайра корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Пас аз қабул шудани Фармони Сарвари давлат «Дар бораи чораҳои куллан ислоҳсозии низоми ба аҳолӣ хидматрасонии давлатӣ» аз 12 декабри соли 2017, дар назди Вазорати адлия Агентии хидматҳои давлатӣ ташкил гардид. Дар як муддати кӯтоҳ «Шаҳрвандон не, ҳуҷҷатҳо амал кунанд» ба шиори он табдил ёфт. Фаъолияти садоратҳои агентӣ дар вилоятҳо ва марказҳои хидматҳои давлатӣ дар назди қабулгоҳҳои халқии тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуданд... 
Ходиме баъди ба чанд пурсиши муроҷиаткунандагон посух додан, маро садо кард. Ба вай наздиктар шудам. Хидмат ака, чӣ мушкилот ва ё муроҷиат доред? 
– Мехостам ба масъалае дар алоҳидагӣ равшанӣ андозам, оё ин имконпазир аст? 
– Чаро мумкин набошад? Марҳамат дароед, – гуфт ӯ.  
Пас аз ибрози мақсад суҳбати мо бо директор қӯр гирифт. 
– Медонед, рӯзҳои охир дар дафтари корӣ кам мешинам. Лозим меояд, ки назди дар истода ба кормандон кӯмак расонам. Мушкили муроҷиаткунандагонро то қадри имкон ҳаллу фасл намоям. Баъзан навбатпоиҳо зиёд мешаванд. Аз ин рӯ, таваҷҷӯҳи қисми зиёди онҳоро ба худ ҷалб карда, бо хидматҳои нави давлатӣ, ки нав ба нав  илова мешаванд, шинос мекунам. Ҳамсуҳбат шуда, дарди одамонро мешунавам, – гуфт директори марказ Камолиддин Асқаров. – Боиси қайд аст, ки тӯли беш аз як соли ба роҳ мондани фаъолияти марказҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қисми зиёди аҳолӣ ҳаллу фасли мушкилоти худро аз ин ҷо меҷӯянд. Ва табиист, ки навбатпоиҳо ба миён меоянд. Ҳар як мутахассиси марказ дар ҳолати холӣ шуданаш муроҷиаткунандаро новобаста аз соҳа қабул мекунад. Бешубҳа, ҷойи хидматамон танг аст ва аз ин сабаб баъзан барои мутахассисону шаҳрвандон ноқулаиҳо ба миён меоянд. Боиси хурсандист, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои дахлдор соли ҷорӣ аз ҷониби Агентии хидматҳои давлатии вилоят, ҳокимияти ноҳия ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Азизбек Барака қурувчи», ки сармоягузор ба шумор меравад, дар асоси шарикии давлатӣ шартномаи сеҷониба бинобар сохтмони бинои Маркази нав дар маркази ноҳия ба имзо расид. Бунёди он ба наздикӣ сар мешавад. Вай бояд то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода супурда шавад, ки барои ходимон ва аҳолии ноҳия туҳфаи хубе хоҳад буд. Алҳол дар ин ҷо 10 нафар ходим, 8 нафар мутахассис, посбон ва фаррош кор мекунанд.    
Бинобар таъкиди Камолиддин Асқаров агар аз оғози фаъолияти марказ то охири соли 2018 аз шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ ҷамъ 14 ҳазору 700 муроҷиат расида бошад, ин нишондиҳанда то якуми феврали соли равон 4 ҳазору 507-торо ташкил медиҳад. Алҳол рӯзе ба ҳисоби миёна 60-70 муроҷиат-аризаи шаҳрвандон мерасад. Марказ бо беш аз 55 намуди хидмати давлатӣ ба шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқиву ҷисмонӣ, субъектҳои тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ хидмат мерасонад. Аз 1 апрели соли ҷорӣ боз 15 намуди хидмати давлатӣ зам мешавад. Ин ба кам шудани навбатпоиҳо, пешгирӣ гардидани дӯлобкорӣ, оворашавӣ, коғазбозӣ мусоидат хоҳад кард.  
Мувофиқи фармони Президент барномаи чораву тадбирҳо, ки фақат тавассути маркази хидматҳои давлатӣ тибқи тамоили «Равзанаи ягона» давра ба давра тӯли солҳои 2018-2020 татбиқ мешаванд, тасдиқ гардидааст. Баъди пурра ба кор даромадани низоми мазкур шаҳрвандон минбаъд идора ба идора намегарданд, балки ҳуҷҷатҳои онҳо амал мекунанд. Алҳол дар миқёси ноҳия иқдоми умумидавлатии якмаротибаина оиди шинохти расмии ҳуқуқи мулк нисбати истиқоматгоҳҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандон худсарона сохта шудаанд, идома дорад. Шаҳрвандон метавонанд то 1 майи соли ҷорӣ ба ин масъала муроҷиат кунанд. 
Воқеан, тӯли беш аз як соле, ки Маркази хидматҳои давлатӣ фаъолият мебарад, дар ба зудӣ ҳаллу фасл гардидани мушкилоти аҳолӣ оиди расондани хидмати давлатӣ саҳм мегиранд ва шаҳрвандон метавонанд новобаста аз намуди кадом хидмат ба ин ҷо муроҷиат кунанд.  

Меҳровари ҚОДИР, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: