ХИДМАТГОРИ ХАЛҚ

Ҳар як падару модар орзу мекунад, ки фарзандаш солим, боодоб, шуҷоу далер ба воя расаду аз тариқи хидматҳои шоистааш дар байни халқ сари баланду рӯйи сурх дошта бошад.

Ҳар як падару модар орзу мекунад, ки фарзандаш солим, боодоб, шуҷоу далер ба воя расаду аз тариқи хидматҳои шоистааш дар байни халқ сари баланду рӯйи сурх дошта бошад.
Тобистони соли 1960 дар оилаи амаки Бекназар ва холаи Давлатой писаре ба дунё омад. Ба ӯ бо ниятҳои нек Абдулло ном ниҳоданд. Абдулло аз хурдсолӣ дар байни ҳамсолони худ бо зиракиву кунҷкобӣ, дониш ва ахлоқи ҳамида ангуштнамо буд. Вай чун фарзанди калонӣ, азбаски дар оила духтар набуд, ба ҳамаи корҳои модар, аз ҷумла дар нигоҳубини додарон мададгору кӯмакрасон буд.                                                                                                                                                  
Абдулло Дӯстназаров мактаби миёнаи таълими ҳамагонии рақами 10-уми ноҳияи Сайҳунободро бо баҳоҳои хубу аъло хатм намуда, худи ҳамон сол ба Донишкадаи иқтисодиёти Тошканд дохил шуд. Зеҳни пазиро, ки дошт, тӯли ним соли таҳсил забони ӯзбекиро низ зуд аз худ кард. Минбаъд туфайли зеҳну идроки солим аз донишҷӯёни пешқадами факултет гардид. Дар донишкада таълими баъзе фанҳо ба забони русӣ буд. Яъне лозим меомад, адабиёти зиёдеро бино ба ихтисос ба ин забон мутолиа намояд, омӯзад, имтиҳон супорад.                                                                                                                                         
Баъди хатми донишкада таҳсил дар мактаби ҳаёт оғоз ёфт. Кору фаъолияташро дар хоҷагии ҷамоавии ба номи Шариф Раҳимов ба сифати муҳосиб шурӯъ кард. Мактаби дигари зиндагӣ – хидмат дар сафи лашкар ӯро дар кӯраи худ обутоб дод. Абдулло баъди адои хидмати ҳарбӣ корро дар идораи суғуртаи ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё аз рӯйи ихтисос, яъне иқтисоддон оғоз кард. Агар кас мутахассиси хуби ягон соҳа бошад, бидуни шубҳа “харидор”-аш зиёд мешавад. Воқифони донишу қобилияти хуби Абдулло ӯро ба кору вазифаҳои гуногун даъват менамуданд. Вай дар ҳама кору вазифа ба туфайли дониш ва чашмикордониаш ба курсии иззат менишаст. Ҳангоме ки дар шуъбаи омори ноҳияи Оқолтин, саридораи омори ҳокимияти вилояти Сирдарё  чанд сол ба сифати роҳбар кор мекард, ҳамкорон, корафтодагон ва роҳбарони дараҷаҳои гуногун  аз чашмикордониву қобилияти ташкилотчигӣ ва муомилаи хушу инсондӯстии ӯ ҳарф мезаданд. Абдулло Дӯстназаров чанд гоҳ  ба сабаби норасоии кадрҳо ва бо даъвати маъмурияти таълимгоҳ дар Донишгоҳи давлатии Гулистон ба донишҷӯён аз фанни иқтисод дарс гуфт... 
Албатта, барои ба даст овардани дастовардҳо, сазовори обрӯю эътибор шудани ӯ муҳити оила низ аз омилҳои асосӣ буд. Кадбонуи хона Орзугул Худойбердиева, ки то синни нафақа дар мактаб омӯзгорӣ мекард, ҳамеша ҳамдаму кӯмакрасони шавҳар буд. «Дар идораҳои давлатӣ кор кардан, бо инсонҳои феълу хӯяшон мухталиф муросою мадоро намудан осон нест. Аз кору ташвиши рӯзгор  ва тарбияи фарзандон хавотир нашавед, аз пайи кор шавед», ӯро ба кор гусел карда мегуфт завҷаи ҳолдону меҳрубонаш ва бори рӯзгорро, ки он даврон барои ҳамаи кадбонуҳо, бахусус занони деҳот душвор буд, бар дӯш мегирифт. Ҳамин сабру таҳаммул, якдигарфаҳмӣ буд, ки имрӯз ин ду зиёӣ бо фарзандон, арӯсон ва набераҳои ширин ҳаёти осудаву фаровон доранд. Онҳо фарзандони худ – Раҳматулло ва Нормуродро чун инсонҳои меҳнаткаш ва ҳолдону кордон ба воя расонданд. Дар ҳама ҷо, дар ҳама кору вазифа ҳалолӣ, чашмикордонӣ, хушсуханӣ ҳамроҳ ва мададгори акаи Абдулло буданд. “Дилро ба дил раҳест таҳи ин гунбади сипеҳр, аз рӯйи кина кинаву аз рӯйи меҳр меҳр” фармудааст шоире. Дар ҳама ҳолат пайдо кардани роҳ ба дили инсонҳо Абдулло Дӯстназаровро ба кӯйи мурод раҳнамоӣ карданд.                                                                                                  
Умари Хайём фармудааст: 
Ин қофилаи умр аҷаб 
мегузарад,                                                                                                 
Некӯст даме, ки бо тараб 
мегузарад.
– Инсон бояд ба модару падар ва Ватан беминнат хидмат кунад, – мегӯяд акаи Абдулло, – умри инсон ба як мижа задан мегузарад. Ба қадри чунин ҳаёти яклаҳзаина бояд расид.
Чӣ хуш, агар ин як лаҳза чун умри қаҳрамони навиштаи мо пурмазмун ва дар хидмати халқ гузарад. 
Абдулло Дӯстназаров ба наздикӣ дар ҳалқаи ҳамкасбон, ҳамкорон ва пайвандони хеш 60-умин солгарди умрашро истиқбол гирифт. Дӯстону қарибон ва ҳамкорон аз фазилатҳои инсонии ӯ бо самимияти тамом ҳарф заданд. 
Ҳар рӯз, ки дидаӣ, 
муборак бошад.
Ризқе, ки ту чидаӣ, 
муборак бошад.
Дар ҷодаи пуршебу 
фарози ин умр,
То шаст расидаӣ, 
муборак бошад.

Абдунабӣ ҲОМИДОВ,
ноҳияи Сайҳунободи 
вилояти Сирдарё. 
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: