ХИДМАТИ БАРОИ ҲАМА ЯГОНАИ ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНИИ РАҚАМӢ ҶОРӢ КАРДА ХОҲАД ШУД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 январ бахшида ба масъалаҳои баланд бардоштани самарабахшии хидматрасонии давлатӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Сарвари давлатамон аз рӯзҳои аввали фаъолияташ дар вазифаи Президент ғояи “На халқ ба мақомоти далатӣ, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд”-ро пеш гузошта буд, ки мақсад аз он сабук гардондани мушкили одамон ва қулайиҳои васеъ фароҳам овардан ба онҳо мебошад.
Барои сарфа намудани вақту маблағи аҳолӣ, ки ба идораҳо бо ин ва дигар масъалаҳо муроҷиат менамоянд, инчунин пешгирӣ намудани коррупсия ба ҷорӣ кардани низоми том, замонавӣ ва боэътимоди хидматрасонии давлатӣ шурӯъ гардид.
Ба ин муносибат Президент Шавкат Мирзиёев 12 декабри соли 2017 ба Фармон “Дар бораи куллан ислоҳ намудани низоми миллии хидматрасонии давлатӣ ба аҳолӣ” имзо гузошт. Мувофиқи ҳуҷҷат Агентии хидматҳои давлатии назди Вазорати адлия ташкил карда шуд.
Имрӯз марказҳои хидматҳои давлатии Агентӣ дар тамоми мамлакат фаъолият нишон медиҳанд. Дар беш аз 80 бинои ҳамаҷониба қулай ва замонавӣ барои шахсони ҷисмониву юридикӣ хидмат расонда шуда, боз 94-то ин гуна иншоот сохта мешаванд.
Ба ғайр аз ин, бо баромадан ба ноҳияҳои дурдаст дар шаклҳои қулаю шаффоф хидматҳо (хидматҳои давлатии сайёр) расонда  мешаванд.
Дар айни ҳол ба воситаи марказҳои хидматҳои давлатӣ тавассути “даричаи ягона” беш аз 130 намуди хидмат тақдим мегардад. Агар дар соли 2017-ум хидматҳои давлатии ба аҳолӣ расондашуда 12 ҳазор ададро ташкил карда  бошад, дар соли 2019-ум ин нишондиҳанда аз 13 миллион гузашт.
Дар тӯли ду соли охир дар маҳалҳо 86 маркази  хидматҳои давлатӣ кушода шуданд. Оид ба 36 намуд хидмати аз ҳама бештар муроҷиатшуда миқдори ҳуҷҷатҳо аз 112 то ба 52 то, муҳлати хидматрасонӣ аз 280 то 126 рӯз кам карда шуд.
Масалан, пештар барои иваз кардани гувоҳномаи ронандагӣ тақдим кардани шиноснома, маълумотномаи тиббӣ, варақаи имтиҳон, гувоҳномаи ронандагӣ, сурат, инчунин пардохтани маблағ дар ҳаҷми 70 фоизи музди меҳнати камтарин тақозо мегардид. Ҳоло бошад, гувоҳномаи ронандагии куҳна ва талони он, инчунин ба миқдори 70 фоизи миқдори ҳисоби базавӣ боҷ пардозед кифоя аст.
Аз 1 июни соли гузашта сар карда сарфи назар аз ҷойи зисти шаҳрвандон ва манзили ташкилотҳо ба воситаи маркази дилхоҳ хидматрасонии давлатӣ ба роҳ монда шуд. Навгонии мазкур барои шаҳрвандон қулайиҳои зиёд фароҳам оварда, онҳоро аз сарсониҳо халос карданд. 
Масалан, довталаби нуқусӣ барои ҳуҷҷат супурдан ба мактаби олӣ дар Тошканд камаш 2 миллион сӯм харҷ карда бошад, имрӯз ба маркази дилхоҳ, аз минтақаи худ набаромада муроҷиат намудан кифоя аст.
Соли ҷорӣ низ корҳоро дар ин самт идома дода, кушодани 94 маркази нав, аксарияташон – дар шарикӣ бо сектори хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.
Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки ин танҳо зинаи аввали кор мебошад ва фароҳам овардани қулайиҳо ба аҳолӣ зиёд гардонда мешаванд.
Барои он ки тамоюли “даричаи ягона” пурра тасдиқ гардад, бояд пеш аз ҳама тамоми хидматҳои давлатиро ба шакли электронӣ гузаронда, маълумотҳо рақамӣ кунонда шаванд, зикр гардид дар ҷамъомад.
Дар айни ҳол аз 80 идорае, ки хидмати давлатӣ мерасонанд, танҳо 27-тояшон пойгоҳи маълумотҳояшонро бо Агентии хидматҳои давлатӣ интегратсия карданд, дар 53 ташкилот маълумотҳо то ҳол ба “рақамӣ” гузаронда нашудаанд. Масалан, барои хидматрасонии давлатӣ дар соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, экология, сохтмон, архив пойгоҳи маълумотҳои электронӣ мавҷуд намебошанд. 
Аз сабаби мавҷуд набудани мубодилаи маълумотҳо дар соли 2019 муддати хидматрасонии ба сохтмон, таъминоти газ, оби гарму хунук алоқаманд вайрон карда шуданд.
Ба ин муносибат ба Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсия, Вазорати адлия вазифаи таҳияи барномаи мақсаднок оид ба дар тамоми идораҳо созмон додани низоми иттилоотӣ ва пойгоҳи маълумотҳои ба хидматҳои давлатӣ марбут супурда шуд.
Мақсади то охири соли ҷорӣ  на кам аз 5 баробар зиёд гардондани шумораи истифодабарандагони хидматҳои давлатии электронӣ, дар соли 2025 пурра гузаштан ба хидматрасонии электронӣ гузошта шуд.
Бо назардошти он ки 75 фоизи аҳолӣ аз интернет тавассути воситаҳои мобилӣ истифода мебаранд, муҳим будани ба кор даровардани версияи мобилии Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатӣ таъкид гардид. Супурда шуд, ки ташкили беш аз 50 филиали марказҳои хидматҳои давлатӣ барои фароҳам овардани қулайӣ ба сокинони нуқтаҳои дурдасти аҳолӣ тезонда шавад. 
Дар асоси истифодаи таҷрибаи хориҷӣ муҳим будани ба шаҳрвандон дар асоси як дархост расондани маҷмӯи хидмат, инчунин  шаҳрванд муроҷиат накунад ҳам  ба вай пешниҳод намудани намудҳои хидмати зарурӣ таъкид гардид. 
Масалан, баробари таваллуд шудани фарзанд ба вай қайди таваллуд, таъин намудани кӯмакпулӣ, дар ҷойи зист ба рӯйхат гузоштан, дар муассисаи тиббӣ ба ҳисоб гирифтан, навбат ба боғчаҳи бачагона барин хидматҳо якбора тақдим гарданд, барои падару модарон қулай хоҳад шуд.
Дар ҷамъомад супурда шуд, ки ин низом ба тариқи озмоиш дар шаҳри Тошканд ва дар оянда зина ба зина дар дигар минтақаҳо ҷорӣ карда шаванд.
Президент таъкид намуд, ки талаб карда шудани имзои электронии рақамӣ, ки мавҷуд будани он барои дастрас шудан ба хидматҳои зиёд ҳатмӣ мебошад, барои шаҳрвандон ноқулайиҳо фароҳам меоранд, хусусан, ин нуқтаи дардноки соҳибкорон мебошад.
Аз имзои электронии рақамӣ танҳо ба воситаи компутер истифода бурдан мумкин. Соҳибкор барои аз қайд гузаштан бояд калиди идораи андоз, барои ҳуҷҷатҳои гумрук калиди гумрук ва барои кор кардан бо суратҳисоб имзои рақами электронии бонкро ба даст оварад. Барои ба даст овардани ин калидҳо ба ҳар як идора алоҳида-алоҳида рафта, онро харид кунад ва баъд аз муддати муайян боз бар ивази маблағ онро нав кунад.
Президент ба Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияҳо супориш дод, ки якҷоя бо ташкилотҳои масъул усулҳои муқобил, бехавф ва оддии тасдиқ кардани шахсиятро ҳангоми истифода бурдан аз хидматҳо, ки имзои электронии рақамиро тақозо мекунанд, ҷорӣ намояд. То 1 июли соли равон вазифаи коркард намудани имзои электронии рақамии барои ҳамаи хидматҳо ягона гузошта шуд.
Дар ҷамъомад аз рӯи масъалаҳои баррасишуда чорабиниҳо муайян шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: