ХИДМАТИ БОНК БА АҲОЛӢ

Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт доир ба ҳисоботи Ассотсиатсияи бонкҳои Ӯзбекистон барои соли 2021 ва вазифаҳои устувори дар пеш истода анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Ассотсиатсияи бонкҳои Ӯзбекистон ташкилоти ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии бонкҳои тиҷоратӣ, рушди инфрасохтори бонк, офаридани хидмати босифати молиявӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбии ходимони соҳа, мустаҳкам намудани муносибат ва боварии аҳолӣ бо бонк ва дигар хидматҳо созмон ёфтааст. 
– Ассотсиатсияи бонкҳои Ӯзбекистон фаъолияти худро дар асоси барномаҳои давлатии “Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ”, Стратегияи рушди Ӯзбекистон барои солҳои 2017-2021, Стратегияи рушди Ӯзбекистони нав барои солҳои 2022 -2026, таъмини иҷрои қарорҳои Президент оид ба ин самт ба роҳ монда аст, – гуфт таҳлилгари ассотсиатсия Абдулло Имомхоҷаев. – Роҳбари давлат дар ҳар як маърӯзаи худ таъкид мекунад, ки аҳолиро, бахусус, занон ва ҷавононро ба соҳибкорӣ беш аз пеш бояд ҷалб намуд, ба онҳо вомҳои имтиёзнок, субсидияҳо ҷудо кард, ки дар ин самт вазифаи бонкҳо хеле аҳамиятнок аст. 
Дар поёни чорабинӣ ходимони ассотсиатсия ба саволҳои намояндагони ВАО ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.  
         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: