ХИДМАТИ КОММУНАЛӢ – БА АҲОЛӢ

Дар мамлакат баҳри беҳбудии сатҳи зиндагии мардум дар ҳамаи соҳаҳо тараққиёт, пешравӣ ва навгониҳои азим ба назар мерасанд.

 Аз ҷумла, ба соҳаи хидмати коммуналӣ низ эътибор калон аст. Соли гузашта 39 трансформатори ҳудудҳои ноҳияи Чиноз аз таъмири пурра, ба масофаи 118 км. хати электри ҳавоӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Инчунин, аз 9 нимстансия, ки ноҳияро бо неруи барқ таъмин менамояд, яктоаш таҷдид ва 8-тоаш тармим гардид. 
Илова бар ин, аз тарафи корхонаи таъминоти электрикии ноҳия 7 дона трансформатори нав шинонда шуда, 18, 6 км. хати ҳавоӣ таъмир гардид. 
То соли 2020 дараҷаи таъмини аҳолӣ бо оби тоза 61,6 фоиз бошад, дар соли 2021 ин нишондод ба 68,7 фоиз афзуд. Соли гузашта дар 9 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия ба ивази 17 миллиарду 970 млн. сӯмина 47,7 км. хати оби тоза кашида шуд. Дар натиҷа 3 ҳазору 120 хонадон ва 15 ҳазору 238 нафар аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гардид.
Дар самти таъминоти газ низ корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Ба масофаи 58,9 км. лӯлаҳои гази зеризаминӣ бо кумаки асбобҳои махсус санҷида шуда, 64 км. лӯлаҳои газ ранг карда шуданд. Дар маҳаллаҳои Ёллама, Аҳиллик, Каттатеппалик, Сарбозор онҳо пурра таъмир гардида, ба баъзе маҳаллаҳо аз нав кашида шуданд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Суратгир: Р.ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: