ХИДМАТИ НОТАРИАЛӢ РАҚАМӢ КУНОНИДА МЕШАВАД

Дар байни мо касоне ёфт намешаванд, ки ба нотариус муроҷиат накарда бошанд.

Дар байни мо касоне ёфт намешаванд, ки ба нотариус муроҷиат накарда бошанд. Дар ин росто ҳолатҳое, ба мисли аз ҳад зиёд будани ҳуҷҷатҳое, бояд ҷамъ оварда шаванд, навбатпоиҳои дуру дароз, бо шиносбозӣ кори худро буд кардани «корчаллонон»  вомехӯрданд, ки сабаби асабвайроншавии мизоҷон мегашт.
Нишасти матбуотие, ки бо намояндагони Вазорати адлия ба вуқӯъ омад, ба ислоҳоти соҳаи нотариус бахшида шуд.
– Баъди ба имзо расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба ислоҳоти куллии низоми нотариат дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ҳолатҳои нохуше, ки дар ҷараёни хидматрасонии нотариалӣ ба чашм мерасиданд, кам шуданд, – гуфт ходими вазорат М. Ҳотамов. – Вақте фармони мазкур доир гардид, чунин натиҷаҳои мусбат рӯйи кор омаданд:
шумораи идораҳои нотариус ба 7,5 фоиз зиёд шуд, ки дар натиҷа қариб 3 ҳазор шаҳрванд бо кор таъмин шуданд; 
аз хароҷоти ҳифзу дастгирии идораҳои давлатии нотариалӣ беш аз 300 млрд. сӯм маблағи давлат сарфа карда шуд;
дар натиҷаи ташаккул ёфтани рақобат дар байни нотариусҳои хусусӣ сифати хидматрасонӣ ба мизоҷон беҳтар гардид;
муроҷиати ташкилот ва шаҳрвандон ба нотариус ба 40 фоиз кам гардид.
Бинобар таъкиди намояндагони вазорат аз ин пас хидматҳои нотариалӣ тариқи низоми «Нотариус» расонда мешавад. 
Баробари ҳамин сомонаи «e-notarius» созмон дода шуд, ки мизоҷон тариқи он метавонанд, ному насабашонро ба навбати электронӣ қайд намоянд, аз хидмати идораи нотариалӣ, ки барои худашон қулай аст, истифода баранд.
Дафтари қайди нотариус (реестр), ки дар ҷараёни кор душвориҳо эҷод мекард, рақамӣ кунонида шуд.
Баъди ба тасвиб расидани қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи нотариат» ба фаъолияти нотариусҳои хусусӣ рухсат дода шуд ва аз 1 майи соли 2020 нотариусҳои хусусӣ хидмати худро оғоз намуданд. Ҳоло дар мамлакатамон наздик ба 900 идораи нотариус хидмат нишон медиҳанд, ки 90 фоизи онҳоро нотариусҳои хусусӣ ташкил медиҳанд.
Ба суоли намояндагони ВАО оиди киҳо метавонанд нотариус шаванд ва агар нотариус дар ҷараёни кор ба қонуншиканӣ роҳ диҳад, нисбат ба ӯ чӣ гуна чораҳо андешида мешаванд, ҷавобан гуфта шуд, ки шаҳрванде, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ва таҷрибаи корӣ дораду синни 25-ро пур кардааст, метавонад соҳиби чунин касб шавад. Агар нотариус дар ҷараёни хидмат ба қонуншиканӣ  роҳ диҳад фаъолияти ӯ муваққатан боздошта мешавад ва агар чунин ҳолат такрор ёбад, тариқи суд фаъолияти ӯ билкулл қатъ карда мешавад.
– Баъди ба фаъолият оғоз намудани нотариусҳои хусусӣ хидмати онҳо беҳтар гардид, – гуфт раиси палатаҳои нотариалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Зоиров. – То соли 2015 ҳолатҳои азхудкунии амволи дигарон бештар ба назар мерасид, ки ҳоло пешгирӣ шудааст. Дар як сол тақрибан 3,8 млн. хидмати нотариалӣ нишон дода мешавад, ки қариб ҳамаи онҳо таҳти назорат гирифта шудаанд.

Н. НОДИРОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: