Чанде қабл ба дунболи коре аз хона берун рафтам.
Чанде қабл ба дунболи коре аз хона берун рафтам. Вақте баргашта дари дарвозаро боз намудам, дар вурудгоҳ чашмам ба ду ҷавонзани кулоҳи сафедпӯш афтод, ки бо бонуи хона гуфтугузор доштанд. Баъди ҳолпурсӣ яке аз онҳо изҳор дошт:
— Амак, хеле хуб шуд, ки шумо низ дар хона будаед, мо ҳамшираҳои поликлиникаи оилавӣ Д. Ҷалилова ва М. Қобилова ҳастем. Бино ба супориш омадем, то вазъи умумии тандурустии аъзои оилаатонро бисанҷем. Гуфтам:
— Ба чашм, хуш омадед.
Онҳо бо худ тарозуи руйифаршии кӯчаке низ доштанд. Яке қадду вазнам, дигаре фишори хунамро чен кард. Сипас, бино ба ҷадвале, ки доштанд, бо назардошти андозаи қаду вазн, хулоса карданд, ки 25 кг вазни зиёдатӣ дорам. Маслиҳат доданд, ки бо варзиш машғул шавам, бештар мева истеъмол намоям...
Бад-ин тариқ, ҳамшираҳои патронаж ҳар як узви оиларо муоина карданд. Аз кори онҳо хушам омад. Дар худ андешидам, ки ҳарчанд ба оҳистагӣ ва мушкилоти зиёд аст, ба рӯзгорамон зиндагии баҳаловат (комфорт) ворид мегардад.
Чӣ ҷойи пинҳон доштан, рӯзгоре дар паси ҳар «хидмат» чашми тамаъ ниҳон буд... Дар беморхона ва бунгоҳҳои тиббӣ, бо вуҷуди он, ки маошашон таъин буд, баъзе шифокорон ба мизоҷон ба чашми тамаъ менигаристанд... Фикр кардам, ки ҳамшираҳо, баъди муоина ба мо чашми тамаъ медӯзанд. Вале онҳо қаноатмандона хонаро тарк карданд.
Ин ҳангом Муроҷиатномаи роҳбари давлат ба Олий Маҷлис пеши назар омад, ки соли равонро «Соли дастгирии ҷавонон ва саломатии аҳолӣ» эълон карда буд. Дар Муроҷиатнома, аз ҷумла, оварда шудааст: «Барои он ки хидмати тиббӣ ба дараҷаи сифатан нав бардошта шавад, фаъолияти бригадаҳои тиббӣ, ки аз духтури оилавӣ ва 5 нафар ёвари ӯ — кормандони миёнаи тиббӣ иборатанд, ба роҳ монда хоҳад шуд».
Ҳамшираҳо аъзои бригадаи тиббии поликлиникаи оилавии рақами 32-юми ноҳияи Яшнободи пойтахт буданд, ки тибқи талаби замон дар моҳи аввали «Соли дастгирии ҷавонон ва саломатии аҳолӣ» ба кор бо нафаси тоза шурӯъ кардаанд.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».