ХИДМАТИ УМУМИҶАҲОНИИ «БИ-БИ-СИ» ДАР БОРАИ НАҚШ ВА МАҚОМИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ШОҲРОҲИ АБРЕШИМ ҲИКОЯ КАРД

Моҳи январи соли равон дар шабакаи Хидмати умумиҷаҳонии «Би-би-си» (BBCWorldService) рӯзҳои якшанбе филми мустанад дар бораи Шоҳроҳи абрешим, бахшида ба маданият, анъана ва маишати халқҳое, ки дар шафати ин хатсайри таърихии тиҷоратӣ зисту зиндагӣ мекунанд, намоиш дода мешавад.

Пеш аз ҳар як барномаи хабарӣ, яъне ҳар соат, аз экрани шабакаи телевизионӣ мусиқии классикии ӯзбекӣ, ки барои навори рекламавии филм интихоб шудааст, садо медиҳад.
Филми сеқисматаи ҳуҷҷатии «TheSilkRoad» аз ҷониби гурӯҳи эҷодии «Би-би-си» дар ҳамкорӣ бо ЮНВТО бардошта шуда буд. Суратгирӣ дар шаҳрҳои асосии тамоми хатсайр аз Чин то Шарқи Наздик, аз ҷумла нуқтаҳои таърихии аҳолинишини Ӯзбекистон баргузор шуданд. Муаллиф – муаррих ва барандаи телевизион Сэм Уиллис мебошад, ки беш аз 10 филми мустанадро барои ВВС ва NationalGeographis ба навор гирифтааст.
Филм дар бораи нақши муҳими Шоҳроҳи абрешим дар рушди робитаҳои тиҷоратӣ, илмӣ, маданӣ ва башардӯстии байни халқҳои Шарқ ва Ғарб нақл мекунад, ки дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштааст.
Қисми дуюми трилогия (12 январи соли равон ба эфир баромад), ба Осиёи Марказӣ бахшида шуд ва тавре ки муаллиф таъкид мекунад, «қисми аз ҳама машҳур, вале то ҳанӯз комилан тадқиқнашудаи Шоҳроҳи абрешим ба шумор меравад».
Мувофиқи зикри муаллифи филм минтақаи мазкур ҷойи кашфиётҳои бузурги илмӣ, ватани шахсиятҳои бузурги таърихӣ ба шумор меравад. Аз ҷумла, қайд карда мешавад, ки олимони машҳури Осиёи Марказӣ дар пешрафти илми ҷаҳонӣ саҳми бебаҳо гузоштаанд, онҳо ба эҳёи илм ва маданияти Ғарб низ таъсири мусбат расондаанд. Дар филм оид ба мероси ғановатманди илмии олими бузург Ал-Хоразмӣ, ки дар илмҳои математика, нуҷумшиносӣ, ҷуғрофия, таърих ва фанҳои дигар нақши бемисл гузоштааст, ҳикоя карда мешавад.
Ҳамчунин таъкид мегардад, ки сокинони минтақа, ки ба сифати тоҷирону соҳибкорони моҳир шинохта шудаанд, дар рушди Шоҳроҳи абрешим нақши асосӣ бозидаанд.
«Меъмориҳои беназире, ки аз ҷониби саркардаи бузург Амир Темур ва ворисони ӯ бунёд шудаанд, то ҳол бо ҳусну шаҳомати худ касро ба ҳайрат меоваранд»,– нақл мекунад муаллиф.
Дар ҳақиқат, наворҳои филм ба тамошобин тамоми бузургӣ ва назокати шаҳрҳои таърихии Ӯзбекистон – Самарқанд, Бухоро, Хиваро кушода медиҳанд. Хулоса, муаллиф тавонистааст аҳамияти хоссаи сарзамини Ӯзбекистонро, ки имрӯз низ пули байни Шарқ ва Ғарб боқӣ монда, бо манзараҳои беназири шарқӣ ва рушди муттасили кунунӣ ҷолиб мебошад, нишон диҳад.

ОИ «Дунё»,
шаҳри ЛОНДОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: