ХИДМАТИ ЗАМОНАВИИ БОНК

Дар чаҳорчӯбаи иҷрои қарори Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба рушди оммавикунонии хидматҳои бонк» аз 23 марти соли 2018 дар ҷойҳо ба аҳолӣ хидматҳои босифати бонк расонда мешаванд. Доири ҳамин мавзӯъ дар Маркази матбуоти миллӣ чорабинӣ ба амал омад.

Назар ба гуфти ҷонишини раиси саридораи бонки халқӣ  М. Эшниёзов бо мақсади таъмини иҷрои қарори мазкур дар филиалҳои бонк «Маркази хидматҳои яклухт» ташкил карда мешаванд, ки бо воситаи он ба мизоҷ хидмати замонавии бонк расонда мешавад. Аввало ходимони маркази мазкур бо мизоҷ ширинсухан, муносибати хуб нишон дода, ба ҳар як саволи ӯ бояд ҷавоби муносиб дода тавонанд. Инчунин, бо кӯмаки мобилии «халқ мобайл» гузоштани маблағи амонатӣ, пардохти кредит ва бо амалиёти «он-лайн» харидани асъори хориҷӣ ҷорӣ карда шуд. Дар ҳамаи филиалҳои бонк механизми аз карточкаҳои  пардохти  байналхалқӣ гирифтани асъори нақди хориҷӣ пурра ҷорӣ карда шуд. 
Аз ҷумла, дар филиалҳои бонк ҷамъ 234 терминалҳои асъор устувор карда шуд. Ба назар гирифта шудааст, ки то моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ҷойҳо 204 дона банкомат устувор намоянд, аз онҳо 16-тояш шохобчаи мубодилаи асъори хориҷӣ ба шумор меравад ва 24 соат кор мекунад. Чунин банкоматҳо дар ҷойҳое, ки сайёҳон бисёртар ташриф меоваранд, устувор карда мешаванд.
Мувофиқи маълумоти роҳбари департаменти хидматҳои яклухти бонк С. Бӯстонов, барои ба аҳолӣ расонда додани хидмати замонавӣ, албатта, таҷрибаи бонкҳои пешқадами давлатҳои хориҷиро омӯхтан зарур аст. Алҳол, бонки халқӣ бо бонкҳои Туркия, Русия, Хитой ҳамкорӣ дорад.
Иштирокдорони чорабинӣ ба хулоса омаданд, ки акнун мизоҷ ба оворагӣ дучор намеояд, тамоми маълумотро аз як ҷо мегирад ва дар як нуқта корашро ба сомон мерасонад. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: