ХИДМАТРАСОНИИ ДАВЛАТӢ ТАКМИЛ МЕЁБАД

  • ХИДМАТРАСОНИИ ДАВЛАТӢ ТАКМИЛ МЕЁБАД
  • ХИДМАТРАСОНИИ ДАВЛАТӢ ТАКМИЛ МЕЁБАД

Тавассути марказҳои хидматрасонии давлатии вилояти Бухоро дар давраи гузаштаи соли равон дар гӯшаҳои дурдасти вилоят бо истифода аз усулҳои шаффоф қариб ба 60 ҳазор аҳолӣ хидмати сайёри давлатӣ расонда шуд.

Дар марказҳои хидматрасонии давлатӣ барои аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ, хоссатан, шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуду маълӯл, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар маркази хидматҳои давлатии шаҳри Бухоро ба шахсони аз хидмати давлатӣ норозӣ ва шароити зиндагониашон вазнин аз ҷониби равоншиносон кумаки рӯҳӣ расонда мешавад.
Ҳамчунин, дар марказ ба шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва маълӯлон ҳангоми расондани хидмати давлатӣ чораҳои ба вуҷуд овардани муҳити инклюзив андешида шудаанд. Шахсони гаронгӯш ва гунг аз хидмати сурдотарҷума истифода мебаранд.
Ба ҷуз ин, дар марказҳои хидматрасонии давлатӣ барои истифодабарии аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ аз хидмати давлатии электронӣ гӯшаҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти техникӣ  фаъолият доранд.
Дар марказҳои дахлдори хидматҳои давлатӣ, бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои аҳолӣ, аз қабили нав кардани гувоҳномаҳои куҳнаи ронандагӣ, ба қайд гирифтани шиносномаи биометрии ба хориҷбароӣ, картаи индентификатсионӣ — ID ва супоридани онҳо барин хидматҳо расонда мешавад.
Муҳимтаринаш он аст, ки ҷараёни сохтори мобилии ID индентификатсикунонии шахсони ҷисмонӣ идома дорад. Истифодабарандагони ин сохтор (Мобил — ID) метавонанд бе имзои рақамии электронӣ корҳои худро анҷом диҳанд.

Зариф КОМИЛОВ,
мухбири ӮзА.

Дар акс: рафти хидматрасонии давлатӣ дар вилояти Бухоро.
Аксбардор: Тоҳир ИСТАДОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: