Масъалаҳои таҳти ғамхории давлат ҳифз кардани саломатии аҳолӣ, ба мардум пешкаш намудани хидматрасонии дастрасу қулайи тиббӣ, истифодабарӣ аз усулу технологияи замонавӣ, таъмин сохтани самаранокии корҳои муолиҷаву фароҳам овардани шароити дилхоҳ ба дараҷаи намунавӣ ҳаллу фасл мегарданд.
Суҳбати мо бо ҷонишини сардори иттиҳодияи тиббии ноҳияи Шофиркон оид ба масъалаҳои хидматрасонии амбулаторию поликлиникавӣ, мудири поликлиникаи марказии бисёрсоҳаи ноҳия Азиз НОСИРОВ дар атрофи ҳамин масъалаҳо сурат гирифт.
– Азиз Салимович, дар бораи вазъияти имрӯзаи хидматрасонии амбулаторию поликлиникавии ноҳия ба аҳолӣ чанд сухан мегуфтед.
– Имрӯз дар ноҳия як поликлиникаи бисёрсоҳаи марказӣ, ҳашт поликлиникаи оилавии деҳот, ёздаҳ бунгоҳи тиббии деҳот, ҷамъ бист муассисаи тиббӣ ба аҳолӣ хидмат мерасонанд. Туфайли ғамхориҳои давлат ва ислоҳоти пайдарпай дар ҳашт поликлиникаи оилавии деҳот ҳашт шуъбаи «Ёрии таъҷилӣ» созмон ёфт, дар онҳо рӯзҳои қабули духтурони гуногун: ҷарроҳ, акушер-гинеколог, УЗИ ва ғайра ба роҳ монда шуданд. Таъминоти дорую дармон ба дараҷаи баланд расид. Дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ навбатдории шабонарӯзӣ (24 соат) ташкил гардид. Ба маркази ноҳия омадану навбатпоии беморон хеле коҳиш ёфт.
Бинои поликлиникаи марказии бисёршабакавии ноҳия ба талаби замон ҷавобгӯ набуд. Моҳи декабри соли гузашта мо соҳиби бинои дуошёнаи нави замонавии дорои имкониятҳои васеъ гардидем. Дар ин бино, ки 250 нафар беморро қабул карда метавонад, панҷ хидмати амалиёти умумӣ, шаст хидмати корҳои маҳдуд ба роҳ монда шуданд. Поликлиникаи марказӣ дорои 251 нафар ходим, аз ҷумла 71 нафар духтурони маълумоти олидор, 140 нафар ҳамшираи шафқат, 140 нафар корманди хурди тиббӣ мебошад. Таҷҳизоти муолиҷавии замонавӣ ба самаранокии хидматҳо мусоидат мекунанд.
– Биноҳои поликлиникаҳои оилавии деҳот, ки дар минтақаҳо мавҷуданд, оё ҷавобгӯйи замонанд?
– На ҳамаи онҳо ба талаб ҷавоб медиҳанд, вале бояд гуфт, ки ҳар сол ду ё сетои онҳо таъмир карда мешаванд. Аз ҷумла бинои поликлиникаҳои оилавии деҳаҳои Деҳнав, Чандир, Искогаре аз таъмири асосӣ баромаданд. Ин ҷараён дар поликлиникаи оилавии рақами 48-уми Шибирғон идома дорад.
– Мардум оё аз фаъолияти поликлиникаҳои оилавии деҳот розианд?
– Розианд, вале на дар ҳама ҷо.
– Чаро?
– Мутаассифона, масъалае, ки соли 2016, ҳангоми муайян кардани ҷойи поликлиникаи оилавии деҳот байни деҳаҳои Дӯрман ва Шибирғон ба миён омада буд, то ҳол ҳаллу фасл нашудааст. Гап дар сари он аст, ки Дӯрман 5200 нафар аҳолӣ дораду Шибирғон 2800. Мақсад аз муайян кардани ҷойи поликлиникаҳои оилавӣ ин фароҳам овардани шароити қулай ба аҳолӣ аст. Бинобар ин поликлиникаи оилавиро на дар деҳаи Шибирғон, балки дар деҳаи Дӯрман ташкил кардан мувофиқи мақсад буд. Дар натиҷа барои аҳолии Дӯрман бобати гирифтани хидмати тиббӣ душворӣ (дурии роҳ) пеш омаду арзу шикояти онҳо ҳамоно идома дорад.
– Тибби ноҳия ҳоло боз чӣ гуна мушкилот дорад?
– Дар мо кадрҳои соҳавӣ, духтурони амалиёти умумӣ намерасанд. Масалан, агар барои 2000 нафар аҳолӣ ҷойи кори духтурон 1,5 меъёр (ставка) муайян шуда бошад, имрӯз дар Деҳнав, ки 16 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, ҳамагӣ се нафар духтурони амалиёти умумӣ кор мекунанд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.