ХИДМАТРАСОНӢ БЕҲТАР ГАРДИД

  • ХИДМАТРАСОНӢ БЕҲТАР ГАРДИД
  • ХИДМАТРАСОНӢ БЕҲТАР ГАРДИД

Дар ноҳияи Ҷалақудуқи вилояти Андиҷон маркази нави хидматрасонии давлатӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Бинои нави марказ  дар асоси меъёри шаҳрсозӣ барпо гардида, барои ходимон ва мизоҷон шароити мусоид муҳайё гардидааст. Ин ҷо сохтори навбатгирии электронӣ, киоски маълумотгирӣ, гӯшаи электронии худхидматрасонӣ, хонаҳои инвесторон, нуқтаи пешниҳоди картаи ID ва шиносномаи биометрӣ,  шуъбаи бонк ҷойгир шудааст.
Дар марказ ба мақсади маълумотгирии шаҳрвандон оиди имкониятҳо ва фоидабарӣ аз хидматҳои давлатӣ овезаҳо ва плакатҳо овехта шудаанд.
Ба ғайр аз ин, аз хидматҳои давлатӣ ба  таври  экстериториалӣ, яъне сарфи назар аз манзили дар рӯихат истода, истифода бурдан мумкин.
Марказ имкони аз 190 намуди хидмат истифода бурданро муҳайё намудааст. Дар мониторҳое, ки дар зали интизорӣ насб шудаанд, оиди навгониҳои хидматрасонӣ роликҳое нишон  дода мешаванд, ки  ба болоравии сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ хидмат мекунанд.
Дар ин бинои нав вуҷуд доштани шуъбаи адлия, маркази хидматрасонии ҳуқуқӣ ва шуъбаи қайди навиштани далолатномаҳои ҳолати шаҳрвандӣ ба аҳолӣ қулаиҳо фароҳам меорад.
Дар суратҳо: дар маркази хидматрасонии давлатии ноҳияи Ҷалақудуқи вилояти Андиҷон.
Суратгир: 
З. УМУРЗОҚОВ (ӮзА). 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: