Дар Маркази матбуоти миллӣ Бунёди нафақаи ғайрибуҷавии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба навгониҳо ва ҷорӣ намудани хидматҳои интерактив дар соҳа нишасти матбуотӣ баргузор намуд.
Дар чорабинӣ мутахассисон таъкид намуданд, ки яке аз хидматҳои тезкор ва рушдёфтаи ин соҳа маҷмӯи барномаи электронии «Пенсия» мебошад. Барномаи мазкур пойгоҳи ягонаест, ки дар он маълумотҳо дар бораи беш аз 3,5 миллион нафар нафақагир ҷойгир карда шудаанд. Ҷорӣ гардидани технологияҳои информатсионӣ ба соҳа аввало ба таъмини шаффофият хидмат мекунад, сониян ба оворагии нафақагирон нуқта мегузорад. Маълумотҳо дар бораи нафақа танҳо дар шакли электронӣ амалӣ мегардад. Маблағҳои
нафақа ва нафақагирон тавассути картаҳои пластикӣ ба ҳисобрақами онҳо ба тарзи электронӣ пурра гузашта, пардохти маблағ то санаи 2-5-уми ҳар моҳ ба роҳ монда мешавад. Тавассути хидмати «SMS-pensiya» шаҳрвандон метавонанд аз миқдори нафақа, аз бонки халқӣ ба картаҳои пластикӣ гузаштани маблағ, навгониҳои соҳа, қарорҳои Президент ва дигар маълумотҳо хабардор шаванд. Алҳол 54 фоизи нафақагирон (зиёда аз 1,9 миллион нафар) аз ин хидмат истифода мебаранд.
Пеш нафақагироне, ки кор мекарданд, талабнома ва ҳисоботро дар шакли коғаз ба шуъбаҳои фонди нафақа месупурданд. Им-рӯз ин ҳисоботҳо кӯтоҳ карда шуда, талабнома аз масофа (хона ё ҷойи кор) тақдим карда мешавад.
Бо ҳамкории Вазорати адлия таъҷилӣ таъин намудани нафақаи кӯдаки навзод ва маросимҳои дафн, инчунин мақсаднок истифода бурдани маблағи аз фонд ва буҷети давлатӣ ҷудошуда таъмин карда мешавад. Гуфтан ҷоиз аст, ки маҷмӯи барномаи электронии «Пенсия» дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ягона ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки аз 1 июни соли 2018 оид ба таъминоти нафақа 4-то хидмат дар марказҳои хидмати давлатии 14 шаҳр ва ноҳия ба тариқи санҷиш ба роҳ монда шуда буд. Яъне, корафтода пештар аз хонаи ақди никоҳ маълумотнома гирифта, пас ба фонди нафақа муроҷиат мекард. Ҳоло ҳам гувоҳномаи таваллуд ва ҳам ариза барои гирифтани нафақа дар як ҷо амалӣ мегардад. Доир ба нафақаи дафн низ чунин низом ба роҳ монда шудааст.
Ба ҷуз ин, агар маълумотномаи архив доир ба ҳаққи меҳнат набошад, имкони гирифтани миқдори ҳаққи меҳнат, аз соли 2005 ва баъд, дар асоси бадалҳое, ки дар низоми нафақа фароҳам меоянд, пайдо мешавад. Оянда аз онҳое, ки аз соли 2005 фаъолияти кориашонро сар кардаанд, ҳеч гуна ҳуҷҷат талаб карда намешавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба нафақа ва нафақагир картаи пластикии махсус дода мешавад ва он ҳангоми гирифтани нафақа чун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахс ба ҳисоб меравад, аз имтиёзҳои истифода аз метрополитен, хариди чиптаҳои авиатсия ва роҳи оҳан низ бархурдор мегардад.
Бале, акнун замони на одамон, балки тавре ки дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба ҳукми анъана даромадааст, ҳуҷҷатҳо гардиш мекунанд. Ин хуб аст, ба давуғеҷи зиёд, асабвайронкунӣ ва тамаъкориҳо хотима дода мешавад.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».