Камтар аз чиҳил сол аст, ки қалам бар даст асту аз минбарҳои гуногун бобати нишебу фарози ҷомеа, худогоҳӣ ва таърихи миллат, соҳаи илму ирфон, фарҳанги волои он мегӯяду менависад.
Собиқаи кории пурарзишеро бар дӯш дорад. Садҳо омӯзгорон ва бештар аз он донишомӯзонро дарси ҳикмату маҳорат гуфтааст. Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон ва солҳои дароз узви Шӯрои илмию услубии Маркази таълими ҷумҳурӣ, собиқ аъзои раёсати Маркази миллии мадании тоҷикони ҷумҳурист. Иштирокдори дукаратаи Анҷумани тоҷикони ҷаҳон ва 1400-солагии Борбади Марвазӣ дар Душанбешаҳр, конфронсҳои байналмилалии гуногунмавзӯъ дар Ӯзбекистону Тоҷикистон, муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ, услубӣ ва оммавӣ, ки дар матбуоти кишвар ва берун аз он рӯи чопро дидаанд, муҳарриру муқарризи даҳҳо китобҳои дарсӣ, муаллифи нахустин барномаҳои забони тоҷикӣ-форсӣ пас аз ба истиқлол расидани Ӯзбекистон ва китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи 7-и макотиби ҷумҳурӣ, чанд монография ва китобҳои дигар аст.
Фарзанди арзандаи волидайн, модари меҳрубону бибии ҷонфизост.
Ин инсони некӯхислат Амина Шарофиддинова аст, ки хизматҳояш аз чашми дӯстону масъулини некназар ва хайрандеш дур намонд.
Дар Рӯзи ҷаҳонии китоб ба узвияти Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон пазируфта шудани ӯ фолест нек ва рамзӣ, ки маҳз вай аз тараннумгару тарғибгари ашаддии мӯъҷизаест бо номи Китоб, ба хусус, китобҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон. Ҷоиз ба таъкид аст, ки соли 2016 дар чаҳор шумораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» мақолаи пурмӯҳтавояш бо номи «Ҳақиқате чанд оиди китоб» чоп шуда буд.
Ин ҷо муште аз хизматҳои бузурги ӯро, ки дар очерки «Сано бодо ба занҳое, ки марданд!», омадааст, ном бурдем.
Ба муаллимаи азиз ин қадршиносии баландро муборак мегӯем ва сиҳатмандӣ, пешрафти фаъолияти илмию фарҳангӣ ва саодати зиндагиро таманно дорем.
Воқеан, Амина Шарофиддинова муаллифи фаъоли рӯзномаи «Овози тоҷик» аст. То имрӯз бисёр мақолаву рисолаҳои илмӣ-амалии ӯ рӯи чопро дидаанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.